ИМА тарафдори тақвияти ҳамкориҳои низомӣ бо Осиёи Марказист

Кӯмакҳои техникии Амрико ба низомиёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Мақомдорони вазорати умури хориҷии Амрико ба афзоиши мизони кӯмакҳо ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон даъват мекунанд. Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, рӯзи 9 июн дар нишасти Кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико ба афзоиши мизони кӯмакҳо даъват кард.

Даниэл Розенблюм гуфт, ки ИМА дар Осиёи Марказӣ ду ҳадафи дарозмуддати амнияти миллиро пайгирӣ мекунад – яке пуштибонии суннатии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дар бунёди давлатҳои қавии мустақил ва озод аз мудохилаи беруна, ва дигаре таъмини суботи давлатҳои мустақил дар ин минтақа. Ӯ таъкид кард, ки ИМА бояд аз хушунатҳо ва пайдоиши замина барои табдили ин қаламравҳо ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ кунад.

Айни замон, оқои Розенблюм пешниҳод кард, ки мизони кӯмакҳои Департаменти давлатӣ барои соли 2017 дар ин минтақа афзоиш ёбад. Аз ҷумла, барои Қирғизистон 51,8 миллион доллар (39 % бештар), барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар (44 дар сад бештар назар ба соли гузашта), 11,6 миллион доллар барои Ӯзбакистон (9 % бештар), барои Қазоқистон – 8,8 миллион доллар (5 % бештар) ва барои Туркманистон 4,8 миллион доллар (43 % бештар) пешниҳод шудааст.

Аз рӯи ин пешниҳод ба назар мерасад, ки кӯмакҳои бештар ба ду ҷумҳурӣ – Қирғизистон ва Тоҷикистон ироа мешавад. Дар Қирғизистон, ба гуфтаи оқои Розенблюм, ин кӯмакҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳукуматдории беҳтар, пуштибонӣ аз сохторҳои демократӣ ва дигар барномаҳо равона хоҳанд шуд.

Дар Тоҷикистон, ки иқтисодаш аз даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия шадидан вобаста аст, соли 2014 интиқоли маблағҳо 43 дарсад коҳиш ёфтааст. Бозгашти мавҷи муҳоҷирон, ба қавли мақомдори амрикоӣ, боиси эҷоди “ҳассосияти иқтисодиву иҷтимоӣ мешавад”.

Оқои Розенблюм гуфт, ки бо ироаи беш аз 41 миллион доллар ба ҳукумат ва бахши хусусӣ барои коҳиши эҳтиёҷ дар бахшҳо мисли таъмини ғизо, маориф ва тиб кӯмак мекунад. Ба эътиқоди ӯ, ёрии молӣ барои тақвияти сохторҳои ҳукуматӣ, шаффофияти кори онҳо, суботи ҷомеъа ва вокуниш ба бӯҳронҳо хизмат мекунад.

Роземблюм ҳамчунин гуфтааст, ки пуштибонии молӣ ба пешрафти бизнесу тиҷорат ва бозоргир шудани касбу кори сокинони маҳаллӣ мусоидат мекунад. Ин кӯмакҳо инчунин барои боло бурдани сатҳи омодагии касбии низомиёни тоҷик дар амри мубориза бо таҳдидҳои экстремистӣ хизмат мекунад.

“Тоҷикистони ҳаммарз бо Афғонистон ба як шарики муҳиме табдил мешавад, ки ба таври мустақилона зидди таҳдидҳои мисли қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва ҷангиёни хориҷӣ мубориза мебарад”, гуфт Даниэл Розенблюм. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки суботи кишвар ба фаъолияти як ҳукумати бозу шаффоф бастагӣ дорад, ки тавонад ҳуққу озодиҳои шаҳрвандонро на маҳдуд, балки ҳимоя кунад.

Таҳлилгари масоили низомӣ Ҷошуа Кучера мегӯяд, ки аз суханронии имсолаи муовини ёвари котиби давлатии ИМА ин нукта эҳсос мешавад, ки ИМА дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бештар ба масоили амниятӣ тамаркуз мекунад, на ҳуқуқи башар ва демократия.

Кучера дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт: “Ман, ки суханронии ӯро бо сӯҳбатҳои соли гузаштааш муқоиса мекардам, ба ин нукта аҳамият додам, ки ӯ дар оғози суханрониаш ба сиёсати риояи ҳуқуқи инсон ва демократия таъкид накард. Сабаби ин тағйиротро аз Департаменти давлатӣ бояд пурсид. Тахмини ман ин аст, ки ИМА давоми 25 соли охир талош кард ба пешбурди демократия ва ҳуқуқи инсон пофишорӣ кунад, вале натиҷаҳои дилхоҳро ба даст наовард."

Ба эътиқоди ин таҳлилгар, "дар бахши Қирғизистон, ки ба пешрафтҳои муайяне дар ин самт ноил шудааст, идомаи тағйироти демократӣ таъкид мешавад. Дар сиёсати ИМА ҳоло кадом манфиати аввалиндараҷае дар Осиёи Марказӣ матраҳ нест. Ҳадафи аслӣ Русия ва мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ" аст. Агар ба манфиатҳои ИМА дар Тоҷикистон назар андозем, мебинем, ки ба ин масъала дар маҷмӯъ аз чаҳорчӯби минтақаи мавриди нуфузи Русия ва ҳам эҳтимоли бурузи таҳдидҳои тундгароии исломӣ муносибат мешавад. Зарурати ироаи кӯмакҳоро ҳам аз ҳамин дидгоҳ баррасӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол, дар Вашингтон чунин андешаҳо вуҷуд дорад”.

Таҳлилгар Кучера мегӯяд, ки дар Вашингтон бисёриҳо ба ин боваранд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар кардани вазъи демократӣ ва ё ҳуқуқи башараш майл надорад. Вале Вашингтон ба ҳамкорӣ бо ҳукумат манфиатдор аст. Яке аз омилҳо -- Афғонистон аст, ки вазъи амниятиаш беҳтар намешавад. Ӯ гуфт, бархе ба ин андешаанд, ки “Тоҷикистон чандон кишвари хатарнок нест, ҳарчанд мавзеъгирии ҳукуматаш дар нисбати ифротгароӣ дар муқоиса бо таҳдидҳои худи ифротгароҳо мавриди суол аст”.

Созмону фаъолони ҳуқуқи башар дар заминаи маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва саркӯб шудани мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳукуматҳои Аврупо ва ИМА даъват кардаанд, ки барои фишор болои Душанбе иқдом кунанд.