Сапёрҳои амрикоӣ - дар Тоҷикистон

Акс аз сомонаи army.mil

Гурӯҳе аз сарбозони миначин ё сапёри артиши Амрико ба хотири баргузории давраҳои омӯзишӣ барои миначинҳои тоҷику афғон дар Тоҷикистон қарор доранд.

Бино ба гузориши http://www.army.mil/ - сомонаи расмии артши Амрико, сарбозони гурӯҳи 76-уми безараргардонии маводи таркандаи артиши Амрико (EOD) дар моҳи сентябр барои баргузории боз як давраи омӯзишии нирӯҳои Тоҷикистону Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Низомиҳои амрикоӣ қаблан чунин як давраи омӯзиширо дар Тоҷикистон моҳи июни соли равон доир карда буданд.

Гурӯҳи 76-уми EOD, мустақар дар форт ё пойгоҳи Леонард Вуд дар аёлати Миссурӣ, бахше аз фармондеҳии нирӯҳои дифоъ аз силоҳҳои кимиёвиву биологӣ, радиатсиониву ҳастаӣ ва ҳам аз маводи таркандаи артиши Амрикост. Ин ниҳоди маъруф ба фармондеҳии 20-уми CBRNE танҳо ниҳоди низомии дифоъ аз чунин таслиҳоти қаттол дар артиши Амрико буда, алаҳи чунин таҳдидҳо дар саросари олам талош мекунад.

Давраҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон барои нирӯҳои тоҷику афғон аз сӯи низомиҳои Амрико бо кумаки молии вазоратҳои хориҷа ва дифои он кишвар анҷом шудааст.

Саидғуфрон, ин сокини Рашт аз таркиши мина ҳар ду дасти худро аз даст додааст. Акс аз бойгонӣ.

Ҷеймс Гартон, як намояндаи амалиёти зидди маводи мунфаҷира дар ситоди марказии артиши Амрико ба сомонаи расмии ин артиш гуфтааст: “Ин 3 давраи омӯзишӣ “тарбияи мураббиҳо” ном дошт ва бо забонҳои русӣ ва дарӣ баргузор карда шуд. Дар маҷмӯъ мо 6 давраи омӯзиши алоҳидаро дар назар гирифтаем.“ Ҷеймс Гартон, ки аз шаҳраки Бейфилди аёлати Колорадо буда, ду навбат дар Ироқ хидмат кардааст, афзуд: “Хатмкардагони ин давраҳои омӯзишӣ комилан омода мешаванд, ки ҳамчун мутахассис нирӯҳои бештари қодир ба безарар кардани маводи таркандаро тарбия кунанд.”

Гуфта мешавад, дар давраҳои қаблии омӯзишӣ низомиҳои Амрико дар Тоҷикистон низомиён аз Қазоқистону Қирғизистонро низ тамрин додаанд.

Капитан Ҷонатан Вандивер, фармондеҳи гурӯҳи 76-уми EOD гуфтааст, як ҳадафи ин омӯзишҳо ниӯон додани роҳҳои амни хунсо кардани маводи мунфаҷира буд. Яке аз мураббиёни амрикоӣ бо номи Гаррет Ҳерберт, як миначини амрикоӣ ва собиқадори ҷангҳои Ироқу Афғонистон, ки дар тӯли собиқаи миничиниаш беш аз 100 маводи таркандаро хунсо кардааст, гуфтааст, “таълими роҳҳои амнияти миначинҳо муҳимтарин бахши ин давраҳои омӯзишист.”

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон, ки дар солҳои 90 таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, инак қариб ду даҳсола боз бо тоқибатҳои он ҷанг, ки якеаш ҳамин майдонҳои минакоришуда аст, дастбагиребон боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо, ҳоло 11,2 километри мурраббаъ замин дар ин кишвар аз мина ва дигар маводи тарканда тоза нашудааст. Масъулини маркази миначинӣ мегӯянд, дар баробари майдонҳои аз ҷониби марзбонони рус дар марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон дар соли 1992 - 1998 ва аз сӯи марзбонони Узбак дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон сар аз соли 1999 минкоришуда, ин гуна майдонҳо солҳои ахир дар бархе аз минтақаҳои кишвар аз ҷумла дар водии Рашт ҳам пайдо шудаанд.

Дар маҷмӯъ тайи даҳ соли ахир 190 майдони минадор дар 14 ноҳияи кишвар, аксаран дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поксозӣ шуда, беш аз 12 километри мурраббаъ аз мина пок карда шудааст. Тоҷикистон ба маҳзи дасти кӯтоҳи моливу фанниаш поккориии майдонҳои минакоришударо асосан бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, анҷом медиҳад.

Шумори қурбониёни таркиши минаҳо дар Тоҷикистон беш аз 800 нафар арзёбӣ мешавад, ки 90 дарсади онҳо мардуми осоиштаанд. Миёни онҳо 30 дарсад кӯдакон будаанд. Аз ин теъдод беш аз 300 нафар дар пайи таркиш фавтида, боқӣ маҷрӯҳ шудаанд. Аксари ин маҷрӯҳон бар асари таркидани мина аз пою даст маҳрум ва барои умрбод маъюб шудаанд.

Акс аз бойгонӣ

Масъулини Маркази минарӯбии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло огоҳии мардум ҳам аз хатари мина боло рафта, сол то сол теъдоди ҷабрдидаҳои инфиҷори мину бомбҳо дар кишвар камтар мешаванд. Се сол пеш 12 нафар аз таркиши минаҳо осеб дида, дар соли 2012 фақат як нафар қурбони таркиши мина шудааст ва дар соли 2013 касе, хушбахтона, аз чунин иттифоқи бад осеб наёфтааст.

Аммо хатари таркиши минаҳо барои Тоҷикистон як таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва бино ба Қатъномаи Оттава, то 1-уми апрели соли 2020 ҳама минаҳову маводи тарканда дар Тоҷикистон бояд ошкор ва поккорӣ шавад. Ин қатънома қаблан ба Тоҷикистон барои анҷоми ин кор то соли 2010 мӯҳлат дода буд, вале Душанбе ба далели камбуди муттахассисону иҷро нашудани ӯҳдадориҳояш барои пурра пок кардани қаламраваш аз минаҳо 10 сол фурсати бештар хост.