Як репсарои тоҷик мегӯяд, бо гузашти се ҳафта аз ҳодисаи латту кӯби шадиди ду ҳамкори овозхонаш ҳанӯз ҳам сохторҳои татфтишотӣ омилони ин ҷиноятро боздошт ва ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Рамазон Муродов, маъруф бо тахаллуси "Ралики репсаро", рӯзи 14-уми октябр гуфт, ҳамлаи гурӯҳии 22-юми сентябр дар асл ӯро ҳадаф қарор дода буд, аммо тасодуфан ду ҳамкори дигараш дар ин ҳодиса осеб диданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Репсаро мегӯяд, гурӯҳи ҳамлагар аз мухолифони таронаҳои ӯ буданд, ки бештар дар бораи мушкилоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла нашъамандиву танфурӯшӣ, авбошӣ ва фасоду бекорӣ мегӯяд. Рамазон гуфт, маҳз мазмуни иҷтимоии оҳангҳои репсароҳои тоҷик, наздик ба тафаккури ҷавонони одӣ аз кӯчаву хиёбонҳо будани онҳо ва ҳам озоду бепарда иҷро шуданашон, барои бисёриҳо писанд нест.
Аксар репсароҳои тоҷик мегӯянд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон репу репсароӣ ҳамоно зиёд пуштибон надорад ва аз ин назар, овозхонҳоро дар баробари ҳамлаву таҳдидҳо заъфпазир мекунад.
Рэпсароӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои дуҳазорум ва он ҳам бо таваҷҷӯҳ ба мушкили иҷтимоии мардум, аз қабили муҳоҷират ва бебарқӣ, ба майдон омадааст.
Рамазон Муродов мегӯяд, аз он ки ду дӯсту ҳамкораш дар ҳодисаи 22-юми сентябр мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, худро шармандаву гунаҳкор эҳсос мекунад. Он рӯз зарбу лати ҳамлагарон ба ӯ, на ба овозхони поп Абдураҳмони Ҳакимзод ва як рафиқи дигарашон нигаронида шуда буд. Рамазон Муродов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як соат қабл аз ин ҳодиса, як гурӯҳи ҷавонон ба ӯ занг зада дархост карданд, қиссаи зиндагии яке аз онҳоро аз роҳи реп тақдим кунад. Ӯ низ ин хоҳишро рад накарда, ба онҳо суроғаи студияи сабти овозро додааст.
Баъди ин, ба гуфтаи ҷабрдидаи ин ҳамла овозхон Абдураҳмони Ҳакимзод, гурӯҳе ба студияи сабти садо омаду дар фосилаи 10 дақиқа онҳоро латту кӯб кард. Ҳодиса дар маҷмӯъ 10 дақиқа идома дошт ва ҳамлагарон бо истифода аз корду чӯбпора онҳоро шадидан латту кӯб карданд. "Ралик" тавонистааст, дар як утоқи хурде пинҳон шавад ва дар натиҷа зарбу латро ду ҳамкори дигараш хӯрдаанд.
Абдураҳмони Ҳакимзод, ки дар ин ҳодиса осеб дидааст, гуфт, "ману як дӯсти дигарам вақте хостем аз Ралик ҳимоя кунем, онҳо ба мо дарафтоданд. Аввал маро латту кӯб карда, баъд рафиқи дигарамонро бо корд захмӣ намуданд. Бигузор мақомот онҳоро ҷазо диҳанд, на як ё ду нафарро балки панҷ нафар дар ин ҳодиса шарик буданд”.
Дар пайи ин ҳодиса бинии Абдураҳмони Ҳакимзод шикаставу сараш кафид ва 10 рӯзи баъдиро дар бемористон бо муолиҷа сипарӣ кард. Дар ин муддат танҳо як бор модари яке аз ҳамлагарон омада, тавалло кардааст, ки аризаашро бозпас бигирад, вале дигар аз ҳеҷ як нафари онҳо хабаре нашуд. Як рафиқи дигари онҳо, ки намехоҳад номаш нашр шавад, аз теғи корди ҳамлагарон дар рӯяш чанд захм бардоштааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 237 (авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ҳодиса “22-юми сентябри соли равон, тахминан соати 19:40-дақиқа, дар студияи сабти овоз, воқеъ дар кӯчаи Лучоби пойтахт” рух додааст. Мақомот дар пайи шикояти се ҷабрдида як ҷавони 21-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда, мегӯянд, “барои муайян ва дастгир кардани нафарони дигар амалиёт идома дорад”.
Ҳамла ба репсаро дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст, ҳарчанд муносибати ҷомеа ба ин жанри мусиқӣ яксон нест. Ралики 19-сола мегӯяд, аз таҷрибаи шашсолаи кор ва беш аз 200 таронаи иҷрокардааш медонад, ки бо вуҷуди муҳим, дарднок ва нишонзан будани мазмуни оҳанги репсароҳо, ки бештар сари мушкилоти иҷтимоӣ тамаркуз кардаанд, дар Тоҷикистон мухолифону мунаққидони ин жанр зиёданд.
Бисёриҳо ин жанри мусиқиро “кӯчагӣ” ва мухолиф бо меъёрҳои фарҳанги миллӣ меноманд. Барои мунаққидон истифодаи алфози қабеҳ бисёр вақт писанд нест. Вале тарафдорони ин жанр мегӯянд, репсароҳо дар асл як рисолати хеле муҳими иҷтимоиро иҷро мекунанд, ки бо забони соддаву фаҳмо, бигузор кӯчагӣ ҳам бошад, ба наврасону ҷавонон аз дардҳои сахти ҷомеа, мисли нашъамандиву танфурӯшӣ ва бекорӣ хабар медиҳанд.
Репсаро Исмоил Исмоилов, ки бо тахаллуси Мастер Исмайл маъруф аст, мегӯяд, ҳарчанд то ҳанӯз касе ба ӯ дар мавриди репсароияш фишору таҳдид накардааст, вале ин ҳодисаро ором қабул карда наметавонад. Вай гуфт, “Тоҷикистон як кишвари озод аст ва касеро маҷбур намекунанд то реп гӯш кунад”. Исмоил ба он таъкид мекунад, ки зарурати вуҷуди реп дар саҳнаи калонро ҳатто ҳукумат ҳам дарк мекунад ва дар чанд консертҳои расмӣ бо ҳузури президент репсароҳо ҳам дида шудаанд, ки ҳамроҳ бо овозхонҳои "Шашмақом"-у фолклор ва поп, таронаҳои худро иҷро кардаанд.
Таърихчаи репи тоҷикӣ ҳанӯз омӯхта нашудааст, вале дар хотири бисёриҳо ҳаст, ки нахустин таронаҳои реп ба забони тоҷикӣ дар охири солҳои 1990-ум арзи ҳастӣ карданд. Нозим Орифҷонов, Доктор Эмфир (Фирӯз Эмомов), Мастер Исмаил (Исмоил Исмоилов), Баха-84 (Бахтиёр Қосимов) ва дигарҳо аз репсароёне ҳастанд, ки исмашон дар миёни ҷавонони тоҷик шинохта шудааст.
Шаҳбоз Шарифов (Шон МС) дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам дар ин даҳсолаҳои охир реп ба сахтӣ ба “ангушти панҷуми даст” ё як жанри маъмулии мусиқии замонавӣ дар Тоҷикистон табдил шуд. Вай дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бояд ҷомеа қабул кунад, ки аксари ҷавонон тарафдори репсароӣ ҳастанд.
Шаҳбоз мегӯяд дуруст аст, ки гоҳҳо дар реп алфози қабеҳ ва дашном истифода мешавад, вале бо гузашти вақт он метавонад ислоҳ шавад. “Оинаи чиркинро шикастан лозим нест, агар онро пок кунед, тоза мешавад, агар репсароҳоро дар мавриди реп тарбия кард ҳама хато ислоҳ мешаванд”-мегӯяд ӯ. Шаҳбоз як сабаби хуш пазируфта нашудани репро аз сӯи қишри фарҳангӣ ба он рабт медиҳад, ки “ин жанри таронахонӣ дар кӯча тавлид шуда бо қонунҳои кӯча хонда мешавад”.
Рэпсароӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои дуҳазорум ва он ҳам бо таваҷҷӯҳ ба мушкили иҷтимоии мардум, аз қабили муҳоҷират ва бебарқӣ ба майдон омадааст. То кунун репсароёни тоҷик дар бораи фарзандони ятиму дастнигар, мушкили бепулӣ ва нашъамандии ҷавонон зиёд таронаҳо иҷро кардаанд. Таронаҳои рэп дар байни ҷавонон ва бахусус ноболиғон тарафдори зиёд дорад ва аксари рэпсароён писарон ҳастанд.
Як соли пеш ҳам репхонии шӯхиомези як духтари ноболиғи тоҷик дар назди дугонаҳояш ва нашри он дар Одноклассники, бархе аз корбарони ин шабакаи иҷтимоиро бар зидди ӯ шӯронд, то ҷое, ки ба ҷони духтарак ҳам таҳдид карданд.
Вале Ралики репсаро ва Абдураҳмони Ҳакимзод, ки аз ҳунари худ даст кашиданӣ нестанд, мегӯянд, мақомоти полис бояд омилони латукӯби онҳоро муҷозот кунанд, чунки авбошону мухолифони репсароҳо бояд донанд, ки қонунро нақз кардаанд ва ба дигарон намунаи ибрат шавад, ки даст аз ҳунарманд бардоранд.