Дар чорчӯбаи барномаи Бунёди хазинаи сафирони ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ), сафорати Амрико бо мақсади тармиму таҷдиди осорхонаҳои таърихии ноҳияи Ҳисор ва Конибодом ду лоиҳаро дастгирӣ хоҳад кард.
Дар ин бора дар ҷамъомаде, ки имрӯз 29-уми октябр дар мавзеъи таърихии Қалъаи Ҳисор бо иштироки сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиотт, намояндагони вазорати фарҳанг ва дигар намояндагони мақомоти ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, гуфта шуд.
Ба гуфти масъулони сафорат, ташкилоти давлатии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» барқарорсозии осорхонаи Ҳисорро, ки бинои пештараи Мадрасаи Кӯҳна мебошад, амалӣ менамояд. Дар назар аст моҳи сентябри соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон 3000 солагии Ҳисорро қайд кунад. Тибқи маълумоти сафорати ИМА, маблағи гранти ХСҲМФ, ки 72 300 доллари ИМА-ро пешниҳод мекунад, барои таъмири девору боми мадраса, таъмини таҷҳизоти ҳозиразамона ва тартиби маводҳои маълумотӣ ва тарғиботиро барои таҷлили солгард истифода бурда мешавад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Тараққиёт», дар ҳамкории зич бо ҳукумати маҳаллӣ, барқарорсозии мадрасаи таърихии Мирраҷаб Додхоҳи шаҳри Конибодомро амалӣ менамояд. Мадраса, ки ҳоло ҳамчун осорхонаи таърихӣ истифода мешавад ва дар таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад, дар шимолушарқи шаҳри Конибодом ҷойгир аст. Ин мадраса дар нимаи дуввуми асри 17 (1659-1669) бо ёрии ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шудааст. Масоҳати умумии мадраса 1693 метри квадратӣ буда, аз ду айвони бузург, манора ва 26 ҳуҷра иборат аст. Лоиҳаи ХСҲМФ, ки 79 600 доллари ИМА-ро пешниҳод мекунад, таъмири девору боми бино ва таъмини таҷҳизотҳои ҳозиразамонаро дар назар дорад,.
Аз соли 2001, ХСҲМФ 15 лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон дастгирӣ карда, беш аз 500 000 доллари ИМА-ро барои нигаҳдории мероси беназири Тоҷикистон пешкаш намудааст. Нигаҳдориву тармими мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад дар Шаҳритуз, ки дар асри 9 сохта шудааст, ҳифзи нақшҳои рӯи девории гулҳои лола аз Қасри поёнии Панҷакенти бостонӣ, барқарорсозӣ ва ҳифзи осори Осорхонаи давлатии антиқа мисоли лоиҳаҳои гузашта ҳастанд.
Ин маҷмаъи таърихӣ дар поёни асри 19 аз ду мадраса, даҳҳо масҷид, чор дарвозаи шаҳрӣ ва як бозори марказӣ иборат будааст. Ҳоло аз он ҳама танҳо як дарвозаи арк, як мадраса ва корвонсарой боқӣ мондааст, ки ҳамагӣ сохтаҳои ҳамагӣ чанд асри пешанд
Қалъаи Ҳисор дар тақрибан 25-километрии ғарби Душанбе ва 7-километрии ҷануби маркази маъмурии ноҳияи Ҳисор воқеъ аст. Маркази кунунии Ҳисор қаблан Хонақоҳ ном дошта, дар замони Шӯравӣ ба шаҳрак табдил ёфт ва номи Ҳисорро гирифт. Дар натиҷа, Ҳисори таърихӣ - макони қалъаи бостонии ин минтақа зери сояи маркази ноҳия монд ва дар забони мардум ҳоло бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф шудааст. Ҳарчанд аҳолии бумиаш то имрӯз аз ин русто бо исми Ҳисор ном мебаранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад