Вазири дифои ИМА Ҷим Маттис гуфт, ки базудӣ бо президент Доналд Трамп дар заминаи афзоиши нирӯҳо дар Афғонистон машварат хоҳад кард. Маттис рӯзи 19 феврал гуфт, ки президент ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст, чун мунтазири арзёбиҳои генералҳои низомӣ дар бораи вазъи воқеӣ дар Афғонистон аст.
Дар давоми беш аз 15 соли охир ҳазорҳо нирӯи ИМА дар Афғонистон зидди ҷангиёни Толибон меҷанганд. Маттис дар ҷараёни сафараш ба Абу Дабӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “ҳоло сари ин масъала андешаву таҳлил сурат мегирад”, ва, ба гуфтаи ӯ, барои қабули қарор, набояд
Бояд дид, ки кишварҳои дигар дар талоши кӯмак ба мо ҳастанд, ваё то куҷо мехоҳанд ба мо осеб расонанд. Мо ҳанӯз ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Ҷим Маттис
фурсати зиёд сарф шавад. Маттис гуфт, ки президент Трамп “барои арзёбии ин машварат боз аст”, вале қабл аз он бояд иттилои зарурии ҳамаҷониба ҷамъоварӣ ва тамоми вазъи имрӯза таҳлил шавад.
Маттис ҳамроҳ бо генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон давоми чанд соат дар ин бора дар ҷараёни як нишасти конфронси видеоӣ рӯзи 19 феврал изҳори назар карданд. Маттис, аз ҷумла гуфт:
"Мо ҳоло ҳама фикру ақидаҳоро дар як ҷо ҷамъ меорем. Президент Доналд Трамп ҳанӯз мунтазир аст, мехоҳад арзёбиҳои мутахассисони иттиллоотии моро ҳам бишнавад. Ӯ омодаи шунидани машварати ман дар ин замина аст. Вале пеш аз ҳама ман бояд мушаххас кунам, ки мавқеи мо чисту куҷо меравем. Аз ҳамин хотир ҳам, сафари ман ба Ховари Миёна бо ҳадафи ҷамъоварии маълумот ва арзёбии имкониятҳои кишварҳои дигар дар минтақа дар заминаи кӯмак ба Афғонистон аст. Ҳоло мо ин маълумотро ҷамъоварӣ мекунем, то ки баъдан сараш андеша кунем".
Дар оғози моҳи ҷорӣ Николсон дар назди аъзои Кумитаи хадамоти низомии Сенат гуфт, ки ӯ барои тамрину кӯмак ба артиши Афғонистон чанд ҳазор нирӯи бештар кор дорад. Вай дар масъалаи шумори мушаххаси нирӯҳои зарурӣ чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки дар афзоиши нирӯҳои амрикоӣ бояд тасмиме гирифта шавад.
Вай инчунин гуфт, ки баъди 15 соли ҷанги нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон вазъ дар ин кишвар ба як бунбаст дучор шудааст.
Рӯзи 18 феврал вазири дифои Амрико Ҷим Маттис дар Мюнҳени Олмон бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дидору мулоқот кард.Қарор буд, ки ӯ рӯзи 19 феврал ба Кобул парвоз кунад, вале вазъи бади ҳаво монеи ин парвоз шуд.
Феълан дар қаламрави Афғонистон 8400 сарбози амрикоӣ мустақар ҳастанд ва ин шумори нирӯҳо дар замони раҳбарии президент Барак Обама коҳиш дода шуд. Ин коҳиш дар иҷрои тасмими президент оиди аз қаламрави Афғонистон берун кашидани нирӯҳои НАТО то охири соли 2014 сурат гирифт ва шумори камтари нирӯҳои амрикоӣ бо ҳадафи тамрину кӯмак ба артиши Афғонистон дар ин қаламрав монданд.
Ба фарқ аз генерал Николсон, Маттис дар масъалаи нақши Русия дар Афғонистон чизе нагуфт. Дар суханронии худ дар Сенат генерал Николсон гуфта буд, ки Маскав Толибонро аз назари силоҳу пӯшиши дипломатӣ ба хотири ба ҳам задани талошҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон ташвиқ мекунад.
Маттис танҳо гуфт, ки нақши кишварҳои дигари минтақа дар масъалаи саҳмашон дар Афғонистон бояд хуб арзёбӣ шавад. Вай гуфт, бояд дид, ки кишварҳои дигар “дар талоши кӯмак ба мо ҳастанд, ваё то куҷо мехоҳанд ба мо осеб расонанд. Мо ҳанӯз ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳем”. Дар паи изҳороти Николсон як дипломати рус иттиҳомоти марбут ба кӯмаки Русия ба Толибонро, ки бо баҳонаи “мубориза бо гурӯҳҳои шӯришии ба ном “Давлати исломӣ” сурат мегирад”, рад кард. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов ҳам дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта ин ҳарфҳоро бепояву асос хонда буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад