Туркия: "Равобит бо Амрико вориди як марҳилаи бисёр ҳассосе шудааст"

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия мегӯяд, ки робитаҳои кишвараш бо Амрико вориди як марҳилаи ҳассосе шудааст ва "ё дуруст хоҳад шуд ё комилан хароб мешавад". Ин суханон пас аз дидори мушовири амнияти миллии Доналд Трамп аз Туркия дар остонаи сафари вазири умури хориҷии Амрико матраҳ шудааст.

Бинобар гузориши расонаҳои Туркия, вазири умури хориҷии он кишвар рӯзи душанбеи 12-уми феврал дар Истанбул гуфтааст, "муносибатҳо бо Амрико дар нуқтаи бисёр ҳассосе аст. Мо ё муваффақ хоҳем шуд ин робитаҳоро дуруст кунем, ё тамоман хароб хоҳанд шуд". Ӯ афзудааст, "мо хостори ин ҳастем, ки Амрико гомҳои мушаххасе бардорад. Эътимоде, ки хадшадор шудааст, бояд барқарор шавад. Сабаби хадшадор шудани ин эътимод, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст."

Робитаҳои Анқара ва Вашингтон тайи солҳои гузашта пуртаниш будааст. Ин танишҳо чӣ дар замони раёсати ҷумҳури Борак Обама ва чӣ дар давраи раиси ҷумҳури феълӣ, ба чашм мехӯрад.

Изҳороти вазири умури хориҷии Туркия пас аз дидори Герберт Рэймонд «Г. Р.» Макмастер, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Туркия ва дар остонаи сафари Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии ИМА ба Анқара, матраҳ шудааст.

Мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи якшанбеи 11-уми феврал бо Иброҳим Колин, сухангӯи раиси ҷумҳури Туркия мулоқот карда буд. Пас аз он дидор, хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як манбаи огоҳ дар ниҳоди раёсати ҷумҳури Туркия гуфта буд, "дар ин дидор ду тараф ба мушорикати стратегии дарозмуддати Туркия ва Амрико таъкид карданд ва ҳассосиятҳо миёни ду кишварро баҳсу баррасӣ намуданд."

Рекс Тиллерсон низ қарор аст рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми феврал вориди Туркия шавад ва давоми ду рӯз бо мақомҳои Туркия гуфтугӯ кунад. Робитаҳои Анқара ва Вашингтон тайи солҳои гузашта пуртаниш будааст. Ин танишҳо чӣ дар замони раёсати ҷумҳури Борак Обама ва чӣ дар давраи раиси ҷумҳури феълӣ, ошкор будааст. Иттиҳоми додгоҳҳои Амрико алайҳи мақомҳо ва раҳбарони бонкҳои Туркия ва нодида гирифтани дархости Анқара барои истирдоди Фатҳуллоҳ Гюлен, ба ин танишҳо афзудааст.

17

Иттиҳоми воридшуда аз сӯи Амрико ба мақомҳои турк ва раҳбарони бонкии он, дар пайванд ба таҳримҳои Эрон, пулшӯӣ ва мавридҳои дигар аст. Мақомҳои Амрико иттиҳомҳои пайдарпайи мақомҳои турк дар мавриди "сиёсӣ" будани ин парвандаҳоро радд карда ва мегӯянд, Анқара асосан шинохте аз системаи додрасӣ ва додгоҳӣ дар Амрико надорад ва парвандаҳо дар он кишвар бидуни таъсири тасмимҳои сиёсӣ, баррасӣ мешаванд.

Дар айни ҳол, амалиёти артиши Туркия алайҳи ниманизомиёни курд дар Сурия, ки аз ҳимояти эътилоф ба раҳбарии Амрико бархӯрдор ҳастанд, ихтилофҳоро вориди марҳилаи дигар кардааст. Туркия дар нимаи дувуми моҳи январ амалиётеро дар шимоли Сурия алайҳи ниманизомиёни курд оғоз кард.

Артиши Туркия дар роҳ ба сӯи Сурия.

Артиши Туркия рӯзи шанбеи гузашта шоҳиди маргбортарин рӯзи худ аз замони оғози амалиёт дар шимоли Сурия буд ва 11 нафар сарбозони он танҳо дар як рӯз кушта шуданд, аз ҷумла ду нафар бар асари сарнагун шудани чархбол дар шаҳри Ифрин, ҷони худро аз даст доданд.

Амрико аз замони оғози амалиёти Туркия хостори "хештандорӣ"-и он кишвар шуд ва ҳушдор дод, ки ин амалиёти низомӣ бӯҳронро амиқтар хоҳад кард. Сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 22-юми январ гуфт, "мо хоҳони ин ҳастем, ки Туркия дар фаъолиятҳои низомиаш аз хештардорӣ кор бигирад. Итминон диҳад, ки ҳамлаҳои он аз назари ҷуғрофӣ ва замонӣ маҳдуд хоҳад буд, имдодрасонӣ идома меёбад ва аз талафоти инсонӣ ҷилавгирӣ мешавад."

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ ахиран бо ишора ба амалиёти артиши Туркия ва низ даргириҳои Исроил бо нерӯҳои эронӣ ва суриягӣ, дар мавриди афзоиши бӯҳрон дар Сурия ҳушдор додааст.