Мулоқоти таърихии Доналд Трамп ва Ким Чен Ун, раҳбарони Амрико ва Кореяи шимолӣ дар Сингапур, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқбол шуд.
Юкиа Амано, мудири кулли Оҷони байналмилалии энержии атомӣ чанд соат пас аз мулоқоти Трамп ва Ким Чен Ун эълом кард, ки ин оҷонсӣ омодаи озмоишҳо дар мавриди Кореяи шимолӣ аст.
Оқои Амано рӯзи сешанбе аз нишасти раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбари Кореяи шимолӣ дар Сингапур истиқбол кард. Раиси Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар идома гуфтааст, ки ин ниҳод "музокирот миёни ду кишварро, ки барои иҷрои натиҷаҳои нишасти Сингапур сурат мегирад, аз наздик пайгирӣ хоҳад кард."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар вокуниш ба мулоқоти Доналд Трамп ва Ким Чен Ун, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ин нишастро гоме "созанда" донист ва гуфт, "ҳамин, ки ин мулоқот баргузор шуд, албатта созанда аст". Вазорати умури хориҷии Русия низ бо судури баёнияе, "оддисозии робитаҳои Пхенян ва Вашингтонро бахше аз ҳаллу фасли ниҳоии масъалаи нимҷазираи Корея ва аз аз ҷумла масъалаи ҳастаӣ", арзёбӣ кард.
Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон низ бо хурсандӣ аз нишасти Доналд Трамп ва Ким Чен Ун изҳор дошт, Токио бо Амрико, Кореяи ҷанубӣ, Чин ва Русия барои ҳаллу фасли барномаи мушакӣ ва атомии Кореяи шимолӣ, аз наздик ҳамкорӣ хоҳад кард.
Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ нишасти Сингапурро "гоме муҳим ва зарурӣ" дар беҳбуди муносибатҳои ду Корея ва ғайри атомӣ шудани нимҷазираи Корея аст. Федерика Могерини дар айни ҳол таъкид кард, ҳадафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон "ғайриҳастаӣ шудани комил ва баргаштнопазир"-и нимҷазираи Корея аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин низ бо ёддоварии қатъномаи Шӯрои амният изҳор дошт, ки дар сурати тағйири равияи Кореяи шимолӣ, имкони таҷдиди назар, ислоҳ ва лағви таҳримҳои Кореяи шимолӣ, вуҷуд дорад. Чин бузургтарин шарики тиҷоратӣ-сиёсии Кореяи шимолӣ аст.
Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё нишасти Сингапурро қадаме муҳим ба сӯи субот дар минтақа хонд, ки барои иқтисоди ҷаҳонӣ низ аз аҳамияти зиёд бархӯрдор аст.
Дар тавофуқномае, ки раҳбарони Кореяи шимолӣ ва Амрико рӯзи сешанбеи 12-уми июн дар Сингапур ба имзо расониданд, таъкид шудааст, ки нимҷазираи Корея ба сӯи халъи силоҳи комили ҳастаӣ ҳаракат мекунад ва Амрико ӯҳдадор мешавад, ки ба Кореяи шимолӣ замонатҳои амниятӣ бидиҳад.