Сафири Амрико рӯзи 9-уми июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии баён ҳамчунин дар авлавияти кораш қарор дорад. Дипломати амрикоӣ ҳамчунин таъкид кард, ки журналистон дар фаъолияти худ озод бошанд ва тавонанд, маълумоти дурустро ба нашр расонанд. Ҷон Марк Поммершайм ба хабарнигорони Радиои Озодӣ инчунин дар бораи истиқлолияти Амрико, “шасти моҳигирӣ” ва дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои Амрико ва Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Радиои Озодӣ: Муҳтарам сафир, иҷоза диҳед Рӯзи истиқлоли ИМА-ро, чанд рӯз дер ҳам бошад, ба Шумо ва ҳамкоронатон шодбош гӯем. Ин ҷашн барои амрикоиҳо чӣ маънӣ ва мафҳум дорад?
Ҷон Марк Поммершайм: “Албатта, рӯзи 4-уми июл эъломияи озодии ИМА ба имзо расидааст, ки 243 сол муқаддам ба вуқуъ пайвастааст. Ин солҳо барои озодии Амрико як пайроҳае буд. Барои ман боиси хушнудӣ аст, ки ҳафтаи гузашта рузи 3-юми июл мо ин идро дар Тоҷикистон таҷлил кардем ва 500 нафар меҳмонон ба ҷашни мо ташриф оварданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба даст овардани эъломияи озодӣ барои амрикоиҳо чандон осон набуд, зеро онҳо барои озодии худ солҳои тӯлонӣ заҳмат кашиданд. Дар садаи 19 мо ҳамчунин ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем, вале новобаста аз мушкилиҳое, ки мардум бо он рӯбарӯ шуданд, тавонистанд, дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои хуб ноил шаванд. Аз ҷониби дигар, ин ҳуҷҷат таъминкунандаи озодиҳои амрикоиҳо дар паҳлуҳои гуногуни ҳаёти онҳо нақш дошт. Ин рӯзи муқаддас ва хурсандӣ аст. Дар тамоми гӯшаву канори аёлатҳои Амрико мардум бо ҳам ҷамъ омада, ин рӯзро бо хурсандӣ таҷлил мекунанд."
Радиои Озодӣ: Нахустин сафири ИМА дар Тоҷикистон Стенлӣ Эскудеро боре гуфта буд, ки ИМА ба Тоҷикистон кӯмаки зиёд мекунад, вале тадриҷан аз додани “моҳӣ ба додани шасти моҳигирӣ” мегузарад, то моҳигириро омӯзонад ва Тоҷикистон мӯҳтоҷи дигарон набошад. Аз он вақт 27 сол гузашт. Оё Тоҷикистон “моҳигирӣ”-ро ёд гирифт?
Ҷон Марк Поммершайм: “Барои ин савол ташаккур мегӯям. Албатта, ИМА шарики боэътимоди Тоҷикистон мебошад ва дар давоми 27 соли ахир ҳамингуна шарик боқӣ мондааст. Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Мо мекӯшем, барои тақвият бахшидани озодӣ ва инчунин истиқлолияти Тоҷикистон кӯмаки ҳамаҷонибаи худро расонем. Тоҷикистон ҳоло як кишвари ҷавон аст, ки озодии худро танҳо 27 сол муқаддам ба даст овард. Новобаста аз ин, 27 сол шарикии мо бардавом мебошад ва ИМА ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар кӯмак кардааст, ки соҳаҳои амният, сарҳад, кишоварзӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар мегирад.
Агар барои пешравии ин кишвар мо каме ҳам бошад кӯмаки худро расонем, ба манфиат хоҳад буд. Мо дар оянда кӯмакҳои худро идома медиҳем, то дар соҳаҳои дигар дигаргунӣ ба назар расад. Ҳоло як мисол меорам. Ман тақрибан ду моҳ пеш ба вилояти Хатлон сафар кардам ва бо деҳқонон сӯҳбат доштам. Ман бо афроде мулоқот кардам, ки ҳоло бо кӯмаки коршиносони ИМА фаъолияти худро пеш мебаранд. Ҳатто як нафар аз ин кишоварзон ба ман гуфт, кӯмаке, ки аз ҷониби Амрико ба ӯ расонида шуд, барои табдил шудани ӯ ба як соҳибкори муваффақ кӯмак кардааст. Ман фикр мекунам, ин мисол ҷавоб ба он суоле буд, ки Тоҷикистон моҳидориро ёд гирифт ё не?”
Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи кӯмакҳои Амрико гуфтед ва давоми ин солҳо кӯмакҳои Амрико бештар башардӯстона буданд ва сармоягузории бузурги ширкатҳои амрикоиро давоми ин солҳо мо шоҳид нашудем. Ба назари шумо, оё бозори Тоҷикистон барои ширкатҳои амрикоӣ мароқангез нест ё инҷо сабабҳои дигаре вуҷуд дорад?
Ҷон Марк Поммершайм: “Дар Тоҷикистон аллакай баъзе сармоягузории амрикоиро мебинем. Масалан, дар соҳаҳои кӯҳкорӣ баъзе ширкатҳои амрикоӣ фаъолият доранд. Ширкати дигаре, ки фаъолият дорад, “Кока-кола” мебошад. Он ҳарчанд тавассути ширкати туркӣ фаъолият дорад, лекин дар кори он маблағгузории Амрико вуҷуд дорад. Мо мехоҳем, ки сармояи зиёдтари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шавад ва ҳукумати ИМА ва Тоҷикистон дар ин замина фаъолона кор карда истодаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сармоягузории бештар ба иқтисоди кишвар ворид шавад.
Албатта, Тоҷикистон на танҳо кӯшиш дорад сармоягузорӣ танҳо аз Амрико, балки аз дигар кишварҳои дигар ворид шавад. Аз ҷониби дигар мехостам илова кунам, ки иртиботи иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ниҳоят муҳим аст. Барои ҳамин ҳам дар сатҳи сафорат дар ин самт корҳои зиёдеро ба роҳ мондаем ва талош дорем лоиҳаҳои заруриро амалӣ кунем. Мехостам, аз фурсати муносиб истифода бурда, як эълони хурдакак кунам, ки ҳамасола чорабинӣ оид ба рушди савдо дар минтақаи Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунем.
Дар доираи форуми мазкур мо намояндагии ширкатҳои гуногун ва ҳукумат кишварҳои Осиёи Марказиро даъват мекунем, бо ҳам меорем ва торафт доираи иштироки саҳмгузории ин чорабинӣ тавсеа меёбад. Ин, албатта, имконияти олӣ мебошад, барои ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ ва ҳам ширкатҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ то бинанд, ки бозор чӣ гуна рушд ёфта истодааст. Дар дохили Тоҷикистон ҳам барои рушди иқтисодии минтақаҳои гуногун кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ дода истодаем.”
Радиои Озодӣ: Аслан ИМА ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар сиёсати хориҷии худ чӣ гуна матраҳ мекунад? Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳе дар ин сиёсат дорад?
Ҷон Марк Поммершайм: Давоми 27 соли ахир ИМА як ҳамкории қавиро бо Тоҷикистон ба роҳ монд ва онро пеш бурда истодааст. Мо бовар дорем, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ як нақши муҳимеро мебозад. Ва албатта, имрӯз мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон вобаста ба вазъ дар Афғонистон ҷиҳати кӯмак барои ба даст овардани субот бисёр истиқбол мекунем. Ба наздикӣ мо як ҳайати сатҳи баландеро доштем, ки таҳти роҳбарии фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон сафир Залмай Халилзод ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари мазкур вобаста ба ҳамкории мо дар ин ҷода сӯҳбатҳои муфассал доштем. Аз ҷумла, як вохӯрии пурмӯҳтаво бо президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир намудем. Тавре аз ин пеш гуфтам, бовар ба он дорем, ки барои ҳамгироии минтақавӣ Тоҷикистон як нақши муҳимеро мебозад.”
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо танқид мекунанд, ки ИМА бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол ва озодии матбуот маҳдуд мешавад, кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон идома медиҳад ва шарте барои ин намегузорад.
Ҷон Марк Поммершайм: “Пеш аз ҳама, ман мехостам, зикр намоям, ки мо бо Тоҷикистон як анъанаи хубӣ шарикӣ дорем, ки дар чаҳорчӯби он мо доираи васеъи масъалаҳоро ҳаллу фасл менамоем. Ин чаҳорчӯб ҳамчунин ҳуқуқи инсон ва озодии матбуотро дар бар мегирад. Ман мехоҳам, як чизи дигарро ҳам таъкид кунам. Мо як шеваи дигари ҳамкориро дорем, ки ин ҳам машваратҳои солонаи дуҷониба миёни ИМА ва Тоҷикистон мебошад. Чанде пеш Марк Мудӣ, иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ки дар доираи ин сафар мо масоили ҳуқуқи инсон ва озодии баёнро баррасӣ намудем ва ин як қисмати ҷудоинопазири муколамаи мо бо Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, ман бо шумо пурра розӣ шуда наметавонам, ки мо ба ин масъалаҳо эътибор намедиҳем, балки баръакс мо ба таври бояду шояд диққати худро ба ин масоил ҷалб мекунем.”
Радиои Озодӣ: Радиои мо расонаест, ки аз тарафи Конгресси ИМА сармоягузорӣ мешавад. Бисёриҳо онро ба ИМА пайванд медиҳанд. Вале чаро ҳукумати Амрико аз ҳуқуқи хабарнигорони он ҳимоят намекунад, дар ҳоле ки эътимодномаи кори хабарнигорон бекор карда мешавад, фишори зиёде сари ин расона идома дорад, то истиқлоли онро хадшадор кунанд?
Ҷон Марк Поммершайм: “Шумо дуруст гуфтед, ки Радиои Озодӣ як расонаи мустақил ва озод мебошад, ки ба ҳукумати ИМА рабт надорад. Он аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ шавад ҳам, фаъолияти таҳририя ва он хабарҳое, ки аз ҷониби радио пахш мешавад, нуқтаи назари ҳукумати Амрико намебошад. Тавре мо аз ин пеш ҳам гуфтем, ҳамонгуна ки кори журналистон барои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муҳим аст ва кори намояндагии Радиои Озодӣ ҳам барои бозтоби мушкилот ва он масоиле, ки ба он рӯ ба рӯ меоянд, хеле муҳим аст.
Онҳо тавассути хабарҳои худ шаҳрвандон ва ҳукуматро аз вазъ ва масъалаҳои гуногун хабардор мекунанд ва водор менамоянд, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мардум дар ин ҷодаҳо амалҳои зарурӣ андешанд. Онҳо ҳолатҳои коррупсиониро ошкор мекунанд ва тавассути ин фаъолияти худ ба ҳукумат ва сохторҳои ҳукумат имкон медиҳанд, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ман метавонам, соатҳои зиёд дар бораи аҳамияти кори журналистон ҳарф занам, чун ман фаъолияти касбии худро ҳамчун як рӯзноманигор дар Маскав оғоз намудаам.
Албатта, аз ҷониби дигар аҳамияти иҷозаи фаъолият барои рӯзноманигорон ва масъалаи вобаста ба эътиборномаи онҳоро бардоштед, ки ин барои дастрасии журналистон ба хабар ва маълумот ниҳоят нақши муҳим мебозад. Ин, албатта, дар ҷодаи фаъолияти намояндагони ҳам Радиои Озодӣ ва ҳам дигар расонаҳои хабарӣ ва инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки ҳамчун журналист фаъолият мекунанд, ниҳоят муҳим мебошад. То онҳо тавонанд, фаъолияти худро озодона пеш баранд ва ба иттилоот дастрасии озод дошта бошанд."
Радиои Озодӣ: Гузориши Комиссияи Амрико дар умури озодии дин аз тарафи мақомоти Тоҷикистон бо нороҳатӣ пазируфта мешавад ва бисёре аз нукоти он рад карда мешавад. Оё бояд ин гузориш чӣ таъсире дар умури озодии дин дар кишвар дошта бошад? Аз сӯе ҳам оё онро ҳамчун ҳимоят аз тундгароии динӣ баррасӣ мекунанд, Шумо чӣ мегӯед?
Ҷон Марк Поммершайм: “Комиссияи ИМА оид ба озодии дин ва як комиссияи дигар оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳамасола гузоришҳои худро вобаста ба вазъи кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон интишор мекунанд. Мо ин гузоришҳоро ба намоянда, ё сохторҳои кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, пешниҳод мекунем, то фикру ақидаҳои онҳоро фаҳмем. Ин масъала барои мо ниҳоят муҳим аст. Баррасии масъалаи озодии динро дар дидор ва муколамаҳои дуҷониба давом дода истодаем. Аз ҷониби дигар ман мехостам, зикр намоям, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи амният ҳам мушкилоти хоса дорад, лекин ба фикри мо мушкилоти вобаста ба амният набояд ҳамчун як восита барои нақз ё маҳдуд кардани озодиҳои динии шахсони алоҳида истифода шавад. Мо бояд, ки барои одамон имконият диҳем, то озодиҳои динии худро тавонанд озодона дар амал татбиқ кунанд. Албатта, ин як қисми ҷудонашавандаи муколамаи мо мебошад ва ман дар ҳаминҷо мехостам, боз як бори дигар таъкид намоям, муколамаи худро дар ин самт давом медиҳем."
Радиои Озодӣ: Ҳукумати Тоҷикистон ба хабарнигорон фишор меорад, ки аз созмони дар Тоҷикистон манъшудаи ҲНИ ном набаранд, зеро ин гурӯҳ дар кишвар ҳамчун тундрав ва террорист маҳкум ва манъ шудааст. Вале тақрибан ягон кишвар аз бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҳизб ҳимоят накардааст, аз ҷумла ИМА низ. Ба гумони Шумо дар чунин ҳолат кори рӯзноманигорон бояд чӣ гуна бошад?
Ҷон Марк Поммершайм: “Мехостам, бори дигар таъкид намоям, ки рӯзноманигорон дар ҳаёти мо нақши муҳим мебозанд. Аз як ҷониб онҳо бояд дар фаъолияти худ озод бошанд, то қадри имкон худро зимни фаъолият озод ҳис кунанд. Аз ҷониби дигар онҳо ҳангоми пахши хабарҳои гуногун ба таври бетарафона ё объективона муносибат кунанд, то барои пахши хабар ва огоҳонидани мардум маълумоти дурустро ба нашр расонанд.”
Радиои Озодӣ: Тоҷикон мардуми фарҳангдӯст ва адабпарвар шумурда мешаванд. Ҳамкориҳои фарҳангии ИМА ва Тоҷикистон аз чиҳо иборатанд ва чи натиҷаҳо медиҳанд?
Ҷон Марк Поммершайм: “Муносибатҳои фарҳангӣ ва миёни мардуми ду кишвар аз афзалиятҳои ҳамкорони мо дар сафорати ИМА дар Душанбе аст. Дар ҷодаи ҳамкориҳои фарҳангӣ имруз гурӯҳҳои ҳунариро ба Тоҷикистон оварда истодем, ки яке аз мисолҳои ин даъвати гурӯҳи ҳунарӣ ба Боми Ҷаҳон - Помир мебошад. Ҳангоми сафар ба гӯшаву канори Тоҷикистон ман имконият доштам, ки аз чаҳор маркази амрикоӣ дидан кунам.
Тавре шумо ҳам медонед, ҳоло дар Тоҷикистон ҳашт маркази амрикоӣ фаъол аст. Маро фаъолияти ҷавононе, ки дар ин марказҳо машғул ҳастанд, дар ҳайрат гузошт. Онҳо дар ин марказҳо ба омӯзиши забони англисӣ, амалисозии лоиҳаҳо дар ҷодаи фанноварӣ ва подкастҳо машғул ҳастанд. Мо, албатта, дар оянда кӯшиш мекунем доираҳои ҳамкории худро бо Тоҷикистон васеъ намоем ва барномаҳои бештарро амалӣ созем. Албатта, танҳо бо як омӯзиши забони англисӣ мо тамоми ниёзҳоро қонеъ карда наметавонем, вале то қадри имкон тавассути чунин барномаҳо кӯмак мекунем. Мо ният дорем, дар солҳои 2019 ва 2020 намояндагони гуногун аз ҷумла, суханварону мусиқинавозонро аз Амрико ба Тоҷикистон даъват кунем.“