Муҷозоти 715 мансабдори тоҷик дар соли 2014: Кам аст ё зиёд?

Боздошти як додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бо ришва. Акс аз сомонаи anticorruption.tj

Соли гузашта дар Тоҷикистон бар асоси шикоятҳои мардум 715 мансабдорро ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, алайҳи 40 мансабдор парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Дар соли 2014 дар Тоҷикистон беш аз 700 мансабдорро бо ҷурми қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида, алайҳи 40 мақоми давлатӣ ва ҷамъиятӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Аммо нозирони умур мегӯянд, ин танҳо нӯги айсберги фасоди идорӣ дар Тоҷикистон аст.

Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти аахири хабариаш, ки рӯзи 30 январ доир шуд, гуфт, тайи як соли охир ба мақомоти додситонӣ 27 134 шаҳрванд муроҷиат карда, дар 2 136 маврид шикоятҳои расида дар мавриди қонуншиканиҳо собит шудааст. Ба гуфтаи додситони кулл, дар соли 2014 бар асоси шикоятҳои мардум 715 мансабдор, ки, ба таъбири Юсуф Раҳмонов, “баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳоро таъмин накардаанд”, ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашидаанд ва алайҳи 40 мансабдор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар Тоҷикистон, бино ба ҳисоби ду сол пеши Оҷонсии хадамоти давлатӣ, тақрибан 18 300 нафар ҳамчун хидматчии давлатӣ рӯйхат шудаанд. Аз ин шумор беш аз 11 ҳазораш дар мақомоти марказӣ ва беш аз 7 ҳазор дар мақомоти маҳаллӣ кор мекунанд. Маоши миёнаи як хидматчии давлатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2012 802 сомонӣ, муодили 160 долларро ташкил медод.

Як омили даст ба қонуншиканӣ ва аз ҷумла ба ришваву фасод задани мансабдорон дар Тоҷикистон кам будани маоши онҳо гуфта мешавад, чун дар шароити ин кишвар таъмини зиндагии дархӯри як мансабдори “баобрӯ” бо 800 сомонӣ маоши расмӣ ғайримумкин аст. Омилҳои дигаре, ки ба қонуншиканиву фасод дар идороти давлатӣ роҳ мекушоянд, ба ақидаи соҳибназарон, падидаҳои манфие, чун маҳаллгароиву хешутаборбозӣ ва ошнобозист, ки бисёре аз мансабдоронро, ба бовари худашон, аз ҷавобгарӣ “масуният” пайдо мекунанд.

Дар ҳафтаи гузашта Палатаи ҳисоби Тоҷикистон эълон кард, ки дар пайи санҷиши молиявӣ ё аудити Бонки миллӣ дар ин ниҳоди давлатӣ мавридҳои непотизм ё хешутаборбозии масъулонашро ошкор кардаааст ва ба ҳамин далел 8 нафарро аз бонки марказии Тоҷикистон аз мақом барканор кардаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи натиҷаи аудити Бонки миллӣ гуфт, дар ин ниҳод ҳолатҳои истифодаи “ғайримақсаднок”-и маблағҳои давлатӣ ва инчунин ба кор гирифтани хешу табори мақомот ошкор шуд. Ҷаноби Давлатзода гуфт, бо дархости Палатаи ҳисоб нафароне, ки ба якдигар хеш буданд ва дар ин ниҳоди молӣ дар тобеияти якдигар қарор доштанд, аз кор озод шудаанд: “Чанде пеш аз Бонки Миллӣ ба мо иттилоъ доданд, ки 8 нафарро аз кор озод кардаанд. Хешовандони наздики роҳбарияти бонк аз кор озод шуданд ё ба дигар кор гузаронида шуданд. Ин 8 кас ба роҳбарони бонк муносибати хешутаборӣ доштанд."

Палатаи ҳисоб мегӯяд, дар Бонки Миллӣ истифодаи “ғайримақсаднок”-и беш аз 234 миллион сомониро низ ошкор кардаанд, ки ба ҷои кӯмак ба хоҷагиҳои пахтакор барои сохтани мағозаю кӯмак ба корхонаҳои пахта сарф шудааст.

94 000 доллар барои "Нива"

Ҳамин тавр, зимни аудити Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чанд мавриди машкуки харидани мошинҳои сохти Русия бо нархҳои боварнокарданӣ ошкор шудааст. Аз ҷумла ин Кумита 3 мошини махсуси тамғаи "Нива"-ро 94 000-долларӣ, ду мошини махсуси тамғаи УАЗ-ро бо нархи 114 000-долларӣ ва ду автомобили тамғаи ГАЗ (вездеход)-ро 126 000-долларӣ харидааст.

Охирин моҷарои марбут ба фасоди идорӣ ба масъалаи таъини нафақаи бархе мансабдорони собиқ бармегашт. Мақомоти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта эътироф карданд, ки Наталя Назаршоева ном мақоми собиқи “Тоҷиксодиротбонк” барои худ ба маблағи 17 000 сомонӣ ва Амонуллои Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати роҳи оҳан 18 000 сомонӣ нафақаи маъюбӣ дуруст кардаанд. Маълум шудааст, ки аз 100 000 нафаре, ки дар Тоҷистон нафақаи маъюбӣ мегиранд, беш аз 1000 нафараш мансабдорони собиқу фаъол будаанд, ки маълум нест, бо чӣ роҳе ба чунин нафақа даст ёфтаанд.

Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ниҳоди давлатии "фасодзадатарин" дар соли 2014 ном бурд. Аммо гуфта мешавад, дар ниҳодҳои дигари давлатӣ дар Тоҷикистон камтар аз инҳо ришва намегиранд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ ба далели фасоди идориаш дар қатори 20 кишвари фасодзадатарини дунё ном бурда мешавад. Маркази таҳқиқоти стротегии ин кишвар ду сол пеш дар як гузориши фарогир гуфта буд, сатҳи фасоду ришва дар Тоҷикистон ба андозае доман паҳн кардааст, ки ин падидаи манфиро амалан ба як таҳдид ба амнияти миллӣ табдил додааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД