Шумо Тоҷикистон ва ҷаҳонро баъди соли 2015 чӣ гуна дидан мехоҳед?
Сиёвуш, як ҷавони тоҷик дар посух ба ин суол мегӯяд, Тоҷикистонро пурнуру чароғон ва зебову шукуфон дидан мехоҳад. Ӯ мегӯяд, орзу дорад, ки мардуми кишвар зиндагии шоиста дошта бошанд.
Барқу обу газ орзуест, ки дафъатан сари забони Сиёвуш омад, аммо ӯ баъди лаҳзае фикрашро комилтар кард, «мехоҳам Тоҷикистонро мисли Амрикову Ҷопон ва кишварҳои пешрафта зебо бубинам. Таъмин бо обу барқу газ. Як кишвари нуронӣ. На мисли имрӯз, ки барқ нест об нест ва дар фазои сиёсӣ ҳам ягон рақобате вуҷуд надорад ва бинобарин кишвар ҳам пешрафт надорад. Барои он ки мо мисли одам зиндагӣ кунем, бояд бо обу барқу газ ҳадди аққал таъмин бошем. Зиндагии инсонворро мехоҳем.»
Барои Мадина, як модари тоҷик пешрафти соҳаи тиб ва рафъи ришвахорӣ дар кишвар орзуи аввалиндараҷа будааст. Ӯ мегӯяд: «Аз он нигаронам, ки фарзанди ман дар кишваре ба сар мебарад, ки соҳаи тиббаш хуб нест. Ҳоло ман ҳатто метарсам дигар пеши табибон равам, намедонӣ, ба кӣ муроҷиат кунӣ, ба назди ҳар духтуре наравӣ, ҳамаи онҳо ташхиси худро мегӯянд, ташхисҳои нодуруст пешниҳод мекунанд. Ҳоло ман дигар намехоҳам ба табибон муроҷиат кунам ва бештар рӯ овардаам ба интернет. Фасод бояд ҳал шавад, вақте фасод ҳаст, дар соҳаи беҳдошт ҳам ягон тағйиротеро интизор шудан ғайриимон аст».
Орзуи ҳамсӯҳбатҳо аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳар яки онҳо ободии соҳаеро мехоҳанд, ки дар зандагии ҳаррӯзаашон нақши муҳим дорад. Ҳоло Созмони Милали Муттаҳид мехоҳад, ки ин орзуву дархостҳоро гирд оварад, омӯзад ва мушаххас кунад, ки тасвиру дидгоҳи шаҳрвандон дар бораи кишвари онҳо ва умуман ҷаҳон, баъди ҳудудан ду соли дигар чигуна аст?
Бо ин ҳадаф сар аз моҳи равон дафтари ин созмон дар Тоҷикистон ба ташкили сӯҳбату назарпурсиҳо миёни сокинони кишвар шурӯъ мекунад. Афкор ва пешниҳодҳои тоҷикистониён дар қатори мардумони 100 кишвари дунё дар таҳияи барномаи рушди ҷаҳонӣ, баъд аз соли 2015, ки ҳадафаш поин бурдани фақр ва беҳсозии вазъи зиндагии мардум аст, мавриди омӯзиш қарор мегирад. Масъулони дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон мегӯянд, дар назарпурсиҳо таваҷҷӯҳи бештар болои афкори қишри осебпазири ҷомеа, махсусан ҷавонон равона хоҳад
шуд. Александр Зуев, ҳамоҳангсози доимии барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯяд:
«Тоҷикистон кишвари ҷавон аст ва беш аз 50 дар сади аҳолии он ҷавонони то 18 сола ҳастанд. Аз ин рӯ, сӯҳбату машваратҳои вижа бо ҷавонон ташкил мешавад. Ба онҳо имкон дода мешавад, ки барои рафъи мушкили бекорӣ пешниҳодҳои худро ба ҳукумат бигӯянд. Мо мехоҳем бештар ба қишри осебпазири ҷомеа, солмандон, маълулон ва хонаводаҳои муҳоҷирон имкон диҳем, ки дарди дили худро бигӯянд, ва бигӯянд, ки онҳо ояндаи кишварро чӣ гуна дидан мехоҳанд ва Созмони Милал ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ба чӣ бояд авлавият диҳанд».
Ҳамин тавр, сокинони кишвар имкон доранд то моҳи март назару пешниҳодҳои худро дар робита ба ояндаи ҷаҳон ва Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид баён намоянд. Аммо оё мардуми тоҷик ояндаи кившари худро чӣ гуна дидан мехоҳанд? Агар онҳо ба ин машаваратҳо роҳ ёбанд, ҳалли кадом мушкили худ ва кишварро пешниҳод хоҳанд кард? Бекорӣ, нақзи ҳуқуқ, нобаробарии ҷинсӣ, ришваситонӣ аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки бархе аз сокинони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо ҳалли онҳоро орзу карданд.
Дар асоси пешниҳоду афкори мардум, дар баробари «Барномаи рушди ҷаҳонӣ баъд аз соли 2015» ҳамчунин тарҳи нави барномаи стратегияи рушди миллии Тоҷикистон низ таҳия хоҳад шуд.
Аммо Талбак Назаров, вазири собиқи умури хориҷии кишвар ва нафаре, ки дар соли 2000-ум дар ҳамоиши ҷаҳоние бахшида ба барномаи Рушди Ҳазора дар Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон намояндагӣ кардааст, мегӯяд, агар мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дигар мебуд ва байни кишварҳои минтақа маҳдудияту нофаҳмиҳо вуҷуд намедоштанд. Вай мегӯяд, шояд Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои Рушди Ҳазора бештар муваффақ мешуд. Ба гуфтаи ӯ, дур будан аз иртибототи байнламилалӣ ва вобаста будан аз кишварҳои ҳамсоя ин равандро мушкилтар карда, монеи рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон шудааст.
Талбак Назаров мегӯяд: «Ман ин ҷо ҳамаи кишварҳои минтақаро дар назар дорам, ки бояд ба одамон имкон диҳанд, рафтуои озод дошта бошанд ва ҳамин тавр интиқоли молу коло, хулоса ҳаматарафа бояд озод ва бемаҳдудият бошад. Ҳоли ҳозир бархе аз корхонаҳои мо аз фаъолият бозмондаанд. Маълум аст, ки сабаб боз ҳам монеаҳо ва маҳдудият дар ҳамкориҳои кившарҳои минтақа аст. Мушкили аслии мо имрӯз ҳамин иртиботот аст. Мо то ба ҳол берун баромада наметавонем, бо вуҷуди он ки мо бо чандин кишварҳо роҳ дорем, аз ҷумла бо Чину Афғонистон, аммо ин ҳам наметавонад мушкили аслиро ҳал кунад, чун иртиботи аслии мо тарафи шимол меравад. Аз ин рӯ мо бояд муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо дигар давлатҳо хеле густардатар кунем».
Бо ин ҳам масъулони Вазорати рушди иқтисоди кишвар пешгӯйӣ мекунанд, ки то соли 2015 аз се як ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон ба сатҳи миёнаи зиндагӣ хоҳанд расид, яъне доротар хоҳанд шуд. Вале ин аз талошу иқдоми худи сокинон вобаста аст, таъкид мекунанд масъулони ин ниҳод.
Барқу обу газ орзуест, ки дафъатан сари забони Сиёвуш омад, аммо ӯ баъди лаҳзае фикрашро комилтар кард, «мехоҳам Тоҷикистонро мисли Амрикову Ҷопон ва кишварҳои пешрафта зебо бубинам. Таъмин бо обу барқу газ. Як кишвари нуронӣ. На мисли имрӯз, ки барқ нест об нест ва дар фазои сиёсӣ ҳам ягон рақобате вуҷуд надорад ва бинобарин кишвар ҳам пешрафт надорад. Барои он ки мо мисли одам зиндагӣ кунем, бояд бо обу барқу газ ҳадди аққал таъмин бошем. Зиндагии инсонворро мехоҳем.»
Барои Мадина, як модари тоҷик пешрафти соҳаи тиб ва рафъи ришвахорӣ дар кишвар орзуи аввалиндараҷа будааст. Ӯ мегӯяд: «Аз он нигаронам, ки фарзанди ман дар кишваре ба сар мебарад, ки соҳаи тиббаш хуб нест. Ҳоло ман ҳатто метарсам дигар пеши табибон равам, намедонӣ, ба кӣ муроҷиат кунӣ, ба назди ҳар духтуре наравӣ, ҳамаи онҳо ташхиси худро мегӯянд, ташхисҳои нодуруст пешниҳод мекунанд. Ҳоло ман дигар намехоҳам ба табибон муроҷиат кунам ва бештар рӯ овардаам ба интернет. Фасод бояд ҳал шавад, вақте фасод ҳаст, дар соҳаи беҳдошт ҳам ягон тағйиротеро интизор шудан ғайриимон аст».
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад