Ба думболи партоби бузургтарин бомб дар Афғонистон, ки тақрибан 100 тундравро кушт, Ҳерберт Макмастер, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико вориди Афғонистон шуд.
Ӯ рӯзи 16-уми апрел бо мақомоти Афғонистон дидору мулоқот дошт ва дар замоне, ки ҳукумати Доналд Трамп сиёсати Амрико дар баробари Афғонистонро баррасӣ дорад.
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида то кунун ба ояндаи сиёсати кишвар дар Афғонистон, ки онҷо 8 ҳазору 400 сарбоз дорад, рӯшанӣ наандохтааст.
Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфтааст, ки онҳо ба чанд ҳазор сарбози иловагӣ дар Афғонистон ниёз доранд, то дар ҷанг бо Толибон пешрафт ҳосил шавад.
Ҳерберт Макмастер дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “барои мулоқоти муҳиме дар бораи ҳамкориҳо” ба Кобул омадааст. Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки дар мулоқоти раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва генерал Макмастер, дар рӯзи 16-уми апрел “ҳамкориҳои дуҷониба, амният, мубориза бо терроризм ва ислоҳоту рушд” баррасӣ шудааст.
Рӯзи 13-уми апрел артиши Амрико бомби бузурги чандтонаӣ бо номи GBU-43, ки модари тамоми бомбҳо ном гирифтааст, бори аввал ба кор бурданд, ва паноҳгоҳҳои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар вилояти Нангарҳорро нобуд карданд.
Мақомоти афғон мегӯянд, дар ин ҳамла 94 нафар ифротгаро кушта шуданд ва касе аз ғайринизомиён осеб надидааст. Ашраф Ғанӣ аз партоби бомб ҳимоят кард ва гуфт, ки ин кор бо ҳамоҳангии ҳукумати Афғонистон сурат гирифтааст.
Аммо бархе дигар аз истифодаи бомби қавӣ дар Афғонистн интиқод карданд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури собиқи кишвар ва аз мунтақидони Амрико ва ҳукумати Амрико Ашраф Ғаниро “хоин” номид ва гуфт, ки барои “сарнагун кардани Амрико” дар Афғонистон талош хоҳад кард.
Ӯ рӯзи 15-уми апрел дар як чорабинии оммавие гуфт: “Агар ҳукумат иҷозаи ин корро дода бошад, пас нодуруст кардааст ва ба миллат хиёнат кардааст.” Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар посух ба ин суханон гуфт, “Ҳар як афғон ҳаққи гуфтани андешаашро дорад. Ва инҷо кишвари озодии баён аст.”
Гурӯҳи ифротгарои ба ном Давлати исломӣ дар солҳои гузашта ба Афғонистон роҳ ёфт ва Толибони дилсардшудаи покистонӣ ва афғон ва ҳам ҷангҷӯёни хориҷиро ба сафи худ ҷалб кард.
Аммо ҳоло зери ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрико мондааст ва дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои афғон ҳам манотиқеро, ки зери назорат дошт, аз даст медиҳад.
Як ҳафта пеш аз истифодаи бомби бузург дар Афғонистон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико амр дод, ки дар посух ба ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар як шаҳри Сурия як пойгоҳи ҳавоии ин кишварро мушакборон кунанд. Аз сӯи дигар Чин ҳушдор додааст, ки авҷ гирифтани таниш миёни Амрико ва Куриёи Шимолӣ метавонад, сабаби муноқиша шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад