Созмони Милал гуфтааст, партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон коркард, пинҳон ва муҳофизат намешаванд.
Созмони Милали Муттаҳид аз хатари 55 миллион тонна партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод. Жан Родригес, сухангӯи Комиссияи Созмони Милал барои Аврупо, дар шаҳри Женева ба хабарнигорон гуфтааст, "ин партовҳо коркард, пинҳон ва муҳофизат намешаванд."
Дар арзёбии дувуми ин комиссия аз иқдомоти Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист, адами пешрафт дар таъмини амнияти ин партовгоҳҳои атомӣ танқид шудааст, ки дар наздикии шаҳри Хуҷанд ва Истиқлол (Табошар) вуҷуд доранд.
Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар назди вазорати тандурустӣ ба хотири омӯзиш ва назорати таъсири радиатсия ба муҳити зист ва одамон Маркази амнияти радиатсиониро ташкил кунад.
Абдуҷаббор Саломов, муовини раҳбари Оҷонсии амнияти атомӣ ва радиатсионӣ дар Тоҷикистон, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ тавсияи боз кардани маркази амнияти радиатсиониро муфид хонда, афзуд, ки омӯзиши таъсири номатлуби шуоҳои радиоактивӣ ба табиат ва одамон умдатан кори табибон аст.
Ин дар ҳолест, ки табибони тоҷик вз ҷумла мутахассисони беморхонаи саратоншиносии Хуҷанд аз афзудани теъдоди гирифторони бемориҳое, ки аз таъсири радиатсия ба вуҷуд меоянд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Табибон махсусан аз афзоиши теъдоди мубталоёни навъҳои мухталифи саратон дар миёни сокинони маҳалҳои наздик ба партовгоҳҳои радиатсионӣ, ба хусус дар канори Хуҷанд ва Табошар садо баланд мекунанд.
Мутахассисони тиб мегӯянд дар Тоҷикистон ҳанӯз як барномаи мукаммали омӯзиши таъсири номатлуби партовгоҳҳои радиатсионӣ ба муҳити зисту сиҳатии одамон мавҷуд надорад.
Аз нигоҳи мутахассисон, Тоҷикистон бояд барои безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла МАГАТЕ, Оҷонсии байналмилалии назорат аз энержии атомӣ ҳамкории бештар кунад ва талошҳоро дар ин самт густариш диҳад.
Моҳи апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон барои безараргардонии партовгоҳи радиоактив дар Истиқлол (Табошар) аз ҳамсояҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хоста буд. Партовгоҳи Истиқлол (Табошар) ба фарқ аз 8 партовгоҳҳои дигар дар вилояти Суғд, дар мавзеи баландтеппа қарор дошта ва маводи радиоактив бо вазидани шамол хоку чанги олуда ба атроф паҳн мешавад. Рустоҳои "Табошари кӯҳна" ва "Сомонӣ" бо аҳолии беш аз 2 ҳазор нафар дар наздикии ин партовгоҳ қарор доранд.
Дар гузашта партовҳои радиоактивии корхонаҳои истеҳсоли ураниумро аз аксари кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ба Тоҷикистон оварда ва дар инҷо зери хок мекарданд. Дар Тоҷикистон беш аз 10 партовгоҳи хурду бузурги маводи радиоактив вуҷуд дорад. Аз соли 1992 ба ин тараф ба ҷуз партовгоҳи Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой дар шимоли кишвар, дигар партовгоҳҳо то андозае бехатар гардонда шуда, болои онҳо бо хок пӯшонда шудаст.