Рӯзи сешанбе дар саросари Иёлоти Муттаҳида нуқтаҳои раъйдиҳӣ дарҳои худро ба рӯи овоздиҳандагон боз карданд.
Шаҳрвандони Амрико бояд мушаххас кунанд, ки оё президенти амалкунанда Барак Обама барои мӯҳлати навбатии чорсола дар қудрат хоҳад монд ва ё ин курсии баландтаринро дар ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба рақибаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ медиҳад. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ дар аёлати шарқии Ню-Ҳемпшир, Вирҷиния, Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ, Коннектикут, Индиана, Кентаккӣ, Мейн ва Вармонт боз шуданд. Рӯзи душанбе, 5-уми ноябр, дар охирин рӯзи таблиғоти интихоботӣ президент Барак Обама ба раъйдиҳандагон дар шаҳри Де Мойни Айова ваъда дод, ки кишварро барои рушду пешрафт ҳидоят хоҳад кард.
Дар Колумбуси Оҳайо Ромнӣ мардумро даъват кард, ки барои тағйирот овоз диҳанд.
Натиҷаҳои назархоҳӣ ҳокӣ аз он аст, ки мизони маҳбубияти ҳарду номзад тақрибан ба ҳам баробар аст. Барои номзадҳо бурдани 270 раъй кофист, ки барандаи интихобот эълон шаванд. Шумори раъйдиҳандагон мутобиқи ҷамъияти ҳар як аёлат муқаррар мешавад. Аз рӯи таҳлили марказҳои назарсанҷӣ, Обама бо дарсади хеле андак пешгоми сабқат аст. Тасмими ҳалкунандаро раъйи иёлоти Флорида, Оҳайо, Вирҷиниа, Колорадо, Невада, Айова ва Ню Ҳемпшир хоҳанд гирифт.
Мизони маҳбубияти номзадҳо дар иёлоти Мичиган, Пенсилвания ва Ню Мексико ҳам ба ҳам хеле наздик аст. Вале рӯзҳои охири пешазинтихоботӣ нишон дод, ки маъруфияти Обама дар ин манотиқ нисбатан баландтар аст. Ромнӣ бо дарсади андак дар иёлоти Каролинаи Шимолӣ ва Аризона пешгом аст.
Стивен Робертс, профессори донишгоҳи Вашингтон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи аҳамияти чанд аёлати калидӣ чунин гуфт:
Назархоҳиҳо мегӯянд, ки Ромнӣ танҳо як дафъа, дар ҷараёни мунозираи аввалини телевизиониаш бо Обама дастболо шуд. Вале Робертс мегӯяд, ки рӯзҳои охирини пешазинтихоботӣ дар асл ҳалкунанда шуданд, ва шеваи муқобилаи мақомот бо тӯфони Сендӣ ва ҳам натиҷаҳои хушҳолкунандаи иқтисоди Амрико ба ин сабаб шуд.
Рӯзи 6 ноябр ҳамчунин интихоботи аъзои сентату конгресс барпо мешавад.
Яке аз раъйдиҳандагони имрӯза муовини президенти Амрико Ҷо Байден буд, ки дар маҳалли зисташ аёлати Делавар овоз дод.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
- Вақте мо ба қароре расидем, ки тағйироте ҷорӣ кунем ва агар ҳамаи амрикоиҳо муттаҳид шаванд, ҳеҷ касе пеши роҳи моро гирифта наметавонад. Баъди он ки ҳамаи мо аз ин роҳ гузаштем, вақте мо якҷоя мубориза бурдем, мо аз тағйирот даст намекашем, - гуфт Обама.
Дар Колумбуси Оҳайо Ромнӣ мардумро даъват кард, ки барои тағйирот овоз диҳанд.
- Дари ояндаи дурахшон ин ҷо аст ва ин дар боз аст. Он мунтазири мост. Ман ба кори шумо, кӯмаки шумо ва раъйи шумо ниёз дорам. Маро ҳамроҳӣ кунед. Ҳамроҳ меравем. Фардоро ба як фардои нав табдил медиҳем, - гуфт ӯ.
Натиҷаҳои назархоҳӣ ҳокӣ аз он аст, ки мизони маҳбубияти ҳарду номзад тақрибан ба ҳам баробар аст. Барои номзадҳо бурдани 270 раъй кофист, ки барандаи интихобот эълон шаванд. Шумори раъйдиҳандагон мутобиқи ҷамъияти ҳар як аёлат муқаррар мешавад. Аз рӯи таҳлили марказҳои назарсанҷӣ, Обама бо дарсади хеле андак пешгоми сабқат аст. Тасмими ҳалкунандаро раъйи иёлоти Флорида, Оҳайо, Вирҷиниа, Колорадо, Невада, Айова ва Ню Ҳемпшир хоҳанд гирифт.
Мизони маҳбубияти номзадҳо дар иёлоти Мичиган, Пенсилвания ва Ню Мексико ҳам ба ҳам хеле наздик аст. Вале рӯзҳои охири пешазинтихоботӣ нишон дод, ки маъруфияти Обама дар ин манотиқ нисбатан баландтар аст. Ромнӣ бо дарсади андак дар иёлоти Каролинаи Шимолӣ ва Аризона пешгом аст.
Стивен Робертс, профессори донишгоҳи Вашингтон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи аҳамияти чанд аёлати калидӣ чунин гуфт:
- Дар асл натиҷаи рақобатро нишондодҳои ҳафт ё ҳашт аёлат таъйин хоҳанд кард. Ин иёлот маъмулан дар маркази сиёсатҳои дарозмуддати Амрико қарор доранд, яъне Оҳайо, Вирҷиниа, Колорадо ва чанд аёлати дигар. Обама дар ин иёлот бартарӣ дорад. Аввалан аз назари демография, ба он хотир, ки мардуми испанинажод дар ин иёлот, бахусус дар Колорадо ва Невада аксарият мебошанд. Масъалаи дигар иқтисод аст, ки вазъаш беҳтар мешавад. Масалан дар Оҳайо ҳамоно коргарони зиёди саноати мошинсозӣ ба сар мебаранд, ки ба шарофати сиёсати Обама соҳиби кор ҳастанд.
Назархоҳиҳо мегӯянд, ки Ромнӣ танҳо як дафъа, дар ҷараёни мунозираи аввалини телевизиониаш бо Обама дастболо шуд. Вале Робертс мегӯяд, ки рӯзҳои охирини пешазинтихоботӣ дар асл ҳалкунанда шуданд, ва шеваи муқобилаи мақомот бо тӯфони Сендӣ ва ҳам натиҷаҳои хушҳолкунандаи иқтисоди Амрико ба ин сабаб шуд.
- Обама ду бартарӣ дорад. Якеаш ин ки тавонистааст 170 ҳазор ҷои нави корӣ эҷод карда паёмадҳои тӯфонро коҳиш диҳад. Обама нишон дод, ки як фармондеҳи воқеӣ аст ва ҳатто волиҳои баъзе иёлот, ки аз ҳизби ҷумҳурихоҳ буданд, аз ӯ ситоиш карданд.
Рӯзи 6 ноябр ҳамчунин интихоботи аъзои сентату конгресс барпо мешавад.
Яке аз раъйдиҳандагони имрӯза муовини президенти Амрико Ҷо Байден буд, ки дар маҳалли зисташ аёлати Делавар овоз дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!