Вокуниши СММ ва ИА ба муроҷиатномаи ҲНИТ ба кафилҳои сулҳи Тоҷикистон

Намояндагиҳои СММ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе мегӯянд, ки муроҷиатномаи ҲНИТ ба ҷонибҳои кафили сулҳи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дафтари рушди СММ ва намояндагии ИА дар Душанбе рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муроҷиатномаи раёсати ҳизби мухолифи Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба ҷонибҳои кафили сулҳи Тоҷикистонро дастрас кардаанд ва ин нома мавриди баррасӣ қарор дорад.

Сафири ИА дар Душанбе Ҳидоят Бишчевич дар посухи хаттиаш ба Радиои Озодӣ навишт, вокуниши онҳо ба номаи ҲНИТ дар пайи машваратҳо бо мухотабҳои дигари ин муроҷиатнома, аз ҷумла СММ ва САҲА таҳия хоҳад шуд: “Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон номаи муроҷиатии Ҳизби наҳзати исломиро қабул намуд. Айни ҳол Намояндагӣ мақсад дорад бо шарикони ҷомеаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ин номаро низ қабул намуданд (аз ҷумла, СММ, САҲА...) дар ин хусус машварат намояд. Намояндагӣ инчунин дар ин хусус ба маркази худ дар Брюссел хабар медиҳад. Пас аз машваратҳо бо ҷонибҳои гуногун қадамҳои ояндаи хешро дида мебарояд.”

Дар дафтари рушди СММ ба Озодӣ низ ба дасти онҳо расидани номаи ҲНИТ-ро тасдиқ карданд. Намояндаи ин дафтар гуфт, “номаро худи ҳамон рӯзи 1 июл гирифтем ва ба нафари масъул супурдем, вале баррасиии муроҷиати ҲНИТ метавонад як ҳафта ё 10 рӯзро дар бар бигирад. Баъдан мо посухамонро ба ҲНИТ хоҳем дод.”

Раёсати ҲНИТ рӯзи 1 июл барои бори аввал баъд аз 18 соли имзои созишномаи сулҳ бо як номаи расмӣ ба дабири кулли СММ, САҲА, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ, сарони кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон муроҷиат кард ва хостори мудохилаи онҳо ба вазъи сиёсии пешомада дар ин кишвари Осиёи Марказӣ шуд. ҲНИТ аз мухотабонаш ҳамчун кафилони сулҳи Тоҷикистон хостааст, то бо дахолати бевосита ба вазъият “аз Ҳукумати ҶТ риояи Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мақоми байналмиллалӣ дорад, тақозо намоянд.”

Аркадий Дубнов

Хабарнигори рус Аркадий Дубнов, ки масоили Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муроҷиатномаи ҲНИТ-ро “иқдоме аз ғояти ночорӣ” (“акт отчаяния”) номид, вале гуфт, ягон заминаи ҷиддиеро намебинад, ки ниҳодҳое, чун СММ, ҷиддан дахили вазъ дар Тоҷикистон шаванд: “Ғарб ва СММ ҳоло бештар ба ҳифзи субот дар ин гӯшаи АвроОсиё манфиатдоранд. Бахусус ба далели тақвияти ифротгароии исломӣ. Дар Ғарб ин ақида боло мегирад, ки ҳар касе, ки дар қудрат бошад, бошад, фақат инки вазъро зери назорат дошта бошад. Албатта, Русия бо он нуфузе ки бар ҳокимони кунунии Тоҷикистон дорад, метавонист ба таҳаввули вазъ таъсир расонад. Барои мисол, аз роҳи даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба Маскав ва ташкили мулоқоти ӯ бо ягон намояндаи ҳукумати Русия ба Душанбе паём бидиҳад, ки аз сиёсаташ розӣ нест. Вале шеваи сиёсати Русия дигар аст. Маскав, қарори маълум, зӯрро эътироф ва бо зӯр кор мекунад”, гуфт Дубнов.

Аммо Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ рӯзи 2 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, талаби онҳо аз ҷонибҳои кафили сулҳи Тоҷикистон кадом талаби баланду миёншикан нест: “Мо дар ин нома аз ҷомиаи ҷаҳонӣ танҳо хостаем, то ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур ба иҷрои Сарқонун ва эҳтиром ба созишномаи сулҳ кунад. Ин чандон талаби сахт ё иҷроношуданӣ нест. Вале дигар ин ба ҷонибҳое, ки мо муроҷиат кардем, вобаста аст, ки оё чӣ иқдом хоҳанд кард.”

Маҳмадалӣ Ҳайит

Дар ин нома, ки матнаш шоми 1 июл дар сомонаи расмии ҲНИТ нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистон ба “амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёна” нисбат ба мухолифонаш айбдор мешавад. Ҳукумат, ба ақидаи раёсати ҲНИТ, бахусус таъқиби аъзо ва ҳаводорони ин ҳизбро, ки дар нома “шарики аслии сулҳ” унвон шудааст, ба “авҷи аъло” расондааст: “Мутаассифона, тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ афзоиш бахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст.”

ҲНИТ дар номааш гуфтааст, шартҳои умдаи сулҳи соли 1997 - бахшидани якдигар ва сохтани як кишвари озоду демократие, ки “дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодиву тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад” - аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон поймол шуда истодааст, ки амале барои сулҳу амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хатарнок мебошад:

“Ҳазорҳо нафар аз набудани волоияти қонун, адолат ва имконияти озоди фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ноумед гашта, тарки ватан карданд ва ҳатто иддае ба гурӯҳҳои радикалӣ ҳам пайвастанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷӯ дорад, мақомоти давлатии Тоҷикистон бо ин гуна сиёсатҳои иштибоҳӣ заминасози пайдоиш ва рушди падидаҳои манфӣ дар кишвар ва минтақа гашта истодаанд.»

Созишномаи сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик рӯзи 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расида буд. Мурооти шартҳои ин созишномаро бар иловаи СММ ҳамчунин кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бар ӯҳда доштанд, ки 7 кишвар - Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва Қирғизистонро дар бар мегирифт.

Аммо дар соли 2001, бо расидан ба муҳимтарин ҳадафи созишномаи сулҳ – қатъи низои мусаллаҳона - фаъолияти ниҳодҳои вобаста ба раванди сулҳ, аз ҷумла Кумиссиюни оштии миллӣ, Дафтари сулҳи СММ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр, ӯҳдадории ҷонибҳои кафили сулҳ, бо шумули кишварҳои узви Гурӯҳи тамос расман ба поён расид.

Номаи раҳбарони ҲНИТ ба ҷонибҳои кафили сулҳи соли 1997 дар ҳоле ирсол шуд, ки ин танҳо ҳизби исломии расман сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ ва як мӯҳраи асосии тарафи дигари ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон - Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин - дар маъракаҳои расмии бахшида ба солгарди 18-уми имзои созишномаи сулҳ ширкат накард. Гузашта аз ин, ҲНИТ дар арафаи Рӯзи Ваҳдат бо даъвати як нишасти хабарӣ аз афзоиши фишору таъқиби аъзо ва ҳаводоронаш шикоят кард ва ҳамчунин аз раисаш Муҳиддин Кабирӣ, ки қариб 4 моҳ боз дар хориҷ қарор дорад, хост, ки то замони беҳтар шудани вазъ, ба Тоҷикистон барнагардад.

Дар моҳҳои охир аз вилоятҳои Суғду Хатлон дар бораи “бо ихтиёри худ” қатъ шудани фаъолияти чандин шӯъбаи маҳаллии ҲНИТ гузориш шуда буд. Аммо масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки ин як маъракаи тарҳрезишуда алайҳи ин ҳизб аст ва мардумро таҳти фишор ва бо тарс додан маҷбур мекунанд, ки аризаи хуруҷ аз узвият дар ҲНИТ-ро бинависанд. Мақомот ин иддаоро рад мекунанд.

ҲНИТ, ки ба гуфтаи масъулонаш, то 45 000 узв дошт, дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 соҳиби ду курсӣ дар парлумон шуда буд. Вале дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли ҷорӣ ин ҳизб, бино ба натиҷаҳои расмии овоздиҳӣ, натавонист садди 5-фоизаро убур кунад ва берун аз парлумон монд. Ҳоло дар матбуоти расмии Тоҷикистон даъватҳое зиёд садо медиҳанд, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва ҲНИТ бояд фаъолияташро қатъ кунад.