Пирӯзии духтари афғон дар озмуне дар Тоҷикистон ВИДЕО

Фотима Афзал, паноҳҷӯи афғон

Акси растание ки дар замини беобу хушк мерӯяд, дар миёни беш аз сад акси дигар райъи бештар гирифт ва беҳтарин тасвири озмуни "Рӯзноманигори ҷавон" дониста шуд.

Ба бовари муаллифаш, ки Фотима Афзал, паноҳҷӯи афғон аст, акси ӯ сарнавишти даҳҳо духтари тоҷику афғонро баён мекунад. Фотима аксро дар шаҳри Ваҳдат гирифтааст ва мегӯяд, дастёбии духтарҳо ба мувафақият, “рӯидани сабза дар хушкӣ”-ро мемонад. Вай гуфт:

Ин акси барандаи озмун аст.

“Бисёре аз оилаҳо иҷозат намедиҳанд, ки духтарон ба дарс раванд ва ё таҳсилашонро идома бидиҳанд. Сабабашро намедонам. Ҳарчанд дини Ислом гирифтани илмро ба зану мард якхел ҳукм кардааст.”

Дар ин озмун дар қатори Фотима Афзал беш аз 30 навраси дигаре, ки орзуи рӯзноманигор шуданро доранд, бо пешниҳоди аксҳои мухталиф аз рӯзгори мардуми оддӣ ширкат карданд.

Давоми панҷ моҳ сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар ҳашт «гӯшаи амрикоӣ» дарсҳои фотожурналистикаро ба роҳ монд, ки дар озмуни имрӯза беҳтаринҳо муайян шуданд.

Ҷефф Райденаур, сухангӯи сафорати Амрико мегӯяд, “Ба фикрам барои мо, яъне сафорати Амрико чунин маҳфилҳо, ки барои рӯзноманигорони ҷавонанд, хеле муҳим аст, зеро мо эътироф мекунем, ки рӯзноманигорон дар ҷомеаи демократӣ як унсури заруриянд.

Ба фарқ аз дигар озмунҳои журналистон, дар ин озмун тамоми иштирокчиён талабагони мактабҳои миёнаи умумӣ буданд. Мақсади озмун тарбияи журналистони наврас, ҳамчунин ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба пешаи журналистика, рушди журналистикаи шаҳрвандӣ ва боло бурдани нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва масъалаҳое ки ба зиндагии онҳо марбут аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фоҷиаву хушбахтии инсон аз нигоҳи духтарони тоҷик

Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, ки дар ин чорабинӣ ба ҳайси меҳмон иштирок мекард, баргузории чунин озмунҳоро муҳим донист: ​"Шумо бо он чӣ тасвир мекунед, алоқаи шумо ва одамон аст. Ин як фоҷеа ва ё хушбахтии одамон аст. Ин метавонад як назар ё хулосаи шумо бошад, ки мехоҳед нишон бидиҳед. Барои ҳамин ин як акси холӣ нест, балки садои шумост."

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки минбаъд чунин лоиҳаҳоро дастгирӣ намояд, аммо идома ёфтани лоиҳа ба шавқ ва хоҳиши шунавандагони "гӯшаи амрикоӣ" бастагӣ дорад.