ИМА "зада шудан"-и ҳавопаймои урдуниро аз тарафи ДОИШ рад кард

Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ҳавопаймои урдунӣ, ки дар Сурия сарнагун шуд, аз тарафи мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати Исломӣ” суқут наёфтааст.

Ҳавопаймои ҷангии F-16-и урдунӣ рӯзи 24-уми декабр бар фарози шаҳри Раққа, маркази ҷангиёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” суқут кард ва торнамои ин гурӯҳ бо нашри чанд акси ронандаи ин ҳавопаймо -- Муъат Сафӣ Юсуф Касасбеҳи 26 сола эълом дошт, ки ҳавопайморо мушаки нерӯҳои ин созмон сарнагун кардааст.

Артиши Урдун ва Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида (CENTCOM) хабари ба асорати ҷангиён афтодани халабонро тасдиқ карданд, аммо CENTCOM мегӯяд, “далелҳо ба таври рӯшан нишон медиҳанд”, ки ҳавопаймо зада нашудааст. Он меафзояд, тоби инро надорад, ки гурӯҳи “Давлати Исломӣ” аз “садамаи ногувори ҳавопаймо бо ҳадафҳои таблиғотии худ суистифода кунад”.

Ҳамзамон Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида нагуфтааст, ки чӣ чиз сабаби суқути ҳавопаймо шуд. Артиши Урдун гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ва тарафдорони онро барои “амният ва ҳаёти пилот масъул” эълон кард.

Дар ин байн падари Касасбеҳ дар номае ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ”, ки дар нашрияҳои урдунӣ ба чоп расид, хостори ҳифзи ҳаёти ҷавони ӯ шудааст. “Бигзор Оллоҳ дар дили Шумо раҳм андозад ва писари маро раҳо кунад,” – навиштааст ӯ.

Дабири кулли Созмонии Милали Муттаҳид Бан Ки-мун ба озодии пиолти урдунӣ “тибқи қонунҳои байнулмилали башарӣ” даъват кард.

Ин аввалин ҳавопаймои нерӯҳои эътилофи байнулмилалист, ки аз оғози зарбаҳои ҳавоӣ ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар моҳи сентябр дар қаламрави Сурия суқут кардааст.

Нерӯҳои ҳавоии Урдун, Иёлоти Муттаҳида, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн дар се моҳи гузашта бар фарози Сурия садҳо бор парвоз кардаву ба мавзеъҳои “Давлати Исломӣ” зарба задаанд.

Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар гузашта ҳавопаймоҳои ҳукуматҳои Сурия ва Ироқро суқут додаанд.