Раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, аз оғози соли 2015 шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба 9800 тан коҳиш меёбад ва то поёни соли 2016 низ бештари ин нерӯҳо аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, Барак Обама рӯзи сешанбеи 27 май дар Кохи Сафед дар Вошингтон эълон кард, ки шумораи нерӯҳои амрикоӣ мавҷуд дар Афғонистон аз оғози соли 2015 аз 32 ҳазор ба 9800 тан коҳиш хоҳад ёфт. Ӯ афзуд, ин нерӯҳо танҳо барои таълим додани нерӯҳои афғон ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон мемонанд ва дар амалиёти низомӣ ширкат нахоҳанд кард.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, дар соли 2015 теъдоди ин нерӯҳо аз 9800 сарбоз ба тадриҷ коҳиш хоҳад ёфт ва нерӯҳои боқимонда низ аксаран то поёни соли 2016 Афғонистонро тарк хоҳанд кард ва дар ниҳоят танҳо камтар аз 1000 сарбоз дар дафтари амниятӣ дар Кобул боқӣ хоҳад монд. Нерӯҳои амрикоӣ ҳудуди як моҳ пас аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 вориди хоки Афғонистон шуда буданд.
Барак Обама рӯзи сешанбе зимни изҳори ин, ки "поёни ҷанг аз оғоз кардани он душвортар аст", гуфт, "ҳузури мо дар Афғонистон беш аз интизори бисёре аз амрикоиҳо тӯл кашид...акнун ба коре, ки дар Афғонистон оғоз кардем, поён медиҳем."
Бо ин ҳол, оқои Обама таъкид кард, ки барномаҳояш барои коҳиши нерӯҳо дар Афғонистон вобаста ба мувофиқати Кобул ба мувофиқатномаи амниятӣ бо Афғонистон аст. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон то кунун аз имзои созишномаи амниятӣ бо Амрико худдорӣ кардааст, аммо ҳар ду номзади кунунӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтаанд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 14 июн, ин созишномаро имзо хоҳанд кард.
Тасмими давлати Амрико барои коҳиши нерӯ дар Афғонистон ба камтар аз 10 ҳазор нафар аз оғози соли 2015, бар асоси тақозои фармондеҳи артиши Амрико дар Афғонистон сурат гирифтааст. Дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ, маъмурияти ҷангии Амрико дар Афғонистон то ба поён расидани давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обама дар январи соли 2017, ба анҷом хоҳад расид.