Дар натиҷаи тирандозии як фарди мусаллаҳ ба калисое дар наздикии шаҳри Сан Антонио дар Амрико даҳҳо нафар аз ҷумла аз кӯдаки панҷсол то пири 72-сола кушта шуданд.
Тирандозӣ ин дафъа дар шаҳраки хурди Сазерленд Спринг дар аёлати Тексас рух дод. Ҳангоми ибодати субҳгоҳии пайравони калисои аввалини баптистӣ, марди мусаллаҳ вориди калисо шуд ва ба тирандозӣ шурӯъ кард. Дар муддати кӯтоҳ 26 нафарро кушту даҳҳо танро маҷрӯҳ кард.
Ба гуфтаи мақомот, қурбонии хурдтарин 5-сола ва бузургтаринашон 72 сола аст. Духтари 14 солаи роҳиби калисо ҳам ҳалок шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки сафари 12-рӯзае дар Осиё дорад, дар Твиттер навишт, ки Худованд мардуми Сазерланд Спрингро нигаҳ дорад.
Ӯ бо изҳори тассалият ба хешовандони қурбониён афзуд, ки вазъро аз Ҷопон назорат мекунад. “Ҳамаи мардуми Амрико аз Худо мехоҳад, ба захмиҳо ва хешовандони осебдидагон кӯмак кунад. Мо онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорем“- гуфт ӯ дар Токио.
Грег Аббот, губернатори аёлати Тексас, тирандозиро, амали шарирона номид ва аз мардум хост, дар ҳаққи сокинони шаҳрак дуо кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ин як фоҷиаи бисёр бад аст. Чун дар ҷойи ибодат дар дохили калисо мардуми бегуноҳро куштанд. Мо аз марги онҳо андӯҳгинем ва ба хешовандонашон кӯмак мекунем” – гуфт, Грег Аббот.
Ба гуфтаи пулис, ҷасади фарди мусаллаҳро дар маҳаллаи ҳамсоя пайдо кардаанд. Гуфтанд, ки ӯ як ҷавони сафедпӯсти 26-сола аст.
Дар гузоришҳои дигар омадааст, ки ӯ Девин Келлӣ, як низомии собиқадор аз як шаҳри наздик ба маҳалли ҳодиса аст.
Ба гуфтаи матбуот, ӯ бо аслиҳаи автоматӣ мусаллаҳ будааст. Тирандозӣ дар Тексас дар замоне сурат гирифт, ки ваҳшати тирандозии хунини моҳи сентябр дар шаҳри Лас Вегаси Амрико аз ёдҳо нарафтааст.
Дар он замон як марди тирандоз 58 нафарро зимни як консерт кушт. Ҳодисаи нав бешак дигарбора баҳси истифодаи аслиҳа дар Амрикоро бештар мекунад.