Маросими гиромидошт дар маҳаллҳои гуногуни Амрико баргузор шуд ва дар Кохи Сафед низ.
Барак Обама, раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти баландпояи Амрико, ёди се ҳазор қурбонии ҳамлаҳои хунини террористии 11 сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаро гиромӣ доштанд. Дар як маросиме дар вазорати дифоъи Амрико, ки як ҳавопаймои рабудашуда ба он бархӯрд, Барак Обама ёди қурбониёнро гиромӣ дошт ва онҳоеро сутуд, ки бо вуҷуди талаф додани наздиконашон, рӯҳафтода нашуданд ва ба зиндагии хеш идома доданд:
"Азизони шумо дар дили Амрико ҷовидона хоҳанд монд. Мо дар ҳаққи шумо дуо мекунем, барои хонаводаҳое, ки ғами бисёри ин талафотро кашидаанд. Ва дар ин лаҳзаҳои хомӯшӣ, ки бо ҳам ҳастем ва достонҳое, ки аз шумо шунидем, ман аз иродаи шумо дар ҳайратам, ки тавонистед, худро дигарбора ба даст гирифта, ба зиндагиву муҳаббат ва хурсандӣ идома бидиҳед."
Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико низ, талафоти рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар Пентагонро ёдоварӣ кард ва гуфт: "Дувоздаҳ сол пеш дар ҳамин ҷо, амали террористии ваҳшатнок ҷони 187 инсони бегуноҳро гирифт. Мо имрӯз ба хотири кушташудаҳо ва дар байни азизони онҳо ҷамъ омадем. Мо ҳар яки онҳоеро, ки аз мо гирифтанд, дар ёд дорем. Мо ба азизони онҳо, ки бо вуҷуди гузашти вақт, то кунун ғаму андӯҳ доранд, тассалият мегӯем.“
Генерал Мартин Демси, раиси Ситоди Муштараки Нерӯҳои Мусаллаҳи Амрико гуфт, ки террористон наметавонанд, ба арзишҳои аслии мардуми Иёлоти Муттаҳида, яъне озодиву, ормон ва масъулиятшиносии онҳо зарба занад. Дар маҳалли осмонхарошҳои Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар шаҳри Ню Йорк низ, маросими гиромидошти хотираи қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ баргузор шуд. Дар ин маҳал ҳар сол расм шудааст, ки номи қурбониёнро бо овози баланд ва зери садои зангӯла мехонанд. Чунин маросим дар Шанксвилл дар Пенсилвания, ки як ҳавопаймои рабудашуда, суқут кард, сурат гирифт.
Баъди ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш барои маҳви масъулони ин ҳамла шабакаи Ал-Қоида ва раҳбарони он Усома бен Лодан дар Афғонистон амалиётеро ба роҳ андохта ва мизбони онҳо ҳукумати Толибонро сарнагун карданд, вале аъзои ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам ба ҳамлаву бомбгузориву қатлу куштор дар Афғонистон идома медиҳанд. Худи Усома бен Лодан соли 2011 дар амалиёти нерӯҳои махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.
Радиои Озодӣ