Гулмурод Ҳалимов - дар "рӯйхати сиёҳ"-и Амрико

Гулмурод Ҳалимов

Амрико алайҳи як идда аз раҳбарон, маблағгузорон ва тарафдорони созмони тундрави “Давлати исломӣ” аз ҷумла алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов таҳримот ҷорӣ кардааст.

Амрико алайҳи шуморе аз раҳбарон, маблағгузорон ва тарафдорони созмони тундрави “Давлати исломӣ” таҳримоти якҷониба эълон кардааст. Дар “рӯйхати сиёҳ”-е, ки вазоратҳои хориҷа ва дороӣ(молия)-и Амрико нашр кардааст, барои бори аввал исми як шаҳрванди Тоҷикистон – полковник Гулмурод Ҳалимов – ҳамчун яке аз раҳбарони “Давлати исломӣ” зикр шудааст.

Дар ин “рӯйхати сиёҳ”, ки дар сомонаи вазорати дороии Амрико нашр шудааст, дар бораи Гулмурод Ҳалимов чунин маълумот оварда мешавад:

KHALIMOV, Gulmurod, Syria; DOB 14 May 1975;

POB Varzob, Tajikistan; citizen Tajikistan;

Passport 018840 (Tajikistan) (individual)

[SDGT].

US blacklisted former Tajik poloce colonel Gulmurod Halimov

(Ҳалимов Гулмурод, Сурия, санаи таваллуд 14 майи соли 1975, макони таваллуд Варзоби Тоҷикистон, шаҳрванди Тоҷикистон, шиносномаи рақами 018840(Тоҷикистон).)

Дар маҷмӯъ Амрико 35 нафарро бо иттиҳоми раҳбарӣ, таъмини молӣ ва тарафдории “Давлати исломӣ” таҳти таҳрим қарор додааст. Дар баробари Гулмурод Ҳалимов дар ин рӯйхат 3 зодаи Русия - Рустам Аселдеров, Тархан Ғозиев и Шомил Измайлов низ шомил карда шудаанд.

Эълони таҳримоти Амрико алайҳи афрод ва ширкатҳо ба ин маъност, ки ҳисобҳои бонкии онҳо дар бонкҳои Амрико дар сурати ошкор шуданашон билофосила мунҷамид карда мешавад ва ба шаҳрвандону ширкатҳои Амрико анҷоми ҳар навъ муомила бо афрод ва ширкатҳои таҳримшуда мамнӯъ мебошад. Афрод аз ин «рӯйхати сиёҳ» ҳамин тавр, имкони истифода аз низоми байналмилалии молиро аз даст медиҳанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, полковник Гулмурод Ҳалимов аз сӯи мақомоти Тоҷикистон низ таҳти таъқиб қарор дорад: «Алайҳи ӯ бо иттиҳоми зархаридӣ ва хиёнат ба Ватан парванда кушодаанд. Гулмурод Ҳалимов баъди пайвастанаш ба «Давлати исломӣ» билофосила аз сафҳои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ронда шуд.»

Полковник Гулмурод Ҳалимов, ки фармондеҳии ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, дар поёни моҳи апрел ба таври мармуз ғайб зад. Рӯзи 27 май дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки дар он Гулмурод Ҳалимов аз пайвастанаш ба сафи «Давлати исломӣ» хабар дод ва гуфт, сиёсатҳои зиддидинии ҳукумати Тоҷикистон ва аз ҷумла вазорате, ки ӯ кор мекард, маҷбураш кардааст, то мақоми баландашро канор гузошта, пой ба роҳи ба ном «ҷиҳод» бигузорад.

Бино ба ҳисобҳо, то имрӯз тақрибан 500 нафар аз атбои Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» пайвастаанд ва то 200 тани онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта шудаанд. Вале полковник Ҳалимов баландпоятарин мақоме буд, ки ба ин созмони тундрав пайвастааст.

"Давлати исломӣ" як созмони тундравест, ки соли гузашта бахши аъзаме аз қаламравҳои Ироқу Сурияро тасарруф кард. Ин созмон бо қатлҳои бераҳмонаи мухолифон ва асиронаш ном баровардааст ва иддаои сохтани "хилофат"-и воҳид дар саросари дунёро дорад. Аммо биёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ин созмонро ба "рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳои ифротиву террористӣ шомил кардаанд.

Аммо дар «рӯйхати сиёҳ»-и афрод ва ширкатҳои таҳти таҳрими Амрико Гулмурод Ҳалимов танҳо нафари марбут ба Тоҷикистон нест.

Амрико ҳамин тавр, алайҳи 3 бонки фаъол дар Тоҷикистон – «Кафолатбонк», «Тиҷоратбонк»-и Эрон, «Контбонк»-и марбут ба миллиардери боздоштшудаи эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва ҳамчунин алайҳи як силсила аз ширкатҳои марбут ба тоҷири руси зодаи Тоҷикистон Виктор Бут, ки ҳоло дар Амрико 25 сол ҳукми зиндонашро адо мекунад, таҳримот ҷорӣ кардааст.