Кашмакаши Амрикову Русия дар нишасти Шӯрои Амният

Виталий Чуркин ва Саманта Повер, аммо пеш аз қабули қатъномае дар бораи Украина дар 2 соли пеш.

Рӯзи 17-уми сентябр баъди иддаои дипломатҳои рус дар бораи ҳимояти Амрико аз гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ кашмакаш байни ду тараф дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал авҷ гирифт.

Намояндаи Русия дар ин нишаст пурсид, ки оё Амрико бо зарба задан ба мавқеъи сарбозони Сурия барқасдона ба гурӯҳи Давлати исломӣ кӯмак кардааст. Вале баъди он ки Саманта Повер, сафири Амрико дар Шӯрои амният даъвати Русия барои ташкили ҷаласаи фаврӣ дар Шӯрои Амниятро “ҳилла” номид, Виталий Чуркин сафири Русия, нишастро тарк кард.

Саманта Повер даъвати Русия барои ташкили ҷаласаи фавриро як талоши “худхоҳона, риёкорона” ва “худнамоӣ” барои ба даст овардани “имтиёзоти арзон” номид. Ӯ гуфт, ба ҷойи ин Русия бояд мулоқот бо режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро талаб мекард, то роҳҳои дастёбӣ ба сулҳро баррасӣ кунад.

Саманта Повер зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони амрикоӣ

Сафири Амрико гуфт, кишвараш иддаоҳои Сурия ва Русияро таҳқиқ мекунад, ки гуфтанд, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар шарқи кишвар даҳҳо сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд. Вай афзуд, “агар мо маълум кунем, ки дар ҳақиқат ба сарбозони артиши Сурия зарба задем, пас ин қасди мо набудааст. Ва албатта мо талафоти ҷонҳо афсӯс мехӯрем.”

Русия мегӯяд, дар зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар рӯзи 17-уми сентябр 62 сарбози Сурия кушта шудаанд ва ин зарбаҳо ба ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ кӯмак кардааст, теппаи стротегие, ки пойгоҳи ҳавоии Дайр-ал-Зур намоён аст, ишғол кунанд. Виталий Чуркин, сафири Русия гуфт, ин зарбаҳо дар бораи ояндаи созиши оташбасеро, ки бо миёнҷигарии Амрикову Русия рӯзи 12-уми сентябр ҳосил шуд, “суоли бузургеро ба вуҷуд овардааст.”

“Агар мо маълум кунем, ки дар ҳақиқат ба сарбозони артиши Сурия зарба задем, пас ин қасди мо набудааст.

Бар асоси тавофуқ, бояд дар саросари Сурия созиши оташбас эълон шавад, дастрасӣ барои кӯмакҳои башариро осон кунанд ва роҳ барои эҳёи музокироти сулҳ ҳамвор шавад. Айни замон Амрикову Русия мувофиқат карданд, ки ҳамроҳ ба зидди гурӯҳҳои тундрав ба мисли гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ мубориза мебаранд. Ба гуфтаи Виталий Чуркин, нерӯҳои амрикоӣ метавонистанд, зарбаҳои ҳавоиро барои ду рӯзи дигар, то замони оғози ҳамкориҳои низомии Маскав ва Вашингтон ба таъхир андозанд, вале ба ҷойи ин ба қавли дипломати рус амалиёти “бемасъулиятонае” анҷом додаанд.

Вале сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, вақте онҳо Русияро дар бораи фаъолияти нерӯҳои эътилофӣ дар он минтақа дар ҷараён гузоштанд, фармондеҳони Русия ҳеҷ изҳори нигароние накарданд. Пештар аз ин хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия аз қавли Мария Захарова, сухангӯи вазорати дифоъ навишт, “ҳукумати Русия ба ин хулосаи ваҳшатнок расид, ки Кохи Сафед, гурӯҳи Давлати исломиро муҳофизат мекунад.”

Дайр-ал-Зур як саҳнаи ҷангҳои шадид байни нерӯҳои Сурия ва тундравон

Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 17-уми сентябр бо нашри баёнияе гуфт, ки “нерӯҳои эътилофӣ барқасдона ба нерӯҳои давлати Сурия зарба намезананд.” Дар ин баёния омадааст, “вақте мақомоти Русия намояндагони эътилофро огаҳ карданд, ки эҳтимолан сарбозон ва мошинҳои мавриди ҳамла аз артиши Сурия буданд, зарбаҳо фавран қатъ карда шуд.”