Бисёриҳо дарсҳои озоди интернетиро, ки баъзе донишгоҳҳои ИМА пешниҳод мекунанд, инқилоб дар соҳаи маориф номидаанд.
Дар ояндаи наздик барои таҳсил дар донишгоҳҳои машҳуртарини ИМА сафар ба ин кишвар зарур нахоҳад шуд ва як донишҷӯй хоҳад тавонист, ки аз деҳоти дурдасти Тоҷикистон ҳам берун нашуда, тавассути барномаи MOOC (massive open online courses) ё худ курсҳои озоди интернетии оммавӣ дипломи маълумоти олии донишгоҳҳои амрикоиро касб намояд.
Холид Ризо-сокини 25-солаи шаҳри Шакаргоҳ, воқеъ дар шимолу шарқи Покистон, ҳар ҳафта дар хонааш нишаста, тавассути интернет аз устоди яке аз донишгоҳҳои машҳуртарини олам-Институти фанновариҳои Массачусетси ИМА дарс мегирад.
Ризо мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бовар надошт, ки бидуни пардохти пуле дар толори виртуалӣ ё худ интернетии Институти Массачусетс сабақомӯз хоҳад шуд.
Сабти номи озоди довталабони таҳсили интернетии донишгоҳҳои ИМА тахминан даҳ сол пеш оғоз ёфтааст. Вале дар як соли ахир ин тарзи таҳсил хеле ҳам маъруф гашта, миллионҳо сокини гӯшаҳои гуногуни олам ба он дохил шудаанд.
Дар ин гуна курсҳои озод фанҳои мухталиф аз шеъру шоирӣ то физикаву кимиё баҳсу баррасӣ мешаванд.
Гурӯҳе, ки ин ташаббусро пиёда карда, донишгоҳҳоро ба он ворид намудааст, мегӯяд, дар поёни таҳсил хатмкунандгон шаҳодатнома мегиранд, ки аз тарафи баъзе мактабҳо ҳамчун имтиёз ё худ кредити иловагӣ қабул мешавад.
Устоди Институти фанновариҳои Массачусетс Ананд Агарвал раиси созмони ғайридавлатии Эдекс (edX) мебошад, ки дар ҳамроҳӣ бо донишгоҳи Ҳарвард аз тақрибан 100 фан курсҳои озоди интернетии оммавӣ таълим медиҳад.
Ӯ курсҳоро инқилоб дар соҳаи маориф меномад:
“ Ба фикрам низоми маориф ҳеҷ гоҳ ба шакли пештарааш барнамегардад. Ман истифодаи фанновариҳои муосир ва курсҳои озоди интернетии оммавиро бузургтарин инқилоби соҳаи маориф аз замони ихтирои чопи китоб медонам.”
Мисли Агарвал мардуми зиёде аз имкони таҳсил дар курсҳои озод хушҳоланд, вале баъзеҳо мегӯянд, шояд рӯзе ташаббускорони ин барнома хадамоти худро пулакӣ кунанд.
Ширкате бо номи Коурсера (Coursera) аз ҳисоби таъмини муҷаввиз ба курсҳои донишгоҳҳо 20 миллион доллар мафод ба даст овардааст. Ин ширкат бар ивази пардохти пули муайян таҳсили интернетии донишҷӯён ва тақдими шаҳодатномаи эътирофшудаи хатми курсҳоро ташкил мекунад. Феълан 3 миллион донишҷӯи саросари дунё бо кумаки ширкати Коурсера соҳиби шаҳодатномаи таҳсил шудаанд.
Вале устод Агарвал пешбинӣ мекунад, ки дар чанд соли оянда шумораи муҳассилин дар курсҳои озоди интернетии оммавӣ то як миллиард нафар афзоиш хоҳад ёфт.
Ба қавли Агарвал созмони онҳо ба ҳолатҳои фавқулода ҳам омода аст. Ӯ мегӯяд:
“Дар баъзе кишварҳои шабеҳи Покистону Чин шабакаи YouTube-ро бастанд. Мо ба донишҷӯён дар ин кишварҳо наворҳои видеои дарсҳоро фиристодем, то онҳо тавонанд, ки аз сайти мо навори дарсро дар компютерҳояшон сабт ва тамошо кунанд. Хуллас, донишҷӯён як имкони алтернативии таҳсили озоди интернетиро аз даст надоданд.”
Як сокини 30 –солаи шаҳри Душанбе бо номи Илҳом, ки се сол пеш дар ИМА донишгоҳро хатм кардааст, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта дар курсҳои озоди интернетии оммавӣ худро сабти ном намуда, муддате муназзам дарсҳои иқтисодии донишгоҳи маъруфи Стенфордро гӯш медод, вале дар фасли зимистон лимити барқ ва хадамоти номукаммали таъминкунандагони интернет ӯро аз дарс дур кард. Ҳамин тариқ курси ӯ нотамом монд.
Феълан тамоми дарсҳои интернетӣ ба забони англисӣ таълим дода мешаванд, вале ширкати Коурсера тасмим гирифтааст, дар наворҳои видеои дарсҳо тарҷумаи арабӣ, японӣ, қазоқӣ, португалӣ, русӣ ва украиниро ҳамроҳ намуда, шумораи муҳассилинашро ба маротиб боло барад.