Фармондеҳи нерӯҳои марказии Амрико ба Тоҷикистон омад

Акс аз бойгонӣ.

Генерал Ҷозеф Вотел -- фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаби гузашта вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари Ҷозеф Вотел ба Тоҷикистон аз 10 то 12 май идома мекунад.

Аз дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, бо мақомоти тоҷик низ дидор хоҳад кард. Дар назар аст, ки имрӯз, 11-уми май Ҷозеф Вотел бо як гурӯҳ аз рӯзноманигорони тоҷик нишасти матбуотӣ доир намояд.

Амрико давоми 25 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст, ки 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

Ин фармондеҳи баландрутбаи амрикоӣ дар моҳи апрели соли гузашта низ ба Тоҷикистон сафар намуда, бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва гуфтугӯ карда буд.

Сафари генерал Ҷозеф Вотел ба Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ӯ моҳи марти соли равон дар як гузориши худ Тоҷикистонро бо назардошти марзи беш аз 1400-километриаш бо Афғонистон "шарики калидии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа" хонда буд.

Вотел дар ин гузориш гуфта буд, равобити Тоҷикистону Амрико мусбатанд, аммо Русия ба таври афзоянда ба нуфузи ИМА зарба зада, дар мавриди вазъияти Афғонистон ва минтақа хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад. Генерали амрикоӣ гуфт, нерӯҳои ҳарбии Тоҷикистон ба қадри кофӣ бо маблағ ва муҳимоти ҷангӣ таъмин нестанд.

Бинобар ин, Ҷозеф Вотел гуфта буд, Фармондеҳии нерӯҳои марказии Амрико равобити хешро бо Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амният дар марзҳо идома медиҳад. Ба гуфтаи Вотел, тақвияти ҳифзи марзи Тоҷикистон барои коҳиш додани тиҷорати маводи мухаддир, ки сарчашмаи даромади ҳаракати “Толибон” асту минтақаро ноамн мекунад, бисёр муҳим аст.

Амрико давоми 25 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст, ки 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст.

Ба гуфтаи масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст. Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.