Гузориши Департаменти давлатии ИМА: Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2018

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар асоси он бунёд шудааст, ки ҳамаи одамон “баробар офарида шудаанд, Офаридгор ба онҳо ҳуқуқҳои муайяни мусодиранопазир додааст, ки миёни онҳо зиндагӣ, озодӣ ва ҷустуҷӯи бахт мебошанд”. (Майк Помпео, Котиби давлатии Амрико)

ХУЛОСАИ ГУЗОРИШ

Тоҷикистон давлати иқтидоргарост (авторитарист), ки раҳбарии сиёсии он зери ҳукумати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш қарор дорад. Қонуни асосӣ низоми бисёрҳизбиро таҳким мекунад, вале мақомот ҳамвора монеъ аз вуҷуди чандгонагии (плюрализми) сиёсӣ буданд, ва дар тули ин сол ҳам чунин ҳолат идома ёфт. Дар асоси ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки дар ҳамапурсии (референдуми) соли 2016 қабул гардиданд, фаъолияти аҳзоби сиёсие, ки моҳияти “миллигароӣ ва ё мазҳабӣ” доранд мамнуъ шуд. Ин ҳолат ҳама гуна маҳдудияти теъдоди давраҳои дар сари қудрат боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси “Пешвои Миллат” барканор карда, ба таҳкими бештари ҳукмрониаш мусоидат кард. Дар интихоботи охирини кишвар, ки он ҳам интихоботи Шурои Олии соли 2015 буд, тибқи тавсифи нозирони байналмилалӣ чандгонагии сиёсӣ (плуролисм) ва ҷойгузиниҳои воқеъӣ вуҷуд надоштанд, ва ба гузориши аксари нозирини байналмилалӣ ҷараёни интихобот пур аз нуқсонҳои ҷиддӣ буд. Дар интихоботи охирини раиси ҷумҳур, ки соли 2013 баргузор гардид, ҳамчунин чандгонагии сиёсӣ ва ҷойгузинҳои воқеъӣ вуҷуд надоштанд ва он интихобот ҳамчунин ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ набуд.

Мақомоти ғайринизомӣ назорати воқеъиро аз болои мақомоти амниятӣ танҳо қисман дар ихтиёри худ доштанд.

Аз ҷумлаи муҳимтарин масоили нақзи ҳуқуқи башар инҳо буданд: шиканҷаву озору азият дар муомила бо боздоштшудагон аз тарафи нерӯҳои амниятӣ; дастгирӣ ва ё боздоштҳои худсарона; шароити ногувори зиндонҳо; ҳузури зиндониёни сиёсӣ; дахолати беасосу худсарона ва ғайриқонунӣ ба ҳарими хусусӣ; маҳдудият дар озодиҳои баён, сонсур, бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, ва истифодаи худсаронаи ҷазои ҷиноӣ барои туҳмат; маҳдудиятҳои қобили таваҷуҳи озодии анҷуман ва гирдиҳамоиҳои сулҳомез, минҷумла, тасвиби қавонине, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро (СҒД) маҳдуд мекунанд; саркуб, озору азият ва маҳрумият аз озодии фаъолони ҷомеаи маданӣ ва сиёсӣ; бо сабаҳои сиёсӣ озору азият додани вакилон-ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рузноманигорон; маҳдудияти қобили таваҷуҳи озодии мазҳаб; маҳдудияти шадид дар озодии ҳаракат; маҳдудияти имконоти иштирок дар фаъолияти сиёсӣ; фасоди густурда ва хешу қавмгароӣ; қочоқи инсон; хушунат зидди ҳамҷинсгароён, дуҷинсгароён, тронсҷинсиён ва афроди дарунфардӣ (LGBTI); ва ҳам истифодаи кори иҷборӣ.

Дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар тавассути мақомот танҳо чанд парвандаи ҷиноӣ зидди кормандони давлат оғоз карда шуд. Кормандони нерӯҳои амниятӣ ва дигар бахшҳои давлат бе ҳеҷ муҷозот амал мекарданд.

Бахши 1. Эҳтиром ба амнияту тамомияти шахсият, аз ҷумла пешгирии нақзи ҳуқуқи зерин:

а. Маҳрумгардонии худсарона аз зиндагӣ ва дигар мавориди қатли ғайриқонунӣ ва ангезаи сиёсӣ дошта

Алорағми он ки қонун ба кормандони амниятии давлат анҷоми қатлҳои ғайриқонуниро мамнуъ кардааст, чанд гузорише роҷеъ ба даст задани ҳукумат ва ё намояндагони он ба куштори худсарона ва ё ғайриқонунӣ ба даст расиданд.

29-уми март, Абдураҳмон Назаров, сокини шаҳри Кулоби ҷануби кишвар, ки аз тарафи кормандони пулис бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд, дар истгоҳи пулис ба ҳалокат расидааст. Назаров 28 март дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуда буд, ва як манбаъ дар бемористони маҳаллӣ ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки рузи баъд, замоне ки намояндагони пулис Назаровро ба бемористон овардаанд, ӯ аллакай мурда буд. Ҳамсари Назаров Садбарг Бобохонова муътақид аст, ки сабаби марги шавҳараш рафтори бераҳмона задди ӯ аст, ва ӯ пулисро дар истифодаи хушунати беш аз ҳадд мутаҳҳам мекунад. Нишонаҳои зарбу ситам дар бадани шавҳараш гувоҳи он буд. Як намояндаи пулис иброз дошта, ки ҳангоме, ки Назаров ба истгоҳи пулис мунтақил шуд, ӯ сактаи дил дошт ва дар роҳ ба бемористон ҷон дод. Додситони кулли шаҳри Душанбе парвандаи баррасии ин ҳодисаро оғоз кард, ки ҳануз ҳам идома дорад.

б. Иҷборан нопадид шудани инсонҳо

Ҳеҷ гузорише марбут ба иҷборан нопадид шудани инсонҳо тавассути мақомоти давлатӣ ё аз тарафи онҳо нарасидааст.

в. Шиканҷа ва дигар шаклҳои муомила ё ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё таҳқиромез

Истифода аз шиканҷаро Қонуни асосӣ мамнуъ месозад. Аммо бо вуҷуди он ки соли 2012 ҳукумат ба Қонуни ҷиноӣ бо иловаи моддаи хосе таърифи мутобиқ ба қавонини байналмиллалии шиканҷа ворид кардааст, гузоришҳои расида нишон медиҳанд, ки истифодаи зарбу ситам, шиканҷа ва дигар шаклҳои зуроварӣ бо мақсади ба даст овардани эътирофи иттиҳом дар бозҷуиҳо ҳамоно идома дорад. Мақомот ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар барои таҳқиқоти иттиҳомоти марбут ба истифодаи шиканҷа дастрасии кофӣ ба асноду мавод муҳайё насохтанд.

Тибқи гузоришҳои ба даст расида кормандони идораҳои ҳифзи қонун ашхоси боздоштшударо мавриди шиканҷа қарор медодаанд, ва дар шаш моҳи аввали сол ба дафтари Додситони кулл 37 шикоят оиди истифодаи шиканҷа расид. Тули се моҳи нахусти сол Эътилофи зидди шиканҷа ва гурӯҳи созмонҳои маҳаллии ғайридавлатӣ (СҒД) 16 ҳодисаи нави муносибати ношоистаро зидди афроди боздоштшуда тасдиқ карданд, ва бисёре аз осебдидагон иброз доштанд, ки бар зидди онҳо хушунати шадиди ҷисмонӣ истифода шудааст. Аз ҷумлаи ин шикоёт 14–тоаш зидди аъмоли кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дутоаш бар зидди кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошанд.

Рузи 12 моҳи январ маъмурони иҷрои қонун сокинони ноҳияи Рашт Саидмурод Абдураҳмонов, Мададшо Ятимов ва Иброҳим Каҳҳоровро дастгир карданд, ки зидди онҳо аз тарафи идораи додситонӣ дар иртибот бо қатли фошнашудаи раиси ноҳияи Рашт Акбар Маҳмадов парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Ҳар се айбдоршаванда изҳор доштанд, ки дар ҳоли боздошт онҳо аз тарафи ходимони идораи бозрасӣ ва муфаттишони идораи таҳқиқоти пулиси ноҳияи Рашт таҳти шиканҷа қарор гирифтанд, ва бо зарбаҳо ба бахшҳои бадани зери камарбанди онҳо ва сарашон ин муфаттишон талош карданд аз онҳо эътирофи содир кардани ҷиноятро ба даст оранд. Абдураҳмонов изҳор дошт, ки дар натиҷаи зарбу ситам ӯ кар шудааст. Рузи 29 моҳи май вакили айбдоршавандагон ба Девони олии кишвар тақозои иттиҳомро аз содир шудани зарбу ситам сафарбар кард ва Девон ин тақозоро барои барраси қабул ва парвандаро ба дафтари Додситон фиристод.

Гузоришҳои мутафовит оиди дар зиндон ҳадафи муносибати баду ғайриқонунӣ қарор гирифтани вакили маҳбус Бузургмеҳр Ёров, ки аз соли 2015 боздошт шудааст (ниг. ба бахши 1.е.) ба даст расидаанд. Пас аз гузориши созмони Amnesty International, ки Ёров чаҳор бор ба ҳуҷраи фардӣ интиқол дода шудааст, дар расонаҳои хабарӣ иттилоъе пайдо шуд, ки Ёровро моҳи декабри соли 2017 ба зиндони ислоҳотии низомаш сангин гузаронидаанд.

Шароити зиндон ва марказҳои боздошт

Тибқи гузоришҳои расида, бо иллати аз маҳбусон пур будани зиндонҳо ва ҳолати ногувори тозагӣ, шароити зиндонҳо тоқатфарсо ва ба ҳаёти маҳбусон таҳдидовар будааст.

Шароити зист: Дар кишвар 10 зиндон, аз ҷумла як маҳбас барои занон ва 12 маркази боздошт вуҷуд дошт. Ба даст овардани маълумоти дақиқ роҷеъ ба шароити зисти маҳбусон берун аз имкон буд, вале тибқи хабари маҳбусон ва боздоштшудагон шароити зиндонҳо сангин ва ба ҷони онҳо таҳдидкунанда будааст,аз ҷумла, ба иллати шароити ғайрисанитарӣ ва шумораи аз ҳад зиёди маҳбусон дар зиндон.

Тибқи гузориши созмони Ислоҳоти Байналмиллалии Зиндонҳо (Penal Reform International), ки бо намояндагии минтақавии худ дар Қазоқистон машғули татбиқи ислоҳот дар зиндонҳо мебошад, зиндони занона хеле сард будааст, ва ҳам таъмини барқу гармиаш номунтазам ва барои маҳбусон ва кормандони маҳбас хӯрокворӣ намерасидааст. Бемориҳо ва гуруснагӣ мушкилоти ҷиддӣ буданд. Тибқи иттилооти ташкилотҳои Созмони Милали Муттаҳид шумораи зиёди маҳбусони зиндонҳо мубталои бемориҳои сил ва HIV буда, сифати кумаки тиббӣ бад будааст. Ағлаби ҷавонони маҳбус ҳамроҳ бо зиндониёни калонсол ба сар мебурданд.

Иҷрои муҷозот: Дар кишвар дафтари Нозири ҳуқуқи башар (Омбудсмен) вуҷуд дорад ва кормандони он аз зиндонҳо дидан карданд, аммо онҳо танҳо камтар аз ду дар сади арзу шикоятҳоро тавонистаанд баррасӣ кунанд. Созмонҳои ғайридавлатӣ гузориш додаанд, ки ба дафтари Нозири ҳуқуқи башар эътимод надоранд, зеро кормандони ин дафтар ба раиси ҷумҳур содиқ ҳастанд ва масоили хуқуқи башарро ағлаб нодида мегиранд. Як гурӯҳи вижаи нозирон, ки ба он намояндагони дафтари Нозири ҳуқуқи башар ва созмонҳои ғайридавлатӣ шомил буданд, бозрасии эълоншуда аз маконҳои боздоштро барои баррасии шароити боздошти зиндониён анҷом доданд. Ҳеҷ гузорише аз арзу шикояти расмии зиндониён ба шароити боздошти онҳо ба даст нарасидааст.

Назорати мустақил: Вазорати адлия ҳамчунон маҳдуд сохтани дастрасии намояндагони созмонҳои байналмиллалиро ба зиндонҳову марказҳои боздошт идома додааст. Дар тули сол Эътилофи зидди шиканҷа ва Нозири ҳуқуқи башар аз муассисоти баста дидан карданд, аммо мақомот ба нозирони Эътилоф анҷом додани мусоҳиба бо зиндониён ва дастрасӣ доштан ба асноди дохилии муассисоти ислоҳотиро иҷоза надоданд. Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх бо далели адами тавофуқ бо давлат мисли қабл дастрасиро ба муассисоти зиндонро надоштааст, ва ин вазъият аз соли 2004 давом дорад.

г. Дастгир ва ё боздошт кардани худсарона

Қонун худсарона дастгир кардани ашхосро ошкоро манъ намесозад ва ҳодисаҳои дастгир кардани худсарона маъмулӣ буданд. Қонун таъкид мекунад, ки пулис бояд дар зарфи 12 соат ба дафтари додситон дар бораи боздошт иттилоъ диҳад, ва дар зарфи 10 рӯз ҷурми боздоштшударо изҳор намояд. Қонун ҳуқуқи дар додгоҳ эътироз кардани ҳар як инсонро дар мавриди қонунӣ будани боздошт ва ё зиндонӣ кардани ӯ фароҳам мекунад, вале мавридҳои истифодаи чунин ҳуқуқ ҳамоно маҳдуд будааст. Танҳо чанде аз шаҳрвандон ҳаққи эътирози худро дар мавриди боздошт шуданашон медонистаанд, ва салоҳияти пулис ва неруҳои амниятӣ дар боздошти шаҳрвандон зиёд маҳдуд нест. Сарфи назар аз он, ки соли 2016, дар чанд нуқоти кишвар роҳбарони идораҳои ноҳиявии низомии бақайдгирӣ ва истихдом (комиссариати ҳарбӣ) бо ҷурми cуъистифода аз неруи низомӣ дар истихдом ба хизмати ҳарбӣ (тавассути ҳамалот) аз кор барканор карда шуданд, фаъолони ҳуқуқи башар гузориш доданд, ки чунин аъмол идома ёфтаанд. Моҳи апрел дар шаҳраки Ҳисор кормандони идораи истихдоми ҳарбӣ ба хонаи Шаҳром Абдуллоев омада, ӯро зуран ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд. Бо он ки модари Абдуллоев изҳор доштааст, ки писараш иллати тутқулоқ (эпилепсия) дорад, кормандони идора Абдуллоевро ба мошин савор карда ба идораи истихдоми ҳарбӣ бурдаанд. Танҳо вақте ки дар роҳ Абдуллоев аз ҳуш рафтааст, кормандони идора пай бурдаанд, ки у бемор аст ва ӯро озод кардаанд.

Нақши полис ва идораҳои амниятӣ

Масъулияти иҷрои вазоифи ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандон ба Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти назорати маводи мухаддир, Хадамоти давлатии назорати молия ва мубориза бар зидди фасод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), Кумитаи давлатии андоз ва Хадамоти гумрук гузошта шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ умдатан ба таъмини низоми умумӣ ва мудирияти кори полис муваззаф аст. Салоҳияти мақомоти Хадамоти назорати маводи мухаддир, Хадамоти мубориза бар зидди фасод ва Кумитаи давлатии андоз баррасии ҷиноёти марбута аст, ва ин хадамот дар итоати раиси ҷумҳур ҳастанд.

КДАМ масъули ҷамъоварии иттилооти ҷосусӣ (разведка) буда, нерӯҳои сарҳадиро назорат мекунад. Ин Кумита ҳамчунин парвандаҳои марбут ба ҷурми ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи инсон ва ҳам парвандаҳои ҳассосияти сиёсӣ доштаро баррасӣ мекунад. Хадамоти гумрук бевосита ба раиси ҷумҳур итоат мекунад. Дафтари Додситони кулл назоратро аз болои баррасии паврандаҳои ҷиноии хадамоти номбурда анҷом медиҳад. Масъулиятҳои ин хадамот ба ҳадди зиёд рӯи ҳам рафта, ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқтидори КДАМ–ро аз болои худ мепазиранд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тафтиши фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ босамар набуданд, зеро, тибқи гузоришҳо, гурӯҳҳои ҷиноӣ иртиботи баландпояи худро бо ходимони калидӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ доштаанд. Миёни ходимони ҳифзи ҳуқуқ дарки ногуфтае вуҷуд дорад, ки бархе афрод аз ибтидо дастнорас ҳастанд, ва таҳқиқ дар баробари ин афрод ғайриимкон аст.

Фарҳанги беҷазоии расмӣ (муъофияти мансабдорон аз муҷозот) ҳануз ҳам як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Бо он, ки ҳукумат иқдоми маҳдудеро ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон ба амал овардааст, гузоришҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи шиканҷа ва муносибати хушунатбор нисбат ба маҳбусон идома дорад, дар ҳоле, ки барои баррасии ҷиноёт ва имконияти расидагӣ ба адолат муъофият аз муҷозот ва фасоди амиқ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар баъзе маворид, ҳангоми тафтиши парванда дар марҳилаи таҳқиқи аввалия ё додрасӣ, қозиёт (судяҳо) ба қабули иттиҳоми айбдоршавандаҳо, ки нисбати онҳо дар тули боздошташон шиканҷа ва муносибати хушунатбор истифода шудааст, омода набуданд. Ашхосе, ки аз аъмоли сӯиистифодаи қудрат аз ҷониби пулис осеб дидаанд, ҳақ доранд шикояти расмиашонро ба таври хаттӣ ба корманди сатҳи боло ва ё ба дафтари Нозири ҳуқуқи башар супоранд. Тибқи иттилоъи ба даст омада, аксари осебдидагон аз тарси вокуниши баду қасоси мақомот сукутро авлотар донистаанд ва шикоят накардаанд.

Дафтари Нозири ҳуқуқи башар ба шикоёти нақзи хуқуқи башар аҳёнан эътино бахшидааст, ва ё тақрибан ҳеҷ посухе надодааст, бо иддаои он, ки дафтари мазкур салоҳияти додани изҳороту тавсияро нисбати парвандаҳои ҷиноӣ надорад.

Низоми боздошт ва муомила бо боздоштшудагон

Мувофиқи қонун кормандони пулис ҳақ доранд шаҳрвандро то ҳадди аксар 12 соат дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд, ва пас аз он бояд ба ӯ иттиҳоми расмии ҷиноиро пешкаш намоянд. Муқаррароти қонун бар онанд, ки агар пас аз 12 соат иттиҳоми ҷиноӣ омода нашавад, боздоштшудагон бояд озод карда шаванд, аммо дар амал, пулис аксаран ба боздоштшудагон дар мавриди долоили боздошт иттилоъ намедиҳад. Агар пулис иттиҳоми ҷиноиро расмӣ бисозад, пас метавонад фарди гумонбарро қабл аз ирояи иттиҳом ба додгоҳӣ ҳадди аксар то 72 соат дар боздоштгоҳ нигоҳ дорад, ва он ҳам барои судури ҳукми додгоҳӣ барои ҷалби боздоштшуда ба ҳайси айбдоршаванда. Қозии додгоҳ метавонад то замони оғози муҳокимаи додрасӣ доир ба дастгир кардан ё ба ҳабси хонагӣ андохтани фарди айбдоршаванда, ва ё озод кардани ӯ бо пардохти замонатпулӣ ҳукми худро барорад.

Мутобиқи қонун пас аз расман пешкаш шудани иттиҳом бастагон ва вакилон ҳаққи дидор бо маҳбусонро доранд, вале аксаран ин ҳуқуқ поймол мешавад ва вакилон ва бастагони боздоштшуда аз ҳаққи дидор бо ӯ маҳрум мешаванд. Дар қонун навишта шудааст, ки вакил бо дархости шахси боздоштшуда, ё дархости худи вакил ҳаққи ҳозир будан дар бозпурсиҳоро дорад, аммо дар амал аксаран вакилон иҷозаи дастрасии саривақтиро ба муштариҳояшон надоранд, ва бозпурсиҳои ибтидоӣ бидуни онҳо сурат мегиранд. Афроде ки ба ҷиноёти марбут ба амнияти миллӣ ва ё ба ифротгароӣ гумонбар шудаанд, ба муддати тӯлонӣ бидуни пешкаш шудани иттиҳоми расмии онҳо боздошт мешаванд.

Дастгирии худсарона: Қоидатан, мақомот дар мавриди дастгирӣ сабаби онро ба дастгиршудагон ошкор мекунанд, аммо боздоштшудагон ва созмонҳои ғайридавлатӣ борҳо гузориш додаанд, ки мақомоти марбутаи давлатӣ иттиҳомро сохтакорӣ мекунанд ва ё ба ҳаводиси ҷузъӣ шиддат мебахшанд, то афродеро бо сабабҳои сиёси дастгир кунанд. Рузи 25 июл се фаъолин ба намояндагони расонаҳои иттилоотӣ хабар доданд, ки онҳо аз тарафи кормандони идораҳои амниятӣ боздошт ва бозпурсӣ шудаанд, ва он ҳам пас аз гузоштани имзо зери дархосташон аз ҳукумат ба иҷозати сафари хориҷӣ барои гирифтани дармони фаврӣ ба набераи Мухиддин Кабирӣ, раҳбари дар табъиз будаи Ҳизби Наҳзати Тоҷикистон (ҲНТ). Ба гуфтаи фаъолон мақомоти амниятӣ ба онҳо гуфтаанд, ки бо имзои худ зери дархост онҳо фаъолияти ҳизби мамнуъро ҳимоят мекунанд.

Баъзе кормандони пулис ва ходимони идораҳои адлия ба таври муназзам дар мубодила бо нармсозии ҷазо ва ё озодӣ аз маҳбас ришва мегирифтанд. Барои тамдиди давраи боздошти пеш аз муҳокима, мақомоти идораҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд пас аз ду, шаш ва дувоздаҳ моҳи боздошти ашхос ба дафтари додгоҳӣ парванда ирсол намуда, аз онҳо иҷозат бигиранд.

Боздошти пеш аз муҳокимаи додгоҳӣ: Тибқи гузориши вакилони боздоштшудагон дафтари додситон аксаран гумонбаршудагонро дар макони боздошт ба мӯҳлати тӯлонӣ нигоҳ дошта, сабти боздошти ибтидоиро танҳо дар сурати омодаи эътирофи айбнома будани боздоштшудагон анҷом медодаанд. Дар аксари вақт боздошти пеш аз мурофиаи додгоҳӣ аз як то се моҳ давом кардааст, ва баъзан то 15 моҳ ҳам идома ёфтааст.

Имкони чолиш дар додгоҳ аз боздошти ғайриқонунӣ: Афроди дастгир ё боздоштшуда ҳақ доранд заминаҳои қонунии боздошт ва ё моҳияти худсаронаи боздошташонро дар додгоҳ мавриди эътирозу баррасӣ карор диҳанд.

Бо он ки ин гуна ҳаққи дархости таҷдиди назар дар мавриди боздошт мавҷуд аст, имконоти истифода аз чунин ҳуқуқ барои боздоштшудагоне, ки асоси иттиҳомашон ангезаи сиёсӣ дорад, хеле кам аст. Сабаби ин ҳолат дар он аст, ки шумораи вакилоне, ки иҷозатномаи расмии баррасии парвандаҳои ҷиноиро доранд, хеле кам шудааст, ва ҳам ба иллати тарси маъмулии вакилон аз ҳимояти боздоштшудагоне, ки парвандаҳояшон вокуниши нохуше дорад.

д. Инкори мурофиаи додгоҳии одилонаву озод

Агарчи қонун мустақилияти мақомоти додгоҳиро тақозо мекунад, дар амал мақомоти иҷроия ба мақомоти додситонӣ, вакилон ва қозиҳои додгоҳ фишор меоварад. Фасодкорӣ ва нокоромади мақомоти додгоҳӣ аз шумораи мушкилоти ҷиддӣ буданд.

Додгоҳҳои ҳуқуқӣ

Тибқи қонун муттаҳамон ҳуқуқи фарзияи бегуноҳиро доранд, аммо дар амал аз ин гуна фарзия истифода намешавад. Тақрибан тамоми муттаҳамон тавассути додгоҳ гунаҳгор шинохта шуданд.

Агарчи, мувофиқи қонун, муттаҳамон бояд дар тули 10 руз аз рузи боздошт аз иттиҳоми ҷиноёти худ иттилоъ бигиранд, дар амал онҳо на ҳамеша ин гуна иттилоъро сари вақт мегирифтанд, ва ҳам, баррасии парвандаашон дар додгоҳ на ҳамеша бе таъхир сурат гирифтааст.

Маъмулан, муттаҳамон иҷозаи ҳузур дар мурофиа ва машвараи саривақтӣ бо вакилашонро дар додгоҳ доштанд. Аммо аксаран, дар тули боздошти қабл аз мурофиа ва дар замони тафтиш, хусусан дар мавриди парвандаҳои ҳассоси ангезаи сиёсӣ дошта, боздоштшудагон аз ҳаққи доштани вакил маҳрум буданд. Мақомот мисли қабл чанде аз вакилони додгустариро бо иттиҳоми ҷиноӣ, ки ангезаи сиёсӣ доштанд, маҳкум мекард, ва он ҳам бо мақсади халалдор кардани дастрасии боздоштшудагони мухолифини сиёсӣ ба машвараи ҳуқуқӣ ва дилсардсозии вакилони дигар аз қабули чунин парвандаҳо.

Бо дархости муттаҳамон мақомот бо кумакҳазинаи давлат вакилеро таъин мекард, аммо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва худи муттаҳамон шикоят карданд, ки дар асл мақомот таъини як вакилро бо қасди дастрасӣ надоштани муттаҳам ба вакили мустақил истифода мекунанд. Муттаҳамон ва вакилони мустақил гуфтанд, ки вакилони давлатӣ ваколати камсифат ва бемаҳсулро ба ҷо меоварданд. Илова бар ин, бо сабаби ворид кардани тағирот ба Қонун оиди вакилон ва таъсиси Шӯрои вакилон, тамоми вакилон барои тамдиди иҷозатномаи расмиашон маҷбур буданд то моҳи июни соли 2016 имтиҳони касбиашон аз нав супоранд. Дар натиҷа, теъдоди вакилоне, ки дар дифоъи муттаҳамони парвандаҳои ҷиноӣ дошта иҷозати расмӣ доштанд, шадидан коҳиш ёфт. Нозирини байналмиллалӣ, ки парвандаҳои додрасиро пайгирӣ карданд, изҳор доштанд, ки бархе аз афроди муттаҳам ба ҷурми ҷиноӣ имкони истифода аз кумаки вакилро надоштанд. Агарчи афроди муттаҳам ба содир кардани ҷурми ҷиноӣ ҳуқуқи доштани вақти кофӣ барои гирифтани омодагӣ ба дифоъ доштанд, дар аксари маворид барои гирифтани чунин омодагӣ маҳалҳои лозима барояшон фароҳам набуд.

Муттаҳамон бо иҷозаи қозии додгоҳ ҳангоми баррасиии додгоҳӣ метавонанд шоҳидонро даъват кунанд ва далелу гувоҳии худро пешкаш намоянд. Муттаҳамон ва вакилони онҳо ҳуқуқи савол додан ба шоҳид ва пешкаши гувоҳӣ ва арзу шаҳодати муқобилро доранд. Муттаҳамоне, ки забони тоҷикӣ, забони расмии мавриди истифода дар додгоҳро намедонанд, бо мутарҷим таъмин мегарданд. Ҳеҷ гурӯҳе аз арзи шаҳодат маҳрум нест ва ҳамаи шаҳодатҳо бояд баррасии баробар гиранд. Аммо дар амал маъмулан додгоҳҳо шаҳодати шоҳидони иттиҳомро бештар аз шаҳодати шоҳидони дифоъ ба назар мегирифтанд. Тибқи қонуни кишвар муттаҳамони иттиҳоми ҷиноӣ ҳақ доранд шаҳодат надиҳанд ва ҷурми худро эътироф накунанд.

Маоши ками қозиҳо ва додситонҳо тавони онҳоро барои муқовимат ба ришвахурӣ, ки як амали оддиву роиҷ гаштааст, кам месозад. Ходимони ҳукумат қозиҳои додгоҳҳоро дар зери таъсири сиёсӣ қарор додаанд.

Агарчи ба аксари мурофиаи додгоҳӣ вуруд озод аст, дар сурати моҳияти амнияти миллӣ доштани парванда қонун гузаронидани мурофиаи махфии онро иҷозат медиҳад. Дар дастрасӣ ба мурофиаи парвандаҳои овозадори ҷомеа, ки ҳукумат онҳоро аксаран “махфӣ” эълон дошта буд, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ бо душвориҳо дучор гашта буданд. Се мурофиаи додгоҳии Бузргмеҳр Ёров, вакили аъзои Ҳизби мамнуъи Наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) “махфӣ” эълон карда шуданд ва паси дарҳои баста гузаштанд. Созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар нигаронии худро аз баррасии додгоҳии Ёров иброз доштанд ва таъкид карданд, ки ин се мурофиа бо нақзи равия ва ҷараёни дифоъ анҷом дода шудаанд. Соли 2016 Ёров муттаҳам ба амали даъват ба сарнагунии ҳукумат ва барангехтани нобасомониҳои оммавӣ гардида, ибтидо ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи январи соли 2017 додгоҳ мӯҳлати ин ҳукмро ба се соли дигар тамдид дода, моҳи март дар мурофиа паси дарҳои бастаи додгоҳӣ Ёровро бо иттиҳоми беэҳтиромӣ нисбати суд ва таҳқири ходимони давлат ба ду соли иловагии зиндон маҳкум карданд.

Рузи 22 август додгоҳи ноҳиявии вилояти Суғд иҷозаи ҳузури намояндагони расонаҳои ахбор ва дигар нозиронро дар мурофиа рад кард. Қарор буд ин нозирон дар баррасии бозҷуии рузноманигори дастгиршуда ва ошкоркунандаи фасод Хайрулло Мирсаидов, ки парвандааш диққати ҷомеаи байналмилалиро ҷалб карда буд, ширкат кунанд. Бастагони Мирсаидов, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои маҳалливу байналхалқӣ дар назди бинои суд ҷамъ омада буданд, вале иҷозаи вуруди онҳоро ба додгоҳ рад карданд. Далоили чунин қарори худро додгоҳ тавзеҳ надодааст.

Маҳбусону боздоштшудагони сиёсӣ

Агарчи мақомот иддао доранд, ки дар кишвар ҳеҷ зиндонии сиёсӣ ва ҳеҷ шаҳрванде бо далоили сиёсӣ боздошт нашудааст, аҳзоби мухолиф ва нозирини маҳалливу байналмилалӣ эълом карданд, ки ҳукумат ба таври интихобӣ таъқиби ҷиноӣ ва боздошти мухолифини сиёсиашро анҷом медиҳад. Агарчи иттилои боэътимоде аз шумораи маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надошт, ҳукумат аз вуҷуди 239 маҳбусе, ки аъзои ҳизбу ҷунбиши мамнуъ буданд, гузориш дод.

Моҳи декабри соли 2017 Фарҳод Худоёров, раҳбари шохаи маҳаллии ҳизби сусиалистӣ–демукросӣ, тавассути кормандони дафтари додситонии ноҳияи Рашт дастгир шуд. Худоёров бо иттиҳоми тавҳин ба мақомот ва таҳдиди онҳо муттаҳам шуд, ва дар моҳи январ ба муддати 15 руз ба ҳабси идорӣ маҳкум шуд, бо иддаои ҷурме, ки гуё Худоёров бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз забони нопок муошират кардааст. Худоёров ин ҷурмро эътироф накардааст, ва изҳор доштааст, ки танҳо чанд паёми матниро ба райиси идораи минтақа ирсол кардааст, ки дар онҳо аз мушкилоти маҳаллӣ шикоят кардааст.

Рузи 24 август вакил ва ҳомии ҳуқуқи башар Шуҳрат Қудратов, ки дар зиндон беш аз чаҳор сол қарор дошт, озод шуд. Соли 2015 Қудратов бо ҳукми додгоҳ ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда буд, ва фаъолони ҳуқуқи башар бар онанд, ки ин ҳукм ангезаи сиёсӣ доштааст.

Парвандаҳои шаҳрвандӣ ва имконоти дифоъ дар додгоҳ

Парвандаҳои шаҳрвандӣ дар додгоҳҳои умумии шаҳрвандӣ, додгоҳҳои иқтисодӣ ва додгоҳҳои низомӣ баррасӣ мешаванд. Қозиҳои додгоҳ метавонанд ба пардохти ҷубронпулӣ ба осебдидагони парвандаҳои ҷиноӣ ҳукм бароранд. Дар кишвар ҳеҷ низоми алоҳидаи додгоҳӣ барои ҷавонон вуҷуд надорад, аммо дар чанде аз додгоҳҳо утоқҳои ҷудогонае барои кудакону наврасон вуҷуд доранд, ки ба воситаи видеокамера бо толори додгоҳ пайваст ҳастанд.

ё. Мудохилаи худсарона ва ё ғайриқонунӣ ба ҳарими хусусӣ ва хонавода, ба манзил ва муоширати хусусии шаҳрвандон

Қонуни асосӣ халалнопазирии манзили шахсиро таъмин мекунад. Бо чанд истисно, вуруд ба манзили шахсӣ бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ, ва ё маҳрум кардани шаҳрвандон аз манзилашон хилофи қонун мебошад. Тибқи қонун кормандони пулис ҳақ надоранд бидуни тасвиби намояндаи додгоҳ ба манзили шахсӣ ворид шаванд ва дар он кофтуков намоянд. Танҳо дар мавридҳои истисноӣ кормандони идороти ҳифзи қонун метавонанд бе иҷозати додситон кофтуковро анҷом намоянд, ва он ҳам танҳо дар ҳолати вуҷуд доштани “нигароние, ки мумкин аст ҷисми мавриди кофтукову мусодира аз даст равад, осеб бинад, ва ё бо мақсадҳои ҷиноӣ истифода шавад, ва ё муҷрим фирор кунад». Қонун иброз медорад, ки роҷеъ ба чунин кофтуковҳо додгоҳ бояд дар арзи 24 соат хабардор шавад. Дар амал кормандони пулис аксаран ин муқаррароти қавонинро нодида мегиранд ва ҳуқуқи шаҳрвандонро оиди халалдор нашудани ҳаёти шахсӣ поймол мекунанд, аз ҷумла, бидуни тасвиби муносиби расмӣ кофтукови шахсиро анҷом медиҳанд.

Тибқи қонун танҳо бар асоси тасвиби судӣ “агар заминаҳои кофие вуҷуд доранд барои бовар ба он, ки ашё ва ё долоил ё иттилооти ба парвандаи ҷиноятӣ дахлдор дар дохили мактубҳо, телеграммаҳо, радиограммаҳо, бастаҳо ва ё дигар навъи ирсоли почтаю телеграф ҳастанд, онҳоро метавон дастгир кард”. Ин қонун эълом медорад, ки назорати телефонҳо ва ё дигар воситаҳои муҳобира танҳо бо тасвиби суд бояд анҷом гирад. Кормандони мақомоти амниятӣ ағлаб назоратро аз иртиботи шавҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зангҳои телефонии онҳо бидуни тасвиби идораҳои додгоҳ анҷом медиҳанд.

Дар моҳи августу авоили сентябр, дар арафаи ҷашнгирии рузи Истиқлолият, ки 10 сентябр қайд карда мешавад, кормандони идороти ҳифзи қонун аз нав аз паи дарёфти “шаҳрвандони сабтнашуда», яъне афроде ки дар як ҷо сабт шудаанду дар ҷои дигар иқомат мекунанд, амалоти кофтуковро анҷом доданд.

Тибқи қонуни масъулияти волидайн мақомоти давлатӣ метавонанд аъзои хонаводаро бо ҷурме, ки аъзои дигари хонавода, масалан, кудакони ноболиғ анҷом додаанд, ҷазо диҳанд. Гузоришҳое ҳамоно ба даст мерасиданд, ки аъзои муқими Тоҷикистон будаи хонаводаи мунтақидони ҳукумат, ки дар табъиз ба сар мебаранд, аз тарафи мақомот таҳти таъқибу озору азият қарор гирифтаанд.

Бахши 2. Эҳтироми озодиҳои шаҳрвандон

а.Озодии баён, аз ҷумла озодии матбуот

Қонун озодии сухан, ва аз ҷумла озодии матбуотро тазмин мекунад, аммо ҳукумат ин ҳуқуқҳоро маҳдуд сохтааст.

Озодии сухан: Мақомот ба тангсозии озодии сухан аз тариқи боздошт, озору азият, таҳдид ба ҷаримабандии шадид, ва ҳам тавассути тасвиби қонуни беш аз ҳад сангини тӯҳмат, ва бо бастани расонаҳои ахборӣ идома дод. Мутобиқи қонун барои тавҳин овардан ба раиси ҷумҳур ҷазои то ба панҷ соли маҳбусӣ дар зиндонӣ муайян шудааст.

Соли 2016 Шурои олӣ ба моддаи 137 Қонуни ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки барои тавҳини умумии пешвои миллат ва ё баёноте, ки ба ӯ тавҳиномез аст, аз ҷумла дар интернет, ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Барои чунин амали ҷиноӣ ҷазои зиндонӣ шудан то ба панҷ сол муайян шудааст. Моҳи август додгоҳи вилояти Хатлон муҳоҷири корӣ Умар Муродовро аз Муминобод барои «таҳқир ва тавҳини раиси ҷумҳур» ба муддати панҷу ним сол ба маҳбусӣ дар зиндон маҳкум кард. Мувофиқи парвандаи додгоҳ, Муродов дар сойти русзабони “Одноклассники”, ки онро теъдоди зиёди муҳоҷирони кории Тоҷикистонӣ истифода мекунанд, видиое, ки дар он интиқоди раиси ҷумҳур вуҷуд доштааст, «лайк» кардааст. Муродовро рузи 12 июн, вақти аз Москва ба Тоҷикистон баргаштанаш дастгир карданд. Рузи 18 июл намояндагони мақомоти интизомӣ ба расонаҳои хабарӣ гуфтанд, ки дар замони дар Москва буданаш Муродов дар саҳфаи худаш дар бахши назароти вебсойти «Одноклассники», зери видео ки дар он даъвати бо зӯр сарнагун кардани ҳукумат ва тавҳин ба раиси ҷумҳур вуҷуд доштааст, «лайкҳо» гузоштааст. Моҳи май дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ Муминов хабар дод, ки ҳокимони Муминобод ба ӯ қавл доданд, ки агар ба сурати довталабона ба ватан баргардад, ӯро дастгир намекунанд.

Озодиҳои матбуоту расонаҳо: Расонаҳои мустақил аз ҷониби ҳукумат борҳо таҳти фишори шадид қарор гирифтанд.
Бо вуҷуди он ки баъзе нашрияҳои чопӣ тафсилоту таҳқиқоти сиёсиеро бо танқиди ҳукумат чоп кардаанд, рузноманигорон хотирнишон карданд, ки бархе мавзуъҳо аз тарафи мақомот ғайри қобили қабул маҳсуб мешаванд, аз ҷумла, иттилооти марбут ба беназмиҳои молие, ки аз тарафи афроди наздик ба раиси ҷумхур анҷом шудаанд, ва ё маълумот роҷеъ ба ҳизби мамнуъи ҲНИТ.

Дар бахшҳои хурди кишвар чандин истгоҳҳои телевизионӣ ва радиоҳои мустақил мавҷуд буданд, вале аксари василаҳои пахшкунандаро ҳукумат зери назорати худ доштааст.

Мувофиқи муқаррароти “Дастурҳои таҳияи барномаҳои радио ва телевизионӣ” ҳукумат тавассути Кумитаи давлатии телевизион ва радио ба “танзиму назорат аз болои истеҳсоли тамоми тавлидоти иттилоъии шабакаҳои телевизион ва радио, новобаста аз навъи соҳибияти онҳо” ҳақ дорад.

Ҳукумат ба фаъолияти озоди чанде аз матбуоти хориҷӣ иҷозат додааст, аз ҷумла, пахши дубораи барномаҳои телевизион ва радиои Русия.

Хушунат ва озору азият: Рузноманигорон мисли қабл аз тарафи мақомоти давлатӣ мавриди озору азият қарор мегиранд. Агарчи ҳукумат соли 2012 тӯҳматро қонунан аз феҳристи ҷиноят берун сохтааст, мақомот ҳамоно, ба таври муназзам бар зидди расонаҳои хабарӣ барои нашри маводи инитиқодӣ роҷеъ ба ҳукумат парвандаҳои туҳмату тақаллубро оғоз мекарданд.

Рузи 22 август, пас аз 8 мохи боздошт дар зиндон, бо сабук кардани иттиҳоми зидди рӯзноманигори мустақил Хайрулло Мирсаидов мақомот ӯро аз маҳбас озод кард. 11 июн, пас аз он ки додгоҳи шаҳри Хучанд Мирсаидовро бо иттиҳоми “дуздӣ аз буҷаи давлат”, “ҷаъли аснод” ва “паҳн кардани иттилооти аёнан ғалат” гунаҳгор ҳисоб кард, ӯ ба 12 соли зиндон дар маҳбаси низомаш шадид маҳкум шуд.

Мирсаидов моҳи декабри соли 2017 бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят ба додгоҳ кашида шуд, каме пас аз он ки ӯ мақомоти Вазорати кор бо ҷавонон ва варзишро ба таври расмӣ ба тамаъи ришва муттаҳам кард. Пас аз чанде додгоҳ яке аз иттиҳомоти аслии худро инкор кард, ва он ҳам иттиҳоми “таҳрики танаффури байниқавмӣ ва мазҳабӣ”. Ҷиддӣ будани иттиҳомот ва замони матраҳи онҳо нигарониеро ба вуҷуд оварданд, ки мақомот ба ин тариқ мехоҳад Мирсаидовро барои ифшогариҳояш ҷазо диҳад.

Сонсур ва ё маҳдудияти муҳтаво: Рузноманигорон ба таври мудовим аз худсонсурӣ истифода мекарданд, то аз вокунишҳои нохуши ходимони ҳукумат пешгирӣ кунанд. Сиёсатмадорони мухолифин ба телевизиони давлатӣ дастарсии маҳдуд доштанд, ва ё ҳеҷ дастрасие надоштанд. Дар ҳоле, ки ҳизби раиси ҷумҳур фурсатҳои фаровоне барои пахши паёмҳои худ дошт, ҳукумат ба аҳзоби мухолиф барои ифодаи назарҳои сиёсиашон ҳадди ақали вақтро дода буд.

Ноширони рӯзномаҳо хабар доданд, ки мақомот маҳдудияти паҳнсозии маводро ҷорӣ намуд, ва аз тамоми рузномаву маҷаллаҳо, ки беш аз 99 нусха чоп мешаванд талаб кард, ки дар Вазорати фарҳанг сабти ном кунанд. Ҳукумат ҳамчунон ба назорат кардани ҳамаи матбааҳои асосӣ ва бозрасии таъмини қоғази нашриявӣ идома дод. Истгоҳҳои радиои маҳаллии мустақил мисли қабл ба мушкилоти сабти ном, ва ба таъхир андохтани дарёфти иҷозатномаи расмӣ дучор мешуданд, ки ин ҳол онҳоро аз пахши барномаҳо бозмедошт. Мақомот додани иҷозатномаҳои расмии корро ба истгоҳҳои радиоии нав, қисман тавассути талаби як дархости беш аз ҳад печидае маҳдуд сохта буд. Истгоҳҳои радиоии нав ризоият ва иҷозатномаҳои расмиро бояд аз Кумитаи миллии телевизион ва радио дарёфт мекарданд, ки ин Кумита муассисаи давлатӣ буда, истгоҳҳои радио ва телевизионии кишварро мустақиман идора мекунад. Ҳукумат ҳамчунон ба рад намудани барқарории иҷозатномаи расмии пахши барномаҳои Би-би-сӣ дар мавҷи FM идома дод.

Қонун дар бораи бӯҳтону тӯҳмат: Дар соли 2012 ҳукумат қонуне, ки бӯҳтону тӯҳматро амали ҷиноӣ медонист, бекор кардa дараҷаи ҷиддияти онро то ба «вайронкориҳои шаҳрвандӣ» паст кард. Вале дар қонун ҳанӯз бандҳои баҳсбарангезе вуҷуд доранд, ки тибқи онҳо таҳқири ошкорои раиси ҷумҳур гуноҳест, ки метавонад боиси ҷарима шавад ва ё то панҷ соли маҳбусӣ ба бор оварад. Бо вуҷуди он додгоҳҳо, бахусус бар зидди нашрияҳое, ки аз ҳукумат танқид мекарданд, зуд–зуд парвандаҳоеро бо ҷурми тӯҳмат огоз мекарданд.

Озодии истифодаи интернет

Фаъолияти интернетии ашхос ва гуруҳҳои алоҳида, аз чумла пости электронии онҳо таҳти назорати фарохи мақомот қарор гирифтааст, ва бинобар ин корбарони интернет маҷбур буданд ибрози назари хешро дар интернет сенсур намоянд. Мақомот бархе аз вебсойтҳо ва порталҳои хабариро, ки дар он маводи танқиди ҳукумат мунташир шуда буд, масдуд карданд, ва ҳам борҳо барои фурӯ нишондани танқид ба муваққатан ё комилан бастани интернет ва барномаҳои паёмакҳои расонаӣ даст заданд.

Мутобиқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки 17 июни соли 2017 мунташир шуд, танҳо 17 фоизи аҳолӣ ба таври муназзам аз интернет истифода мебаранд.

Ҳукумат маҳдудсозиҳои наву такрории дастарасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла, Facebook, YouTube, Google, ва радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро идома дод, агарчи дар тули сол чанде аз маҳдудиятҳо бардошта шуда буданд. Хадамоти давлатии мухобирот (ХДМ), идораи расмии назорати мухобирот, дахл доштани худро ба масдудияти дастрасӣ ба ин сомонаҳо пайваста рад менамуд, вале ҳукмат эътироф кард, ки ба таври давраӣ қонунеро татбиқ мекунад, ки қатъи муҳтавои интернет ва иртиботи хабариро «ба нафъи амнияти миллӣ” тақозо дорад. Ҳукумат ба татбиқи қонуне, ки соли 2015 ба тасвиб расидааст идома дод, ки бар асоси он Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар тули амалиёти амниятӣ ҳақ дорад интернет ва дигар васоили иртиботро қатъ намояд.

12-ӯми июл Маҷлиси Миллии Шурои Олӣ қонунеро қабул кард, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҷоза медиҳад то дар интернет шаҳрвандони кишварро пайгирӣ намоянд. Тибқи ин қонуни нав, идораҳои ҳифзи қонун метавонанд гардиши интернетро назорат карда, дастрасӣ ба маводе дошта бошанд, ки шаҳрвандони кишвар вуруди кадом сомонаҳо мешаванду дар ҷустуҷӯи чӣ иттилооте ҳастанд. 13 июн Маҷлиси Намояндагони Шурои Олӣ ислоҳотро марбут ба Қонуни ҷиноӣ ба тасвиб расонд, ки бар асоси он барои истифода аз ”like” ё ”share” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар иртибот бо иттилооти марбут ба “терруризм” ё “ифротгарӣ” муҷозоти то 15 соли маҳбусӣ дар назар дошта шудааст. Намояндагони Шурои Олӣ ба бахши 179–и Қонун “Дархостҳои оммавӣ барои иҷрои амалиёти моҳияти терруристӣ дошта ва (ё) тавҷеҳи умумии фаъолияти террористӣ” ибораи “тариқи интернет”-ро ба банди дуввуми ин бахш илова карданд.

Озодиҳои маориф ва рӯйдодҳои фарҳангӣ

Вазорати маориф муқаррароти сабки либоспӯшиеро, ки ҳиҷобро дар мактабҳо ва муассисоти давлатӣ манъ месозад, ҳифз намуд. Ҳукумат пӯшидани рӯймоли миллии занонаро, ки қисми сарро пӯшонида гарданро боз мемонад, дар мактабу донишгоҳҳо иҷозат дод. Бархе аз толибагон дар роҳи ба мактаб рафтану аз мактаб омадан ҳиҷоб пӯшида дар вақти вуруди мактаб онро мекашиданд. Волидайну масъулони мактаб бо ин гуна тартиб зоҳиран мувофиқа кардаанд. Илова бар ин, Вазорати маориф манъ будани ришро низ барои ҳама муаллимҳо нигаҳ дошт. Тибқи гузоришҳо, шогирдоне, ки риш доштанд аз синф хориҷ карда шуда, мавриди пурсишу суҳбати пешгирона қарор доштанд, ва даъват мешуданд, то ришашонро тарошанд. Моҳи январ, Вазорати маориф муқарраротеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар тули соли таҳсилӣ ҳамаи муаллимон, донишҷӯён ва толибилмони ҷинси зан ба пӯшидани либоси миллӣ вазифадор ҳастанд.

Дар моҳҳои июлу август мақомоти давлатӣ талошҳоеро бештар карданд, то шаҳрвандон аз пӯшидани “либоси бегонагон” даст кашанд, ки ин ҳам дар мадди аввал ҳиҷоберо дар назар доштааст, ки мӯю гӯшу гардани занонро рӯпӯш мекунад. Мутобиқи гузоришҳои ахбори умум Кумитаи давлатии умури занон дар ҳамкорӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ зидди занони ҳиҷобпӯш маъракаҳои иттилоотӣ ва ё “рейдҳо”-ро дар маҳалоти ҷамъиятӣ ба роҳ андохта, онҳоеро, ки аз кашидани ҳиҷобашонро саркашӣ мекарданд, бо бастани 1 000 сомонӣ ($115) ҷарима ва ё маҳбусии муддаташ 6 моҳ таҳдид мекарданд. Дар посух ба чунин гузоришҳои ахбори умум Вазорат мавҷудияти чунин ҳодисаҳоро инкор намуда, исрор дошт, ки ҳукумат чунин маъракаҳои оммавиро барои тарғибу ривоҷи фарҳангу либоси миллӣ анҷом медиҳад.

Дастури Вазорати маориф маъмурияти ҳамаи мактабҳоро вазифадор месозад, ки шогирдонро роҷеъ ба талаботе дар Қонуни масъулияти волидайн огоҳ кунанд, ки тибқи он иштироки ашхоси синнашон поёнтар аз 18 сол дар маросимҳои умумии мазҳабӣ, ба истисно аз ҷаноза мамнуъ аст. Ҳамзамон Қонун дар назар дорад, ки бо иҷозати навиштории волидайн ашхоси аз ҳафт то 18 сола ҳақ доранд дар вақти озод аз таҳсили мактаби давлатӣ ба таҳсили мазҳабӣ машғул шаванд, ва ҳамчунин, боз ҳам хориҷ аз барномаи мактабиашон, чун бахше аз таҳсили мазҳабиашон дар муассисаҳои динӣ ба ибодат пардозанд.

Ҳукумат аз ҳамаи шахсоне, ки машғули таҳсили мазҳабӣ дар хориҷи кишвар мебошанд талаб намудааст, ки дар Кумитаи давлатии умури динӣ (КДУД), Вазорати маориф ва Вазорати умури хориҷӣ сабти ном кунанд. Барои вайрон кардани ин муқаррарот, яъне бе иҷозати КДУД фиристодани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар барои таҳсили мазҳабӣ, фаъолияти мавъиза (тарғиб), таълими мафҳумҳои динӣ, ва таъсиси робитаҳо бо гурӯҳҳои динӣ дар ин қонун ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Вазорати маориф ширкати донишҷӯёнро дар тули соатҳои дарсиашон дар анҷуманҳои созмонҳои хориҷӣ ва ё маъракаҳое, ки аз тарафи ин созмонҳо маблағгузорӣ карда шудаанд, манъ кардааст.
Гузоришҳои ба даст расида нишон медиҳанд, ки 28 феврал Вазорати маориф муқаррароти наверо ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он донишҷуёне, ки моил ба таҳсил дар хориҷи кишвар ҳастанд, ва кормандони Вазорат, ки бо майли таҳсил азми сафари хориҷа доранд, бояд иҷозаи махсусеро аз Вазорат бигиранд.

Тибқи гузоришҳо 22 апрел Хадамоти давлатии назорат ва танзими иртибот ва иттилоъ бидуни ҳеҷ гуна арзи далел, дастрасӣ ба вебсойти Анҷумани корбарони шабакаҳои илмӣ, пажуҳишӣ, омузишӣ ва роёнаиро масдуд карда, дафтари ин созмонро, ки ба он беш аз 20 муассисоти таҳқиқотӣ, ва беш аз 30 муассисоти омузишӣ шомил буданд, бастааст.

Дар тули сол чанд гузорише ба даст расиданд, ки мутобиқи он олимону муҳаққиқоне, ки аз руи мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ, динӣ ва таърихӣ кор мекарданд, аз тарси вокуниши нохуши мақомот мақолаҳояшонро на танҳо барои чоп, балки барои тақриз ҳам намесупоридаанд.

б. Озодиҳои тазоҳурот ва анҷумани осоишта

Ҳукумат озодии тазоҳурот ва иттиҳоди осоиштаро тавассути талаботи дарёфти иҷозати расмии мақомоти маҳалӣ, ва ҳам тавассути бозрасиҳои паёпай аз тарафи идороти гуногуни давлатӣ маҳдуд сохтааст.

Озодии тазоҳуроти осоишта

Қонуни асосӣ ҳаққи озодии тазоҳуроти осоиштаро таъмин месозад, аммо гузаронидани тазоҳуроти оммавӣ бояд мавриди иҷозати расмии мақомоти давлатӣ қарор гирад. Тибқи гузориш ашхосе, ки майли гузаронидани эътирози осоиштаро доштанд, аз тарси озору азият аз тарафи мақомот аз иҷрои ин амал худдорӣ карданд.

Озодии анҷуман

Қонуни асосӣ озодии анҷуманро ҳимоят мекунад, вале мақомоти давлатӣ ин ҳуқуқро маҳдуд сохтааст. Мисли соли қабл, созмонҳои ҷомеаи маданӣ афзоиш ёфтани теъдоди назарраси тафтишоти сабти ном ва андозсупориро аз тарафи мақомот гузориш доданд. Мақомот ба назорати иҷрои муқаррароти худ роҷеъ ба мамнуъ будани тазоҳуроту анҷуманҳо дар зери парчами Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, идома бахшиданд. Дар натиҷаи ҳамапурсии умумии соли 2016 фаъолияти азҳоби сиёсие, ки хосияти миллигароӣ ва мазҳабӣ доранд, ғайриқонунӣ дониста шудаанд.

в. Озодии мазҳаб

Лутфан ба ин сомонаи Департаменти Давлатӣ оиди Гузориши озодии мазҳаб дар кишварҳои ҷаҳон (International Religious Freedom Report) назар андозед: www.state.gov/religiousfreedomreport/

г. Озодии ҳаракат

Қонуни кишвар озодии сафар ба хориҷа, муҳоҷират, ва бозгашт ба ватанро фароҳам овардааст, аммо ҳукумат дар ин бобат баъзе маҳдудиятҳоеро ҷорӣ кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба моддаи 14 Қонуни асосӣ маҳдудияти ҳуқуқ ва озодиҳои як фард ва шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, таъмини низоми умумӣ, ҳимоят аз асосҳои низоми Қонуни асосӣ, амнияти давлат, дифоъи миллӣ, ахлоқи умумӣ, беҳдошти аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ мумкин аст.

Ҳукумат аҳёнан бо Дафтари Комиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид (UNHCR) ва дигар созмонҳои башарӣ дар масоили таъмини ҳимояту кумак ба шахсони тарки маҷбурии макон кардаи дохилӣ ва дигар ашхос, ҳамкорӣ менамуд.

Ҳаракат кардан дар дохили кишвар: Ҳаракати хориҷиён, ба ҷуз дипломатҳо ва кормандони созмонҳои байналмиллали башардустона, ба минтақаи сарҳадии 24–километраи наздики Чину Афғонистон, дар вилояти Хатлону вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон (ВМКБ), бе иҷозати лозимаи Вазорати корҳои хориҷӣ, мамнуъ аст. Кормандони ҳукумат ин маҳдудияти сафар ба сарҳади ғарбӣ бо Афғонистонро на ҳама вақт назорат мекарданд, аммо аз сайёҳон (аз ҷумла аз кормандони созмонҳои байналмиллали башардустона ва дипломатҳо) ҳамоно талаб мекарданд, ки барои вуруд ба вилояти Бадахшони Куҳӣ иҷозаи вижа гиранд. Ҳамчунин ҳукумат ба сиёсате, ки сукунати паноҳандагони афғонистониро дар маҳаллоти шаҳрӣ мамнуъ месозад, идома дод.

Сафари хориҷӣ: Дар бархе маворид шаҳрвандон аз ҳуқуқи сафари хориҷӣ маҳрум мешаванд, агар қавоиди худсарона таъсис кардаи мақомотро иҷро накунанд. Тибқи гузориши ба даст расида, мақомот шиносномаҳои Иброҳим Тиллозода, набераи чорсолаи бемории ҷиддӣ доштаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари дар бадарға будаи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ва модари Иброҳимро мусодира намуданд. Мақомот ба онҳо сафар ба хориҷи кишварро барои табобати Иброҳим, ки бемории саратони марҳилаи сеюм дошт, манъ карданд, дар ҳоле, ки табибони маҳаллӣ шароити табобати бемории Иброҳимро надоранд. 26 июл муовини раҳбари идораи Хадамоти марзӣ дар шаҳри Душанбе ба намояндагони расонаҳои ахбор хабар дод, ки ба аъзоёни ин хонавода барои сафар ба хориҷа ягон маҳдудияте вуҷуд надошт, ва эълом кард, ки ҳеҷ касе аз аъзои ин хонавода дархости гирифтани шиноснома ё иҷозати сафарро накардаанд. Пас аз он ки ин хабари мақомот ба танқид дучор шуд, ба Тиллозода шиносномаи мусофираро баргардониданд, ва ӯ бо модараш тавонист 2 август ба Туркия парвоз кунад.

Рӯзи 4-уми август ба Фотима Давлатова, духтари 10-солаи фаъолини ҳуқуқи башар Шабнам Худойдодова, ки бо бибиаш ва амакаш, озими сафар ба назди модараш буд, парвозро ба Аврупо манъ карданд. Ҳудойдодова, узви созмони ҳуқуқи башари Гурӯҳи–24, ки фаъолияти он дар кишвар мамнуъ шудааст, аз соли 2015 дар бадарға аст.

Рузи 11 август пас аз танқиди созмонҳои байналмилалӣ кормандони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ бо Фотима Давлатова, модарбузургаш ва амакаш тамос гирифта ба онҳо гуфтанд, ки ба асноди онҳо хатое рафтааст, ва чиптаи ҳавопайморо ба дасташон супорида иҷозат доданд, ки ба Алмаато парвоз кунанд, ва бо Худойдодова бипайванданд.

Дар талоши худ ба дарёфту ба кишвар бозгардонидани мухолифини сиёсии дар хориҷи кишвар сукунат дошта, мақомот аз механизмҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқ ба мисоли “огоҳномаҳои сурхи” Интерпол сӯиистифода мекарданд. Ин мухолифин дар асоси иттиҳоми сохтаи ифротгароӣ, ки дар асл ангезаи сиёсӣ доранд, боздошт мешаванд.

Тибқи хабарҳои ба даст расида, моҳи июн пулиси ҷумҳурии Чех сухангуи ҲНИТ Бобоҷон Қаюмзодаро ҳангоми вурудаш ба ин кишвар боздоштааст, зеро номи ӯ дар феҳристи афроде ҷой доштааст, ки барояшон вуруд ба ҷумҳурии Чех мамнуъ шудааст. Кормандони пулис ӯро дар тули тамоми руз дар боздоштгоҳ нигоҳ доштаанд, ва сипас озод кардаанд.

Рузи 4 август, мақомоти Лаҳистон дар асоси огоҳномаҳои сурхи Интерпол узви ҲНИТ Маҳмадалӣ Тешаевро боздоштаанд. Ӯро ҳам рузи 10 август дар асоси ҳукми додгоҳи Лаҳистон, бо назардошти заминаи сиёсӣ доштани парвандааш, озод карданд.

Бар асоси гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, узви раҳбарияти ҲНИТ Нумонҷон Шарипов, ки мақомоти Туркия ӯро ба намояндагони диплумосии Тоҷикистон интиқол додаанд, зуран аз Туркия ихроч шудааст. Бар асоси хабарҳое, ки дар вебсойти ҲНИТ нашр гардидаанд, Шарипов рузи 4 феврал аз тарафи масъулони низомии Туркия бо иттиҳоми нақзи қавонини муҳоҷират дастгир шуд. Тибқи гузориши вакилони Шарипов, рузи 16 феврал намояндагони мақомоти муҳоҷирати Туркия ба онҳо иттилоъ доданд, ки пас аз чанд руз муштарии онҳо иҷозаи сафар ба як кишвари севвумро хохад гирифт. Вале 19 феврал ин вакилон иттилоъ гирифтаанд, ки Шарипов аллакай кишварро тарк кардааст, ва яке аз шоҳидон, ки номаш гузориш нашудааст, гуфтааст, ки Шарипов дар як мошини мутааллиқ ба консулгароии Тоҷикистон ба фурудгоҳ бурда шудааст.

Ҳимоят аз паноҳандагон

Бозгашти иҷборӣ: Ҳукумат дар баъзе ҳолат дархосткунандагони паногоҳ ва ё паноҳандагонро ба кишвари аслиашон, ки дар онҷо онҳо метавонистанд дучори ҷазо ва ё шиканҷа қарор гиранд, маҷбуран ихроҷ мекард. Сездаҳ хонаводаи паноҳҷуён таҳдид ба ҷарима ё ихроҷ шудаанд.

Аз аввали сол дафтари Комиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) дар Душанбе аз ҳодисаҳои нави ихроҷ хабардор нашудааст. Дар шумораи ихроҷшудагон паноҳандагоне буданд, ки мақомашон бо сабаби нақзи муқаррароти қонуне, ки ба онҳо ҳаққи сукунат дар маҳалҳои шаҳрнишинро иҷоза намедиҳад бозпас гирифта шуд, ва ё ба иллати натавонистани иҷрои шартҳои вазнине, ки барои сабти дархости дарёфти мақоми расмии паноҳандагӣ аз онҳо талаб карда мешаванд. Бо кӯмаки Комиссариати Олии Паноҳандагон (UNHCR) дар додгоҳ аз руи шикояти бозпас гирифтани мақоми паноҳандагӣ парвандаҳо оғоз карда шуданд. Аммо мақомот ҳамоно паноҳҷуёнро ихроҷ мекарданд, дар ҳолате, ки ҷараёни бозҷуии аризаи паноҳандагон ҳануз давом доштааст. Дар чанд ҳолат хатари ихроҷи иҷборӣ вуҷуд дошт.

Дастрасӣ ба паногоҳ: Дар қавонини кишвар фароҳам овардани паногоҳ ва ато намудани мақоми паноҳандагӣ дар назар гирифта шудааст, ва ҳукумат низоми таъмини ҳимояти паноҳандагонро таъсис намудааст. Бо вуҷуди он, низому тариқи гирифтани тасмим оиди додани паногоҳ номуайяну ношаффоф боқӣ монда, равандҳои маъмурӣ ва ҳуқуқии он ба маъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқат намекунанд. Ходимони давлатӣ аз паноҳандагон ва ҷӯяндагони паногоҳ доштани иҷозаи расмии вуруд (виза) ва асноди дорои эътибори мусофиратро пеш аз вуруд ба кишвар талаб менамуданд, бо вуҷуди он, ки дар қонун ин гуна талабот вуҷуд надорад. Кормандони расмии ҳукумат ашхосеро, ки соҳиби иҷозаи расмии вуруд набуданд, бидуни риояи расмияти муносиби қонунӣ боздошт ва ихроҷ мекарданд.

Баррасии дархостҳои паногоҳ масъулияти Комиссиюни миллии таъини мақоми паноҳандагӣ (КМТП) мебошад, ки асноди қонунии иқоматро ба аризадиҳандагон омода мекунад, то аз ихроҷи маҷбурӣ эмин бошанд. Дарки мантиқи ин тасмимгириҳои маъмуриву қонунӣ, ки дар огоҳномаҳои расмӣ баён гардидаанд, мушкил аст. Дар баъзе маворид ҳангоми рад намудани дархости дарёфти мақоми паноҳандагӣ, мақомоти давлатӣ сабаби камбуди далел аз озору шиканҷа дар ватани гуреза, ва ё рафтори ғайриқонунии талабгори таҷдиди мақоми паноҳандагӣ, аз қабили вайрон кардани қоидаи истиқомат дар шаҳри Душанберо зикр карданд. Тибқи иттилооти ғайрирасмӣ, баъзе паноҳандагон иддао доштанд, ки мақомот метавонад ҳар як дархостеро рад намояд, агар ришваи ба андозаи кофӣ бузурге пардохта нашавад.

Мақомот таҳмил намудани маҳдудиятҳои ҷиддиро бар дархосткунандагони паногоҳ идома дод, ва кормандони идораҳои расмӣ ба татбиқи Қонуни соли 2000 қабул шуда идома доданд, ки тибқи он истиқомати паноҳандагон ва дархосткунандагони паноҳандагӣ дар пойтахту шаҳрҳои калон манъ аст.Кормандони амнияти миллӣ ҷамъияти паноҳчӯёнро муназзам назорат менамуданд. Дархосткунандагони паноҳандагӣ ва паноҳандагон мураттабан ба Комиссариати Олии Паноҳандагон (UNHCR) гузориш медоданд, ки кормандони амният ба таври маъмулӣ онҳоро ба иллати надоштани шиносномаи ҳуввияти шахсӣ озор медиҳанд, ва аз онҳо пул меситонанд. Бо иддаои он, ки паноҳандагон ва паноҳгоҳҷуён дар маҳалли манъшуда истиқомат мекунанд, полис манзили онҳоро мавриди ҳамалот (рейдҳо) қарор медод.

Афзоиши тафтиши шахсони дар минтақаи наздики Душанбе сукунат дошта, ва ҳам истифода аз муқаррароти ҳукуматии No 325, ки ба паноҳандагон сукунат дар маҳалоти бузурги шаҳрӣ, аз ҷумла шаҳри Душанберо мамнуъ сохтааст, иллати афзоиши чашмгири оғози парвандаҳои маъмурӣ ба муқобили паноҳандагон будааст.

Қонун пешбинӣ менамояд ки мақоми паноҳандагӣ ба муддати то се сол дода шавад. Аз соли 2009 Шӯъбаи шаҳрвандиву шуғли паноҳандагон, ки таҳти Хадамоти бақайдгирии шиносномаҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ амал мекунад, масъулияти ҳалли масоили паноҳандагонро бар ӯҳда дошт. Паноҳандагон ҳар сол барои тамдиди мақоми паноҳандагиашон бояд аз қайди нав гузаранд.

Мутобиқи омори расмӣ дар кишвар 2647 паноҳандаи сабти ном шуда иқомат мекард, ки 99 дар сади ин паноҳандагон аз Афғонистон буданд. Бар иловаи он 167 тан паноҳандагони дигар, ки аксари онҳо ҳам аз Афғонистон буданд, дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Озодии ҳаракат: Мутобиқи муқаррароти ҳукуматии шумораи 325 сукунат дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла шаҳри Душанбе барои паноҳандагон манъ аст, ки имконоти пайдо кардани мактабу ҷои корро барояшон маҳдуд месозад.

Дастрасӣ ба хадамоти асосӣ: Паноҳандагон ва паноҳҷуён баробар бо шаҳрвандон ҳаққи қонунии дастрасӣ ба таҳсилу хидмати пизишкиро доранд. Вазорати маориф ба волидайни паноҳандагони афғонистонӣ иҷозат додааст, ки кудакони онҳо дар мактабҳои маҳаллӣ ройгон таҳсил кунанд. Шарикони Комиссариати Олии Паноҳандагон (UNHCR) ин кудаконро бо китоб ва либоси мактабӣ таъмин намуданд ва ҳам барояшон дарсҳои забонро омода карданд. Қонун паноҳандагони сабти ном шударо бо дастрасии баробар бо шаҳрвандон ба хадамоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ ва низоми ҳуқуқӣ таъмин мекунад, агарчи дар амал паноҳандагон на ҳама вақт ин гуна дастарсии баробарро соҳиб буданд. Хонаводаҳои паноҳандагони берун аз ҳифзи иҷтимоӣ, барои пардохти хизмати тиббӣ кумакпулӣ мегирифтанд. Паноҳандагон ағлаб мавриди озору пулситонӣ қарор мегирифтанд. Дар чуни ҳолат шарикони Комиссариати Олии Паноҳандагон (UNHCR) оиди кумакҳои ҳуқуқӣ ба муштариён тавассути додгоҳ дар барқарории ҳуқуқҳои поймолшудаашон кумак мекарданд, ва ҳамзамон барои мақомоти маҳаллӣ дарсҳо ва дигар фаъолияти болобарии огаҳӣ аз ҳуқуқи паноҳандагонро доир менамуданд.

Роҳҳои ҳалли баландмуддат: Мутобиқи ислоҳот ба Қонуни шаҳрвандӣ, ки соли 2015 қабул шуда буд, мақомот муқаррароти тасвиби сареъи тобеиятро бекор карда, бо ин кор паноҳандагонро, ки барои дарёфти мақоми шаҳрвандӣ дархост додаанд, дар як қатор бо хориҷиёне, ки паноҳҷӯ нестанд, баробар кард.

Афроди бидуни шаҳрвандӣ

Моҳи апрели соли 2017 ба Қонуни шаҳрвандии соли 2015 иловаҳои зермаҷмуаи қонунӣ бо дастурамали тарзи татбиқи онҳо қабул шуданд. Азбаски Қонуни шаҳрвандӣ танҳо доираи умумии масъалаҳои оид ба шаҳрвандиро матраҳ месозад, зарурати рушансозии усулу низоми марбута барои дархосткунандагони шаҳрвандӣ, ва ҳам барои кормандони давлатӣ пайдо шуда буд. Дар муқаррароти ин зермаҷмуаи қонун, ки низоми иҷрои қонунро таҳким мекунад, дастурамали рушани ирояи асноди лозимӣ, ваколатҳои ҳар идороти масъули қабулу таҳқиқи ин аснод, низоми тасмимгирӣ ва салоҳияти ин идорот дар масоили шаҳрвандӣ, масъулияти созмонҳои давлатӣ дар ирояи маълумоти саривақтӣ дар мавриди тасмими гирифташуда, ва ҳам ҳуқуқи дархосткунандагон ба боздиди қонунии тасмими додгоҳ ва иқдоми идороти давлатӣ шарҳ дода шудаанд. Тасвиби ин муқаррароти зермаҷмуаи қонун бояд ба таъмини як раванди шаффофтару коромадтари баррасии парвандаҳои марбут ба шаҳрвандӣ мусоидат кунад, ва ҳамчунин барои баҳраоварии бештаре дар кам шудани теъдоди афроди бидуни ҳаққи иқомат дар кишвар.

Ҳукумат, Комиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид (UNHCR) ҳамроҳ бо шариконашон аз ҷумлаи созмонҳои ғайридавлатӣ, дар се вилояти кишвар (Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеъи марказ) татбиқи барномаҳоеро идома доданд, ки ба дарёфту ҳалли масоили афроди бидуни ҳаққи иқомат ва афроди мақоми шаҳрвандиашон номуайян бахшида шуда буд. Аз моҳи ноябри соли 2017, замони оғози барнома ва то 30-ӯми июни соли 2017 дар ин се минтақа 30 107 фард ташхис ва сабти ном шуданд, ки мутобиқи гуруҳбандии UNHCR афроди бидуни шиносномаи шаҳрвандӣ ва афроди мутааллиқ ба гуруҳи ашхоси бидуни шиносномаи шаҳрвандӣ буданд, аз чумла афроди шаҳрвандии Шуравии собиқ дошта, вале бо шаҳрвандии номуайяни кунунӣ. Аз ин теъдод мушкилоти 23 524 нафари онҳо ҳал шуд, аз ҷумла мушкилоти бузургсолон ва кудаконе, ки шаҳрвандии онҳо аз тарафи мақомоти маҳаллӣ тасдиқ шудааст. Бо ин ҳол нисбати бархе аз афроди ба қайд гирифта шуда, ҳалли дарозмуддати ин мушкилот пайдо нашуд, бинобар он, ки ин афрод дар манотиқи дурдасти кишвар истиқомат доштанд ва тавони молии пардохтани роҳпулӣ ва харҷи марбут ба исботи шаҳрвандиашонро надоштанд. Дар натиҷа, маҷмуан 4226 нафар, ки дар манотиқи дурдасти ин се ноҳия истиқомат мекарданд, барои пардохтани харҷи хизматҳои хадамоти марбут ба исботи қонунии шаҳрвандӣ, кумак гирифтанд.

Бахши 3. Озодии ширкат дар раванди сиёсӣ

Қонун ба шаҳрвандон ҳуқуқи интихоби идороти ҳукуматро тавассути баргузории интихоботи мунтазаму озоду одилона бар асоси ҳуқуқи умумӣ ва баробари иштирок дар интихобот фароҳам меоварад, аммо ҳукумат ин ҳуқуқро маҳдуд сохтааст. Раиси ҷумҳур ва ҳомиёни ӯ ҳукмфармоиро бар давлат идома доданд, ва барои нест кардани плуролизми воқеӣ кушишҳои зиёдеро ба харҷ доданд, то ба қудрати худ тақвият бахшанд. Ҳизби раиси ҷумҳур – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ҳар ду маҷлиси Шурои Олӣ ҳукфармо аст. Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксари вазифаҳои давлатиро ишғол кардаанд. Раиси ҷумҳур дар таъину бекор кардани кормандони давлатӣ салоҳияти васеъ дошт ва дар тӯли сол аз ин салоҳият истифода намуд.

Интихобот ва иштирок дар фаъолияти сиёсӣ

Интихоботи охир: Охирин интихоботи умумихалқӣ дар соли 2015 баргузор гардид, ва он ҳам интихобот ба Шурои Олӣ буд, ки тибқи гузориши нозирони байналмилалӣ дар ин интихобот гуногунандешӣ ва интихоби аслӣ вуҷуд надошт, ва аксари мушоҳидон хатоҳои ҷиддии низому раванди интихоботро таъкид карданд, аз ҷумла, раъйгириҳои мутааддид ва партофтани баргаҳои барзиёди интихоботӣ ба қуттиҳои интихобот.

Дар интихоботи охирини раиси ҷумҳур ҳам, ки соли 2013 баргузор гардид, ҳамчунон гуногунандешӣ ва интохоби аслӣ вуҷуд надошт, ва он ҳам ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ набуд.

Соли 2016 ҳукумат раъйпурсии умумихалқиро бо пешниҳоди интихоби 41 ислоҳот ба Қонуни Асосӣ баргузор намуд. Шаҳрвандон бо раъйҳои “бале” ва ё “на” бояд ба тамоми маҷмӯъи пешниҳодот якбора посух медоданд, ва онҳо имкону фурсати ибрози назар ва раъйи алоҳидаи хуро сари ҳар яке аз ин 41 ислоҳотро надоштанд. Бар асоси гузоришҳои расмӣ раъйдиҳандагон бастаи ислоҳотро тасвиб карданд, ва теъдоди ширкаткунандагони интихобот беш аз 90 дар сад буд. Аммо иттилоъоти ғайрирасмӣ, назарот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нишон медаҳанд, ки дар асл теъдоди ширкаткунандагони интихобот кам буд. Якчанд расонаҳои маъруфи хабарӣ, аз ҷумла “Озодагон”, “Фараж” ва “Tojnews” аз рафти референдум аслан ҳеҷ хабаре надоданд. Бо вуҷуди он, ҳафтае пеш аз ҳамапурсӣ, Хадамоти давлатии мухобирот ба ироякунандагони хадамоти интернетӣ фармон дод, ки дастрасиро ба сомонаҳои хабарии мустақили “Азия Плюс”, ”Озодагон” ва “Озодӣ” манъ созанд.

Аз 41 ислоҳоти пешниҳодшуда сетои он тағироти ҷиддиеро дар Қонуни асосӣ дар назар доштанд: яке аз онҳо ба расмият даровардани додани унвони “Пешвои Миллат” ба раиси ҷумҳур, ки он ҳам моҳи декабри соли 2015 қонунан ба раиси ҷумҳур Раҳмон бахшида шуда буд, аммо тариқи вориди ислоҳот ба Қонуни асосӣ тасдиқи онро талаб мекард. Ин унвон ҳадди замониро барои ишғоли курсии раҳбари давлат барои Эмомалӣ Раҳмон бекор сохт, ва расман ба ӯ ҳуқуқи масуниятро (иммунитет) аз ҳар гуна муҷозоти қонунӣ ва ҷиноӣ бахшид. Ислоҳоти дуввӯм синни мустаҳақи ашхосро барои вогузории номзадӣ ба вазифаи раиси ҷумҳур аз 35 ба 30 поён овард, ва ислоҳоти сеюм – фаъолияти ҳизбҳои сиёсии ғайридунявиро манъ намуд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва иштирок дар фаъолияти сиёсӣ: Дар кишвар расман ҳафт ҳизби сиёсӣ, ҷумла Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳизбҳои сиёсии мухолифро аҳолӣ ба ҳадди мутавассит дастгирӣ мекунад ва ҳукумат онҳоро ба таври комил назорат мекунад. Тамоми аъзои баланмартабаи ҳукумати раиси ҷумҳур Раҳмон узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳастанд. Аксари аъзои Шурои Олии кишвар, ки ҳамагӣ аз 97 вакил иборат аст, узви ҲХДТ, ё аъзои ҳизбҳои дигари тарафдори ҳукумат буданд, ва ё бо ҲХДТ алоқа доштанд.

Иштироки занону гуруҳҳои ақаллият: Ҳеҷ қонуне иштироки занон ва/ё аққалиятҳоро дар раванди сиёсӣ маҳдуд намесозад, ва иштироки онҳо дар сиёсат воқеан ҷой дошт. Аммо намояндагии занон дар ҷараёни тасмимгирӣ дар ҳама сатҳи муассисоти сиёсӣ камшумор буд. Занон дар ҳар се шохаи хукумат камтар аз 30 дар садро ташкил додаанд. Дар шумораи вазирон танҳо як нафар зан буд, ва ҳеҷ намояндаи гуруҳи аққалиятҳо дар ин шумора ҷой надошт. Агарчи ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ ширкати занонро дар сиёсат ташвиқ мекарданд, одобу одоти миллӣ ба ин гуна ширкат муносибати манфӣ ва мухолиферо дошт. Тибқи фармони раиси ҷумҳур, ки аз соли 1999 ҷорӣ шудааст, дар ҳар вазорат ва ё идороти давлатӣ ба ҳадди аққал як ҷонишин бояд зан бошад. Ҷомеаи маданӣ ин фармонро танқид намуда, онро чун як монеа барои вазифаҳои болоии давлатро ишғол намудани занҳо медонад.

Бахши 4. Фасод ва адами шаффофият дар фаъолияти ҳукумат

Қонун барои фасодкорӣ аз тарафи кормандони ҳукумат ҷазои ҷиноиро пешбинӣ кардааст, аммо ҳукумат ин қонунро самаранок истифода намебарад. Намояндагони мақомоти давлатӣ ба аъмоли фасодкорӣ зуд-зуд даст мезананду беҷазо мемонанд. Дар тули сол гузоришҳои зиёде ба даст расиданд, ки марбут буданд ба фасодкорӣ, хешу қавмгароӣ, ва маҳалгароӣ дар вақти қабули кормандон ба ҳамаи мансабҳои давлатӣ.

Фасодкорӣ: Моҳи маи соли 2017 ҳукумат ба Қонуни мубориза алайҳи фасод иловаҳоеро қабул кард, ки ба Хадамоти мубориза алайҳи фасод салоҳияти тафтиши фаъолияти молии ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва анҷуманҳои маҳаллии ҷамъиятиро медиҳад. Қаблан Хадамоти мазкур танҳо салоҳияти тафтишу баррасиии ҳисоби (аудит) муассисоти давлатиро дошт. Тибқи талаботи нав ҳизбҳои сиёсӣ бояд ҳар сол гузориши арзёбии хавфи фасодро дар умури худ ба Хадамоти мубориза алайҳи фасод бисупоранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ва коршиносони дохилӣ иброзӣ нигаронӣ карданд, ки ба Хадамоти мубориза алайҳи фасод додани салоҳият ба тафтиши фаъолият ва ҳолати ҳисобдории аҳзоб боиси он мегардад, ки фаъолияти ин ҳизбҳо дар зери афзоиши назорати давлатӣ қарор мегирад.

Фасод дар Вазорати маориф хосияти муназзам дорад. Аз донишҷӯёни ояндаи мактабҳои олӣ талаб карда мешуд, то барои дохил шудан ба донишгоҳҳои шӯҳратдор ба сифати ришва ҳазорҳо сомониро (чандсад доллари амрикоӣ) бипардозанд, ва ҳатто коллеҷҳои вилоятӣ аз донишҷуён то чандсад сомонӣ ришва меситониданд. Донишҷӯён барои гирифтани баҳои хуб дар имтиҳонҳо маъмулан ришваи иловагӣ медоданд.

Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти мубориза бар зидди фасод ва дафтари Додситонии Кулл (Прокуратураи генералӣ) масъули тафтиши кормандони давлатии машкук ба фосод ва дастгирӣ ва ҷазо додани кормандони фосидро бар ӯҳда доранд. Ҳукумат вуҷуди мушкилотро дар кори мубориза бо фасод эътироф карда, якчанд иқдомеро барои мубориза алайҳи он анҷом додааст, аз ҷумла, чанд корманди мақомоти сатҳи поёнро барои ришвахурӣ ба додгоҳ кашидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти мубориза бар зидди фасод пас аз хотима ёфтани тафтиш парвандаҳоро ба дафтари Додситонӣ месупоранд. Дар бархе маворид Хадамоти мазкур дар тули тамоми раванди таҳқиқот бо дафтари Додситони кулл ҳамкорӣ намуда буд.

Ифшои иттилооти молӣ: Кормандони давлатӣ аз иҷрои муқаррароти Қонуни ифшои иттилооти молӣ озод ҳастанд.

Бахши 5. Муносибати ҳукумат ба таҳқиқоти созмонҳои байналмиллалӣ ва ғайридавлатӣ дар мавриди эҳтимоли нақзи ҳуқуқи башар

Гурӯҳҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи башар бо мушкилоти бештаре дар назорат ва гузориш додани натоиҷи таҳқиқоти вазъи умумии ҳуқуқи башар дар кишвар дучор гаштанд. Созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ (СҒД) ва рӯзноманигорон аз руи эҳтиёт аз танқиди кушоди раиси ҷумҳур ва ё дигар кормандони олирутбаи давлатӣ, ва ҳам аз муҳокимаи масъалаҳои марбут ба Ҳизби манъшудаи Наҳзати Исломи Тоҷикистон, даст мекашиданд. Фишор аз тарафи ҳукумат ба СҒД-ҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ афзоиш ёфтааст. Якчанд СҒД-ҳоро мақомот бо гумонбарӣ дар нақзи қавоиди расмии маъмурӣ ва расмияти сабти номашон зери тафтиш қарор намуданд.

Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмиллалӣ: Ҳукумат барои ташриф ва боздиди намояндагони олирутбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ мусоидат намудаст, аммо ҳамоно ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дастрасӣ ба зиндонҳоро иҷоза надодааст.

Ниҳодҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқи башар: Дафтари Нозири (омбудсмен) ҳуқуқи башар дар тули сол ба шикоятҳои аҳолӣ кам таваҷҷуҳ мекард, ва маҳдудияти кадриву молии ин дафтар имконоти онро боз ҳам тангтар месохт. Дафтари Нозир дар мулоқотҳояш бо созмонҳои ғайридавлатӣ парвандаҳои ҳуқуқи башар ва масоили умумии ҳуқуқи башар дар кишварро муҳокимаву баррасӣ намудаст, аммо ин гуна баррасӣ ҳеҷ амалеро аз тарафи ҳукумат ба бор наовардааст.

Дафтари тазмини ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандон шикоятҳои аҳолиро ҳамоно баррасӣ мекард ва ба онҳо посух медод, аммо камбуди кормандону ҳамкории ноустувор бо соири муассисоти давлатӣ ба самаранокии ин дафтар монеъ шудааст.

Бахши 6. Табъиз, хушунат дар ҷомеа, қочоқи инсон

Занон

Таҷовуз ба номус ва хушунати хонаводагӣ: Қонун таҷовуз ба номусро ҷиноят ҳисоб мекунад ва мамнуъ мешуморад, ва ҷазои ин аъмол то 20 соли маҳбусӣ дар зиндон аст. Аммо ҳеҷ муқаррароте дар қавонини кишвар дар мавриди хушунати ҷинсӣ аз тарафи ҳамсар вуҷуд надорад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба занон маъмулан маслиҳат медоданд, ки аз сабти иттиҳомашон ба додгоҳ даст кашанд, аммо дар сурати исрори шахси осебдида парванда боз мекарданд. Аксарияти нозирин мӯътақиданд, ки танҳо шумораи хеле ками ҳодисаҳои таҷовузи ҷинсӣ сабт шудаанд, зеро қурбониён аз таҳқири иҷтимоӣ тарс доранд.

Дар Қонуни ҷиноятӣ оиди хушунати хонаводагӣ муқаррароти хосе вуҷуд надорад. Хушунат зидди занон, ва аз ҷумла зӯроварии ҳамсар, ба як мушкили густурдае дар ҷомеа табдил ёфтааст.

Занҳо аксаран ба хотири тарс аз озору азият ва вокуниши номуносиб аз тарафи пулис ё идораҳои додгоҳӣ ҳодисаҳои хушунатро гузориш намедиҳанд, ва ин ҳолат гунаҳкоронро дар асл аз ҷазо озод мекунад. Мақомот аксаран, тавзеҳи суннатии нақши байни ҷинсҳоро ҳимоят мекунад, ва бинобар ин хушунати хонаводагиро “масъалаи дохили хонавода” хонда, дар бештари маворид онро нодида мегирад.

Худи Кумитаи давлатии умури занон барои кӯмак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ маблағи маҳдуде дошт, ва намояндагони маҳаллии Кумита осебдидагонро барои гирифтани кӯмаки лозима ба марказҳои буҳронӣ мефиристоданд.

Моҳи апрели соли 2016 ҳукумат барои Вазорати умури дохилии кишвар дастурамали расмиро қабул кард оиди низоми ба қайд гирифтан ва ба додгоҳ супоридани парвандаҳои хушунати хонаводагӣ, чун дар Қонуни ҷиноятӣ, ҳеҷ моддаи хосе оиди ин низом вуҷуд надоштааст. Парвандаҳои хушунати хонаводагӣ дар зери банди умумии хушунат ва ё авбошӣ, бо ишораи хосе дар асноди марбута, ки ин ҳаводис мавриди хушунати хонаводагӣ аст, сабт мешуданд.

Мақомот мавридҳои сабтшудаи хушунати хонаводагиро хеле кам баррасӣ карда, шумораи хеле ками гунаҳкорони гумонбаршударо ҷазо додааст. Вазорати корҳои дохилӣ салоҳияти судури фармони маъмурии мамнуъ карданро соҳиб аст, аммо кормандони пулис дар мавриди хушунати хонаводагӣ ағлаб зери банди “нақзи қонуни маъмуриятӣ” корашонро танҳо бо додани огоҳӣ, боздошти кӯтоҳмуддат ва ё ҷарима бастан маҳдуд мекарданд.

Озори ҷинсӣ: Дар қавонини кишвар нисбати манъи озори ҷинсӣ дар ҷои кор ҳеҷ муқаррароти хосе вуҷуд надорад. Қурбониёни озори ҷинсӣ дар аксари маворид аз тарси шармандагӣ дар назари умум, гузориш намедоданд. Маъмулан, занҳои аз озори ҷинсӣ шикоят карда, ба қасоси кормандон ва инчунин бо назари интиқодии хонавода ва ҷомеаашон рӯ ба рӯ мешуданд.

Маҳдудияти иҷбории афзоиши аҳолӣ: Ҳеҷ гузорише оиди исқоти маҷбурии ҷанин, ақимсозии (стерилизатсия) иҷборӣ, ва ё дигар чораҳои маҷбурии назорати афзоиши аҳолӣ ба даст нарасиданд.

Табъиз: Агарчи қонун пардохти музди кори баробари мардону занонро таъин кардааст, монеаҳои фарҳангӣ имкониятҳои касбии занонро маҳдуд месозанд. Қонун дар соҳаи издивоҷ ва умури хонаводагӣ аз ҳуқуқи зан ҳимоят мекунад, аммо дар аксари ҳол хонаводаҳо духтарони наврасро ба издивоҷ бидуни ихтиёри худи онҳо маҷбур мекунанд. Бо сабаби хироҷи калони сабти давлатии издивоҷ, ва ҳам ба иллате, ки шариат ба мард имтиёзҳои бештареро фароҳам овардааст, издивоҷи мазҳабӣ аксаран ҷои издивоҷи маданиро гирифтанд.

Фатвои соли 2004 Шӯрои уламо аз эътибор соқит нашудааст, ва мутобиқи он ба занони аҳли мазҳаби суннӣ, ки аксарияти томи аҳолии ҷинси зани кишварро ташкил мекунанд, ибодат дар масҷид манъ аст. Инчунин, бо вуҷуди ғайриқонунӣ будани чандзанӣ, истифодаи издивоҷи мазҳабӣ ва маросимҳои динӣ онҳоро имконпазир сохтаанд. Мувофиқи гузоришҳои СҒД, то даҳ дар сади мардон дар робитаи чандзанӣ ҳастанд. Дар аксари ин гуна робитаҳо арӯсҳо наврасони ноболиғ будаанд. Издивоҷҳои дуюму сеюми ғайриқонунӣ хеле ривоҷ ёфтаанд, ки дар ин робитаҳо занҳо, ва ҳам кӯдакони онҳо, ки дар ин гуна издивоҷ ба дунё омадаанд, мақоми ҳуқуқӣ надоштаанд.

Кӯдакон

Сабти номи таваллуди кудакон: Кӯдакон мақоми шаҳрвандиашонро аз зода шудан дар дохилӣ кишвар, ва ё аз мақоми шаҳрвандии волидайни худ дарёфт мекунанд. Ҳукумат талаб мекунад, ки таваллуди ҳамаи кудакон ба таври ҳатмӣ сабти ном гарданд.

Маориф: Таҳсили озоду саросарии ҳамагонӣ то синни 16 солагӣ ва ё то хатми синфи 9 ҳатмӣ мебошад. Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) ишора бар он намудааст, ки ҳузури талабагон дар синфҳои ибтидоии мактабҳо хуб аст, аммо таҳсили духтарон ба мушкилоти хосе мувоҷеҳ мешудааст, зеро ба фикри ом ва волидайн таҳсили писарон аз таҳсили духтарон муҳимтар аст, чун онҳоро ноновари оянда медонанд.

Муносибати бераҳмона бо кӯдакон: Кумитаи умури занону кӯдакон ва идораҳои минтақавии ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон масъули ҳалли мушкилоти хушунат нисбати кӯдакон мебошанд. Дар соли 2016 ҳукумат дафтари Нозири (омбудсмен) ҳуқуқи кӯдаконро таъсис додааст.

Издивоҷи зудҳангом ва издивоҷи иҷборӣ: Синни қонунии ҳадди ақали издивоҷ барои марду зан 18 сол аст. Дар шароити истисноӣ, ки аҳамияти онро қозии додгоҳ муайян мекунад, масалан дар сурати ҳомиладорӣ, ҷуфти мазкур метавонад ба додгоҳ оиди поён овардани синни ҳаққи издивоҷ ариза диҳанд, ва ҳаққи дар 17 солагӣ издивоҷ карданро бигиранд. Шумораи издивоҷи мазҳабӣ бо наврасон дар рустои кишвар бештар буд.

Қонун бо сароҳат издивоҷи маҷбурӣ ва ё бастани қарордоди издивоҷ бо духтарони зери синни 18–ро манъ мекунад. Издивоҷ бо афроди зери синни қонунӣ бо ҷарима ва ё шаш моҳи зиндон ҷазо дода мешавад, ва ҷазои издивоҷи маҷбурӣ то панҷ соли маҳбусӣ дар зиндон аст. Дар аксари ҳолат, агар синни яке аз ҳамсарони оянда зери 18 сол бошаду натавонанд издивоҷро сабти номи расмӣ кунанд, онҳо ба осонӣ ба раҳбари мазҳабии маҳаллӣ барои анҷоми маросими издивоҷ муроҷиат мекунанд. Аммо дар ин ҳолат, яъне бидуни гувоҳномаи сабти расмии издивоҷ арӯс ҳуқуқи қонунии хеле камеро доро аст.

Истисмори ҷинсии кӯдакон: Қонун суъистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ва поронографияи кӯдакиро манъ кардааст, аммо тибқи муқаррароти моддаи 130.1, бар хилофи қавонини байналмилалӣ, барои он ки амали иҷрошуда ба унвони истисмори ҷинсии кудакон шинохта шавад, лозим аст собит шавад, ки аз қувва, тақаллуб ва ё иҷбор истифода шуда буд, ва бинобар ин на ҳамаи навъи истисмори ҷинсии кудакон ҷиноят ҳисобида мешаванд.

Ҳадди ақалли синни алоқаи ҷинсӣ бо ризоияти тарафайн 16 сол аст. Тибқи маълумоти созмонҳои ғайридавлатӣ, ки бо қурбониёни хушунати хонаводагӣ, истисмори ҷинсӣ, ва ҳам қочоқи инсон барои истисмори ҷинсӣ кор мекарданд, чанд қазияе гузориш шуда буданд, ки тибқи онҳо аъзои хонавода, ва ё ҷониби сеюм кӯдаконро ба иҷрои амалҳои фаҳш дар клубҳои шабонаву хонаҳои шахсӣ маҷбур мекарданд.

Рабоиши байналмилалии кӯдакон: Тоҷикистон узви Конвенсияи соли 1980–и Гаага «Оид ба ҷанбаҳои рабоиши баӣналмилалии кӯдакон нест. Ба гузориши солонаи Департаменти давлатии ШМА Оид ба ҷанбаҳои рабоиши байналмиллалии кӯдакон ба ин ҷо нигаред: www.travel.state.gov/content/childabduction/en/legal/compliance.html

Зидди яҳудият (Антисемитизм)

Дар кишвар ҳеҷ гузорише аз амалҳои зидди яҳудият ба даст нарасидааст. Ҷамъияти камшумори яҳудиён ҷои ибодати худро доштанд, ва ба фишори ошкорои ҳукумат ва ё фишори дигари иҷтимоӣ мувоҷеҳ нашудаанд. Муҳоҷирати онҳо ба кишварҳои дигар идома ёфтааст.

Қочоқи инсон

Ба гузориши Департаменти Давлати ШМА Оид ба Қочоқи Афрод ба ин ҷо нигаред: www.state.gov/j/tip/rls/tiprpt/.

Афроди дорои маълулият

Қонуни ҳифзи иҷтимоии афроди маълул мутааллиқ ба афроде аст, ки иллати ҷисмӣ ва ё равонӣ доранд, аз ҷумла, касоне, ки дорои ошуфтагии идроки ҳиссӣ ҳастанд, ва ё маълулиятҳои рушдӣ доранд. Қонун табъизро зидди афроди дорои маълулият манъ мекунад, аз ҷумла дар ишғоли кор, таҳсил, дастрасӣ ба хадамоти тандурустиву дигар хадамоти давлатӣ, аммо муассисаҳои давлатию хусусӣ маъмулан барои татбиқи ин муқаррароти қонун манобеъи лозимаро муҳайё намекунанд. Қонун талаб мекунад, ки иморатҳои умумӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ваоситаҳои мусофирати ҳавоӣ барои афроди дорои маълулият дастрас бошанд, вале ҳукумат иҷрои ин моддаҳоро таъмин накардааст.

Кӯдакони маълули зиёде имкони ба мактаб рафтанро надоштанд, зеро пизишкон тасдиқ накарданд, ки онҳо барои рафтан ба мактаб «аз ҷиҳати тиббӣ муносиб» ҳастанд. Кӯдакони «аз ҷиҳати тиббӣ номуносиб» имкони рафтан ба мактабҳои давлатии махсус доштанд, ки барои афроди дорои маъюбии ҷисмӣ ва равонӣ ташкил карда шудаанд. Пизишкон аз қобилияти донишҷуён барои омузиши ин ё он фан тасмим мегирифтанд, ва роҳбарони мактабҳои давлатӣ салоҳияти иваз кардани талабот ба донишҷуёнро барои гузариш аз синфи поён ба синфи боло доштанд.

Масъулияти ҳифозати ҳуқуқи афроди маълул ба Комиссиюни таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии ҳукумат дар соҳаи ҳимояти ҳуқуқи башар, Ҷамъияти маълулон, ва ҳам ба сохторҳои маҳаллӣ ва вилоятии ҳукумат гузошта шудааст. Агарчи дар кишвар муассисаҳои давлатии зисти якҷо ва табобати афроди маълул вуҷуд доштанд, дастгирии молии онҳо маҳдуд, ва ин муассисот дар шароити хеле залил қарор доштанд.

Ақаллиятҳои миллӣ, нажодӣ ва қавмӣ

Гузоришҳое роҷеъ ба аз тарафи органҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳти озору азият қарор гирифтани қавмҳои узбеку афғонистонӣ расидаанд.

Аъмоли хушунат, табъиз ва дигар суъистифодаҳои марбут ба гароиши ҷинсӣ ва ҳуввияти ҷинсиятӣ

Агарчи робитаи ҳамҷинсгароӣ дар кишвар, дар синнe, ки равобити байни ҷинсҳои мухолиф иҷоза доранд, қонунӣ аст, аммо қонун ҳимояти ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро дар муқобили табъиз таъмин накардааст. Тибқи гузоришҳои аз канорҳои мухталифи кишвар расида, аъзои аҳли ҳамҷинсгароён, дуҷинсгароён, тронсҷинсиён ва афроди дарунфардӣ (LGBTI), пас аз ба хешовандони худ ошкор кардани ин гуна гироиши худ, мавриди хушунати ҷисмӣ ва равонӣ, озору азият, тамаъҷӯӣ ва истисмор қарор гирифтаанд.

Моҳи сентябр Кунгуротов Хуршед, пизишки кулли кишвар дар соҳаи равонӣ, дар мулоқоти худ бо намояндагони расонаҳои хабарӣ ибрози назар кард, ки афроди фаронсӯӣ ва ҳамҷинсгаро мубталои бемории равонӣ ҳастанд ва касоне, ки онҳоро бемор намедонанд, худашон ҳам иллати равонӣ доранд.

Дар қонуни кишвар муқаррароти манъи табъиз бар мабнои гироиши ҷинсӣ ва ё ҳуввияти ҷинсиятӣ мавҷуд нест, ва аъзои аҳли LGBTI аз тарафи пулис мавриди озору азият, ва ҳам таҳдидҳои лату кӯби оммавӣ қарор гирифтаанд. Намояндагони аҳли LGBTI шикоят кардаанд, ки кормандони идороти ҳифзи ҳуқуқ бо таҳдиди ифшо кардани гироишу фаъолияти онҳо ба оилаву кордиҳандаҳояшон, аз мансубини аҳли LGBTI пул меситонданд. Моҳи феврал кормандони Хадамоти мубориза бо фасод се корманди пулисро боздошт карданд, ки як ҳамҷинсгароро таҳти таҳдид гузоштанд, ва аз ӯ пул ситондаанд. Ин марди ҳамҷинсгаро қаблан ҳам борҳо маҷбур ба пардохти пул ба пулис шуда буд, то пулис афкори ҳуввияти ҷинсӣ ва аъмоли ӯро ифшо накунад. Ин кормандони пулис бо иттиҳоми суъистифода аз мақоми расмӣ ба додгоҳ кашида шуданд, ва моҳи апрел додгоҳи шаҳри Душанбе гуноҳи онҳоро тасвиб кард, ва ҳар якеашонро ба пардохтани ҷаримаи баробар ба 55 000 сомонӣ (6500 доллари амрикоӣ) ҳукм кард.

Дар бархе маворид намояндагони аҳли LGBTI қурбонии истисмори ҷинсӣ шудаанд. Тибқи иттилооти дастрас, ҷиноятҳо бар асоси нафрат ба мансубини аҳли LGBTI беҷавоб монданд. Намояндагони аҳли LGBTI иддао доштанд, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ашхоси мансуб ба аҳли LGBTI-ро мавриди табъизу озору азият қарор медиҳанд.

Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқҳои афроди мансуб ба LGBTI ва гуруҳҳои ҳифзи сиҳатии онҳо эълон карданд, ки кормандони соҳаи тандурустӣ фаъолияти онҳоро манъ мекунанд, ва ҳам аз он гузориш доданд, ки муштариёнашон аз тарафи кормандони давлат ва рӯҳониён мавриди озору азият, аз ҷумла, таҳдидҳои истифодаи хушунат қарор доштанд.

Тибқи хабарҳои дастрас мақомот, зоҳиран бо мақсади маҳбубияти рафтори ахлоқӣ ва ҳимояти гуруҳҳои осебпазири ҷомеа, феҳристи садҳо шахсони мутаалиқ ба аҳли LGBTI–ро тартиб намудааст. Ба ин феҳрист, ки соли 2017 аз тарафи Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулл ташкил шуда буд, исми 319 мард ва 48 зани мансуб ба аҳли LGBTI дохил карда шудаанд.

Дарёфти асноди расмии нав дар муассисаҳои давлатӣ барои ашхоси тағири ҷинс намуда душвор буд. Қонун имкони тағири ҷинсро дар асноди ҳуввияти шахсӣ фароҳам менамояд, вале ба шарте, ки муассисаи тиббӣ як санади расмии таъидшударо содир кунад. Азбаски чунин асноде аслан вуҷуд надорад, ба ашхоси тағири ҷинс намуда, тағири қонунии ҳуввияти ҷинсӣ хеле душвор аст. Ин ҳолат мушкилоти дохилиро эҷод мекунад, аз ҷумла, дар анҷоми гунае аз фаъолияте, ки ирояи асноди ҳуввияти расмиро талаб мекунад, ба мисоли шиноснома барои сафар ба хориҷи кишвар.

Маҳкумияти иҷтимоии беморони HIV/AIDS

Дар кишвар табъизи иҷтимоӣ нисбати ашхоси мубтало бар HIV/AIDS вуҷуд дошт. Табъиз ва нангу шармоварии иҷтимоӣ монеаҳои аслии пешгирӣ, табобат ва нигоҳубини ашхоси мубталои HIV/AIDS буданд.

Дар кишвар дар 140 муассиса санҷиши ройгони HIV ташкил карда шудааст, ва расонидани иттилоъ ба ҳамсари шахси мубталои HIV/AIDS, бе ифшои номи онҳо, ҳатмӣ будаст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълом дошт, ки санҷишҳои HIV/AIDS муназзаман дар байни маҳбусон, аскарон, кӯдакони оворагард, муҳоҷирон ва шахсони ҷӯёи раводид, маскан ва ё шаҳрвандӣ гузаронида мешаванд.

Аз байни ашхоси мубталои HIV/AIDS занҳо ақаллиятро ташкил мекунанд, ҳарчанд теъдоди мубталоёни ин беморӣ дар байни занон ҳам дар ҳоли афзоиш буд.

Теъдоди афроди мубталои HIV/AIDS, ки то 1 апрел дар Вазорати тандурустӣ расман сабт шудаанд, 7827 нафар буда, аз ин шумора 2933 зан ва 4 894 мард будаанд. Дар тӯли чоряки аввали сол Вазорат расман 321 фарди мубталои HIV–ро, аз он ҷумла 114 зан ва 207 мардро сабти ном намудааст.

Бахши 7. Ҳуқуқи коргарон

а. Озодии анҷуман ва ҳаққи музокироти дастаҷамъӣ

Қонун ҳуқуқи ташкил ва пайвастан ба иттиҳодияҳои мустақили коргаронро таъмин мекунад, аммо сабти номи ҳама гуна СҒД-ҳо, аз ҷумла Иттифоқҳои касабаро талаб менамояд. Қонун инчунин таъкид мекунад, ки фаъолияти Иттифоқҳои касаба бояд аз мудохила озод бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки “аз тарафи қонун мушаххас гардида” шудаанд, аммо қонун таърифи дақиқи ин гуна ҳолатҳоро накардааст. Коргарон ҳаққи корпартоиро доранд, вале тибқи талаботи қонун ташкилдиҳандагони тазоҳурот ва дигар аъмоли оммавӣ бояд барои гузаронидани он иҷозати расмии пешакӣ дошта бошанд, ки он имкони Иттифоқҳои касабаро дар ташкили амалиятҳои дастаҷамъӣ ва тазоҳурот маҳдуд месозад. Қонун ҳуқуқи ташкил ва гузаронидани музокироти дастаҷамъиро таъмин сохтааст, аммо табъизи зидди иттифоқҳои касабаро манъ намекунад.

Коргарон ба иттифоқҳои касаба мепайвастанд, вале мақомот тариқи ғайрирасмӣ ба иттифоқҳои касаба фишори шадиде анҷом медоданд, аз ҷумла тавассути таъсир бар интихоби раҳбарони ин иттифоқҳо. Федератсияи марказии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз манфиатҳои коргарон ба таври муассир намояндагӣ накард. Гузоришҳое буданд, ки мақомот шаҳрвандонро маҷбур мекардаанд, ки ба он иттифоқҳое пайванданд, ки аз тарафи давлат дастгирӣ мешаванд, ва мақомот садди роҳи ташкили иттифоқҳои касабаи мустақил будаанд. Тибқи маълумоти Созмони байналмиллалии меҳнат ба Иттифоқи касабаи кишвар 1,3 миллион нафар шомил будаанд. Дар тули сол ҳеҷ гузорише роҷеъ ба табъизи Иттифоқҳои касаба дастрас нашудааст.

Гузоришҳои ғайрирасмӣ аз манобеъи сершумори дохили кишвар далели он буданд, ки шаҳрвандон аз тарси вокуниши нохуши давлат хоҳиши иштирок кардан дар тазоҳуроти эътирозиро надоштаанд.

Дар соҳаҳои расмии иқтисод 90 дар сади коргарон шартномаҳои ҷамъии меҳнатӣ мебанданд. Дар баъзе ҳолатҳо, ҳангоми ҳалли ихтилофи коргарон, коргарони хориҷӣ, хусусан коргарони Хитоӣ, дар баробари коргарони маҳаллӣ муносибати беҳтареро ноил мегаштанд.

Мақомот фаъолияти иттифоқҳои касаба ва дигар иттифоқҳоро комилан назорат мекард. Ҳеҷ гузорише аз истифодаи таҳдид ё хушунат аз тарафи мақомоти давлатӣ зидди иттифоқҳои касаба ба даст нарасидааст, аммо аз тарси вокуниши нохуши мақомот иттифоқҳо танҳо талабҳои маҳдудеро дар нисбати ҳимояти ҳуқуқи коргарон иброз медоштанд. Аксари ихтилофҳои кории байни коргарону корфармоён бо миёнҷигарии Иттифоқҳои касаба ҳаллу фасл мегардиданд.

Созмонҳои ғайридавлатие, ки ба Иттиҳодияҳои коргарон тааллуқ надоштанд, вале барои ҳалли масоили коргарон фаъолият мекарданд, дар ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон нақши камтаре доштанд, чун имконияти комили фаъолияти озодона надоштанд.

б. Манъи истифодаи кори иҷборӣ ё вобаста

Қавонини кишвар ҳар навъ кори иҷборӣ ва ё мутааҳҳидро манъ мекунад, аз ҷумла кори кӯдаконро, магар ин ки ҳолатҳои хосе вуҷуд доштаанд, ки дар қонун аз онҳо махсусан зикр шудааст. Манобеъ, бозрасӣ ва абзори ҳифозат кофӣ набуданд. Меъёрҳои ҷазое ки барои истифодаи кори иҷборӣ муайян шудаанд, ба ҳадди кофӣ ҷиддӣ ва мутаносиб бо дигар ҷиноятҳои ҷиддӣ, ба монанди таҷовуз ба номус будаанд, ва ба унвони як омили боздорандаи истифодаи кори иҷборӣ тавони пешгирии онро доранд.

Мақомот ҳамчунон муборизаи муассирро зидди истифода аз кори иҷборӣ дар тули фасли ғунучини ҳосили пахта идома дод, ҳарчанд ин гуна ҳаводис ҳануз ҳам ҷой доштааст. Вазорати шуғлу меҳнат ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ барномаҳои назоратии ҳосилғундории пахтаро дар давоми солҳои 2010 - 2015 ташкил карда буд. Аммо таи солҳои 2016 - 2017 аз ин гуна барнома ё тафтишоти назоратӣ дар фасли ҳосилғундории пахта созмон дода нашуданд.

Инчунин ба гузориши Департаменти Давлатии ИМА оиди Қочоқи инсон нигаред. www.state.gov/j/tip/rls/tiprpt/

в. Мамнуъ будани истифодаи кори кӯдакон ва синни ҳадди ақал барои истиҳдом ба кор

Синни 16 солагӣ – синни ҳадди ақали кор барои кӯдакон муқаррар шудааст, агарчи кӯдакон метавонанд бо иҷозати махсуси Иттифоқи касаба аз синни 15 солагӣ ҳам кор кунанд. Мувофиқи қонун ҷавонони синнашон поёнтар аз 18 сол метавонанд рӯзе на бештар аз 6 соат, ва ё ҳафтае на бештар аз 36 соат кор кунанд. Кӯдакони синнашон аз 7 сол боло метавонанд дар кори хона ва корҳои зироатӣ машғул бошанд, ки чунин корҳо дар муқаррароти қонун алоҳида, чун «ёрӣ ба оила» ташреҳ шудаанд. Кудакони зиёди синнашон поёнтар аз 10 сол дар бозор ва ё дар кӯчаҳо машғули фурӯши аҷзо ҳастанд. Теъдоди бузургтарини истифода аз кори кӯдакон дар соҳаи зироатӣ ва кори хона будааст.

Масъулияти назорат аз татбиқи Қонун оид ба кори кӯдакон бар дӯши дафтари Додситонии кулл, Вазорати адлия, Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва идораҳои дахлдори маҳаллӣ ва ноҳиявӣ вогузор шудааст. Иттифоқҳои касаба ҳам барои додани гузориш аз вайронкориҳо дар истифода аз кори хурдсолон масъул ҳастанд. Шаҳрвандон низ метавонанд роҷеъ ба масъалаҳои ҳалношудаи марбут ба кори кудакон барои оғози тафтишоти мавофиқ бо дафтари Додситони кулл тамос бигиранд. Гузоришҳо аз нақзи ин Қонун кам буданд, ба иллати он ки бахши бузурги кори кудакон чун «кумак ба хонавода» унвон гирифтааст.

Гузоришҳое расидаанд, ки кормандони кумитаҳои низомӣ бо мақсади иҷрои талаботи барномаҳои истихдоми маҳаллӣ ба артиши миллӣ ба маҳалоти умумӣ ҳамла оварда наврасони синнашон зери 18 солро барои хизмати иҷбории низомӣ рабудаанд.

Ҳукумат назорати иҷрои қавонини марбут ба меҳнатро татбиқ намуда, дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират барои пешгирии истифода аз кори иҷбории кӯдакон тули фасли ҷамъи ҳосили тирамоҳии пахта кушиш ба харҷ додааст. Бо вуҷуди он, гузоришҳои ҷудогонае пайдо буданд, ки аз истисмори кӯдакон дар соҳаи зироат хабар додаанд. Теъдоди умумии мавриди истифодаи кори иҷбории кӯдакон дар чидани ҳосили пахта аз соли 2013 ба ин сӯ ба таври чашмгир коҳиш ёфтааст. Тибқи арзёбии солонаи Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар соли 2015 мақомоти маҳаллӣ ва давлатӣ дар аксари маворид ба нақзи муқаррароти қонун дар ин соҳа вокуниш нишон додаанд. Дар давоми ҳосилғундории соли 2015 ҳукумат ду парвандаро зидди кордиҳандагон барои истифода аз кори иҷбории кӯдакон кушода, онҳоро бо ҷаримаи баробар ба 1800 сомонӣ ва ё ($205) ҷазо додааст.

Комиссияи байнивазоратии мубориза бар зидди қочоқи инсон дастуротеро барои мақомоти маҳаллӣ фиристод, ки дар он мамнуъиятҳои мавҷуда ёдоварӣ карда мешаванд, ва ба дафтари Нозири ҳифзи меҳнат фармуд, то маъмуриятҳои назоратиро дар тули фасли чидани пахта созмон диҳад. Аммо, тибқи гузориши Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар тули ин сол назорати мустақили ғуночини пахта сурат нагирифтааст.

Инчунин асноде бо хулосаҳои Департаменти меҳнатро оиди Зишттарин шаклҳои истифода аз кори кӯдак дар ин ҷо метавонед пайдо кунед: www.dol.gov/ilab/reports/child-labor/findings

г. Табъиз дар робита бо шуғл ва фаъолияти касбӣ

Қонун табъизро бар асоси шуғл ва касбу кор, нажод, ҷинсият, вазъияти саломатӣ, забон, гароиши ҷинсӣ, худшиносии ҷинсиятӣ, бемории HIV ва дигар бемориҳои гузаранда, ё вазъияти иҷтимоӣ мамнуъ месозад. Аммо қонун табъизи коргаронро бар асоси ранги пӯст, дин, ақидаи сиёсӣ, аслияти миллӣ, шаҳрвандӣ ва ё синну сол ошкоро манъ намекунад.

Чунон ки маълум шуд, моҳи феврал муаллимаи рақси мактаби рақси шаҳри Душанбе аз кор ихроҷ карда шуд, зеро ӯ пахши солонаи телевизионии баромади раиси ҷумҳур Раҳмонро тамошо накардааст. Саида Рустамова ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иброз доштааст, ки иллати дар асноди расмӣ оварда шудаи ихроҷи ӯ ин аст, ки вай дар маҳалли нишасти мактаб, ки дар он муаллимон ва донишҷуён барои тамошои баромади раиси ҷумҳур ҷамъ омада буданд, ҳузур надоштааст. Рустамова иддао мекунад, ки маҳалли ҷамъомадро барои он тарк кардааст, ки ҳама курсиҳо банд будаанд. Мудири мактаб ба рузноманигорон иброз дошт, ки Рустамова ба далели кори заиф, ва адами иҷрои дастуроти сарпарастон аз кор ронда шудааст.

Моҳи июни соли 2017 Шурои Олии кишвар ба Қонуни оид ба пулис ислоҳотеро ворид кард, ки мувофиқи он хизмат дар пулис барои ашхоси ду шаҳрвандӣ дошта, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бидуни шаҳрвандӣ манъ аст.

Моҳи ноябри соли 2016 қонунгузорон ислоҳотеро тасдиқ карданд, ки мувофиқи он дар хадамоти амният хидмат намудани шахсони шаҳрвандиии дугона дошта манъ аст, ва ҳам донистани забони тоҷикӣ (давлатӣ) ҳатмист.

Дар моҳи март шӯрои Маҷлиси Намояндагон ислоҳотро ба қонун оид ба хидмати давлатӣ тасдиқ намуд, ки мувофиқи он шаҳрвандии дугона барои ҳамаи хидматгузорони давлатӣ манъ шудааст.

Kордиҳандагон табъизи коргаронро бар асоси гароиши ҷинсӣ, ва ё мубтало будан ба HIV истифода мекарданд, вале пулис, ба сурати маъмул, дар ин ҳолатҳо иҷрои муқаррароти мувофиқи қонунро таъмин намекард. Ашхоси аҳли мансуб баLGBTI ва афроди мубталои HIV тарҷеҳ доданд, ки аз табъиз шикоят накунанд, зеро аз таҳдиди озору азияти бештаре аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳарос доштанд ва ҳам муътақид буданд, ки пулис ҳеҷ иқдомеро анҷом намедиҳад.

Қонун барои занон гирифтани музди баробари корро бо мардон барои меҳнати баробар пешбинӣ намудааст, аммо монеъаҳои фарҳангӣ ҳануз ҳам имконоти шуғли касбии занонро маҳдуд месозанд. Корфамоён ағлаб занонро ба кори изофӣ бидуни пардохти музди иловагӣ маҷбур мекарданд.

д. Шароити кори қобили қабул

Ҳукумат хатти расмии фақрро тасдиқ накардааст. Ҳадди аққали дастмузди моҳона 400 сомонӣ (42 доллари амрикоӣ) аст.

Идораи давлатии бозрасии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъули назорати иҷрои қавонини меҳнат дар кишвар аст. Вазорати молия татбиқи ҷиҳатҳои молиявии қавонини меҳнатро бар ӯҳда дошта, Хадамоти назорати молиявии давлатӣ таҳти дафтари дастгоҳи раиси ҷумҳур ба назорати ҷиҳатҳои дигари ин қавонин масъул аст. Қавонини кишвар кори изофаии беш аз ҳади ҳатмиро манъ намекунад. Қонун пардохти кори изофаиро талаб мекунад, ва мувофиқи муқаррароти он барои ду соати аввали кори изофа бояд музди якуним баробари нархи табии кор, ва барои бақияи соати изофаии кор музди дучанди нархи табиии кор бояд пардохта шавад. Манобеъ, назорат ва ислоҳот барои татбиқи ин қонун кофӣ набуданд. Хадамоти давлатии бозарасӣ ва назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлу касби аҳолӣ дар ҳар ду сол як бор бозрасӣ мегузаронад. Муҷозот барои нақзи Қонуни меҳнат, аз ҷумла ҷаримаҳои аз 800 то 1200 сомонӣ ($90 to $140) кофӣ буданд, аммо ин муқаррарот мавриди эҳтиром қарор намегиранд, ва кори изофаии кормандони давлат ҳам пардохта намешавад. Пардохти кори изофаӣ дар соҳаҳои гуногуни бозори меҳнат аз руи тарҳҳои гуногун анҷом дода мешавад.

Хадамоти давлатии бозарасӣ ва назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлу касби аҳолӣ инчунин масъули назорат аз усулҳои татбиқи меъёрҳои расмии сиҳатмандӣ ва бехатарӣ аст. Қисман аз сабаби фасодкорӣ ва музди ками бозрасон мақомот таъмини комили иҷрои ин меъёрҳоро анҷом надодааст. Тибқи қонун коргарон ҳақ доранд бидуни тарс аз ихроҷ, аз кор дар шароити хатарбор даст кашанд, аммо коргарон аз ин ҳаққи худ хеле кам истифода кардаанд.

Кишоварзон ва коргарони соҳаи кишварзӣ, ки беш аз 60 дар сади неруи кории кишварро ташкил медиҳанд, ҳамчунон дар шароити сангин кор мекарданд. Дар кишвар ҳеҷ як низоми назорату ба танзим овардани шароити корӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва хусусӣ вуҷуд надошт. Музди кор дар соҳаи кишоварзӣ камтар аз музди кор дар ҳамаи дигар соҳаҳои иқтисодиёт буда, теъдоди зиёди кишоварзон музди корашонро бо молу чиз мегирифтанд. Мақомот ҳануз ҳам натавонистааст ҳуқуқи заминдориро таъмину ҳимоят намояд, ва бинобар ин имконоти он аз ҳимояти ҳуқуқи коргарони соҳаи кишоварзӣ маҳдуд будааст.