Аз моҳи январи соли 2015 омӯзгорони мактабҳои Тоҷикистон бояд бо либоси ягонаи мактабӣ ба дарс ҳозир шаванд. Ин либос, ба гуфтаи масъулон, бо риояи сифатҳои миллӣ ва дӯхти аврупоӣ таҳия шудааст. Қарори ҷорӣ кардани либоси ягонаи мактабӣ барои муаллимҳо ҳудудан се-чаҳор соли пеш дар ҳоле гирифта шуд, ки устодон бо либосҳои рангоранги гоҳо симзадаву дурахшон ба дарс ҳозир мешуданд.
Қарори либоси ягонаи мактабӣ барои устодҳоро, ки баъдан омӯзгорони мардро низ фаро хоҳад гирифт, вазири пешини маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳанӯз дар соли 2009 қабул карда буд. Вале татбиқи он бино бар ниёз ба коркарди бештар ба таъхир афтод.
Ин қарор шояд муаллимҳоро нороҳат намекард, агар таъмини либоси мактабиро худи мактаб бар дӯш мегирифт. Аммо бино бар қарори вазорати маориф, ҳар муаллим бояд аз бастаҳои либосе, ки вазорат ба мактабҳо интиқол додааст, андозаи худро интихоб кунад ва қиматашро низ бипардозад. Ҳар як костюм то 260 сомонӣ арзиш дорад ва агар муаллим барои харидории он пул надошта бошад, вазорат пули костюмро аз маоши муаллим мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чамангул Сатторова, раҳбари мактаби рақами 91-и шаҳри Душанбе, рӯзи 29-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори ҳайати мушовараи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон “Дар бораи либоси ягонаи мактабҳо” 5 сол пеш қабул шуд ва дар ҳоли ҳозир 80 дарсади омӯзгорони ин мактаб ба либоси ягона мактаби ба кор ҳозир мешаванд: “Ҳамагӣ 15 муаллимаи мактаб бо сабаби надоштани шароит ва иҷоза надоштани пӯшиши либосҳои тавсияшуда, аз харидани либоси ягона, ки иборат аз куртаву костюм аст, худдорӣ карданд. Мо низ наметавонем онҳоро маҷбур кунем, ки ҳатман аз либосҳои тавсияшуда харидорӣ кунанд. Аммо онҳо низ либоси протоколӣ мепӯшанд.”
Дар ҳоле ки Абдуҷаббор Алиев, масъули бахши макотиби миёнаи вазорати маориф ва илм мегӯяд, униформаи муаллимон хусусияти тавсиявӣ дорад, аммо раҳбарони мактабҳо аз устодон риояи комили либоси ягонаро талаб мекунанд.
Бархе аз омӯзгорон рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ ин суолҳоро матраҳ карданд, ки “чаро ин қарор аз оғози соли таҳсил мавриди амал қарор нагирифт? Чаро солҳо баъди қабул шудани қарор либосҳои ягонаи мактабиро оварда бар сари омӯзгорон бор кардан чӣ маъно дорад? Омӯзгорон бе ин сарулибоси худро ба моделҳои вазорат мутобиқ карда буданд ва акнун маҷбуранд дубора либос бихаранд?” Баъзе омӯзгорон ҳадаф ҷорӣ шудани либоси ягона аз аввали солро на талаби замон, балки як навъ “бизнес” маънидод мекунанд.
Гулшан Нурова, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 38-и шаҳри Душанбе гуфт, вокуниши омӯзгорон ба либосҳои тавсияшуда якранг нест. Ӯ гуфт, ки аз намуди либос хушаш омад. “Либоси ягона ба хотири он аст, ки муаллимони шаҳр аз деҳот фарқ дошта бошанд,” – мегӯяд Гулшан Нурова.
Гулнисо Ҷӯрақулова, омӯзгори дигари мактаби 38-и шаҳри Душанбе гуфт: “Ҳарчанд намуди зоҳирии либос бад ҳам набошад, аммо сифаташ паст аст. Рангҳои либос ба ҳам мезананд. Аммо ба ҳар ҳол мо онҳоро мепӯшем.”
Либосҳои ягонаи мактабӣ барои омӯзгорон дар корхонаи “Гулсара”-и шаҳри Хуҷанд омода шудааст. Қарор дар бораи либосҳои ягонаи омӯзгорону талабаҳо чанд соли пеш сару сдоҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Вазорати маориф дар посух ба ин вокунишҳо гуфта буд, ки либоси ягона барои муаллимон ба хотири фарқ кардани онҳо аз талабаҳо ҷорӣ мешавад.
Бино бар омори расмӣ, дар тақрибан 3800 мактаби миёнаи Тоҷикистон беш аз 130 0000 муаллим фаъолият мекунанд. Беш аз 60 дарсади онҳо занҳо мебошанд, ки бояд аз соли нав бо либоси ягона ба кор ҳозир шаванд.
Ин нахустин таҷрибаи ҷорӣ кардани либоси ягона барои ходимони ин ё он соҳа дар Тоҷикистон нест. Қаблан барои зоирони Ҳаҷ ва имомхатибон низ дар ин кишвар либоси ягона ҷорӣ карда буданд.