СММ ҳайъати Тоҷикистонро дар Женева аз Зайд Саидов, Хоруғ, "Ампаро", Шоҳидони Яҳво, манъи ҳиҷобу масҷидравии наврасон ва ҳам аз Рустам Ҳукумов ва Олга Тутубалина пурсид.
Рӯзи 10 июл дар нишасти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Женева баррасии гузориши дувуми давраии давлати Тоҷикистон дар робита ба иҷрои Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ доир шуд. Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистонро вазири адлия Рустам Менглиев раҳбарӣ мекард.
Ҷараёни ин баҳс дар Душанбе низ дар ҳамоише дар толори маҷлисҳои меҳмонхонаи "Гулистон-Тур" мустақиман намоиш дода шуд.
Кумитаи ҳуқуқи башари СММ пахши мустақими ин баҳсро дар ихтиёри Озодӣ гузошт. Баҳси имрӯза аз гузориши Тоҷикистон дар бораи ҳаводиси Хоруғ оғоз ёфт. Намояндаи давлати Тоҷикистон гуфт, гузоришҳо дар бораи кушта шудани то 100 нафар дар амалиёти моҳи июли соли 2012 дар Хоруғ асоси воқеӣ надорад. Ӯ гуфт, дар ин ҳаводис ҳамагӣ 2 нафари мулкӣ ҷон бохтаанд. Яке аз онҳо субҳи 24 июли соли 2012 "аз тири дайду" кушта шуда, дувумӣ, ба гуфтаи ӯ, рӯзе баъд аз иллати қалб бо марги худ мурдааст. Ба гуфтаи ин намояндаи Душанбе, дар маҷмӯъ дар амалиёти Хоруғ 21 нафаре ки алайҳи нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, кушта шуданд.
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон дар посух ба як суол пиромуни вазъи шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар гуфт, бо қарори додситони кулл, додситонҳои нозир бояд ҳар 5 ё 10 рӯз ваё ҳадди ақал як маротиба дар моҳ аз вазъи маҳбасҳои зери назари худ боздид ва вазъи онро бозрасӣ кунанд.
Як узви Кумитаи ҳуқуқи СММ ин суолро матраҳ кард, чаро таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ саривақт анҷом нашуд, чаро дар қиболи ин ҳодисаҳо таҳқиқоти мустақил сурат нагирифт ва чаро ҳайъати Тоҷикистон 21 тан аз кушташудаҳоро бо қатъият аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мешуморад.
Эроди дигари ин намояндаи СММ ба вазъу мақоми онҳое буд, ки дар Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ ё паноҳҷӯӣ ба даст овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳаққи ин мардум ба равуои озодро поймол карда, афроди фирориро тавассути амалиётҳои вижа таъқибу дастгир ва ба хатари ихроҷ рӯбарӯ мекунанд.
Суоли дигар аз ҳайъати Тоҷикистон пиромуни корҳое буд, ки ин кишвар барои таҳкими мустақилияти додгоҳҳо анҷом додааст. Ҳамин тавр, пурсида шуд, ки чаро боздоштшудагон тайи чандин рӯз ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоранд ва дар ҷараёни тафтишот ба дидори вакил бо муваккилаш мамониат мекунанд?
Узви Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ гуфт, бо вуҷуди илҳоқи банди вижаи шиканҷа дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, гузоришҳо мерасанд, ки ин банди қонун дар қиболи бадрафториҳо ва бо зӯр ба даст овардани эътирофи гуноҳ аз даҳони гумонбарон истифода намешавад?
Намояндаи СММ гуфт, бо вуҷуди пешрафтҳо, дастрасӣ ба додгоҳи одилона як мушкили бузург барои Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ин ба зарурати анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ дар ин ришта таъкид мекунад.
Намояндаи дигари Кумитаи ҳуқуқи башари СММ Аҳмад Амин Фатҳуллоҳ боздошти Зайд Саидовро ба чолиш кашид ва гуфт, бо онки ӯ ҳанӯз соли 2007 аз мақоми вазири саноат рафт, ӯро имсол бо ҷиноёти марбут ба даврони вазириаш ва он ҳам дар пешорӯи интихоботи президентӣ дастгир карданд? Оқои Фатҳуллоҳ ҳамин тавр, масъалаи сабти номи ҳизби Тоҷикистони нави Зайд Саидовро пурсид, ки оё дар чӣ ҳол қарор дорад? Ин намояндаи Миср ҳамчунин аз манъи фаъолияти созмони "Ампаро" дар Хуҷанд бо баҳонаи кӯчаки тағйири нишониаш ёдовар шуд.
Ӯ ҳамин тавр гуфт, банди 34-уми Қонуни созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ширкати намояндаи давлат дар чорабиниҳои ин созмонҳоро ҳатмӣ кардааст, ки ин, ба ақидаи ӯ, ҳуқуқи созмонҳои ғайридавлатиро маҳдуд мекунад.
Узви дигари Кумитаи СММ Ҷералд Нюман аз мавридҳои истирдоди гумонбароне ёдовар шуд, ки баъдан таҳти шиканҷа қарор гирифтаанд. Ӯ гуфт, дар ин маврид танҳо забонхати катбӣ, ки истифода набурдани шиканҷаро замонат бидиҳад, дигар кофӣ нест. Ӯ ҳамин тавр алайҳи таҷрибаи дар додгоҳҳои низомӣ муҳокима кардани афроди мулкӣ сӯҳбат кард ва гуфт, бояд мардуми мулкӣ аз зери юрисдиксияи низомӣ комилан берун оварда шаванд.
Узви Кумитаи ҳуқуқи башар Яз Бин Ашӯр ба вазъи озодии мазҳаб дар Тоҷикистон пардохт ва гуфт, озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар 5 маврид поймол мешаванд:
1) таҳсил дар хориҷ ҳатман бояд бо иҷозати мақоми расмӣ бошад,
2) мактабҳо ҳаққи ҳамкорӣ бо созмонҳои диниро бидуни иҷозати давлат надоранд,
3) сабти номи созмонҳои динӣ хеле мураккаб аст,
4) наврасони то 18-сола бо иҷозати волидайн бояд ба масҷид бираванд ва он ҳам дар соатҳои ғайридарсӣ
5) силсилаи тағйироте ки як сол пеш ба Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ ворид кардаанд.
Бин Ашӯр ҳамин тавр аз ҳайъати Тоҷикистон чанд суол кард, ки якеаш пиромуни то куҷо ба Паймони ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиву сиёсии СММ мутобиқ будани қарори манъи пӯшидани ҳиҷобу сатр дар мактабҳои Тоҷикистон буд. Бин Ашӯр ҳамчунин пурсид, оё иддаои созмонҳои ғайридавлатӣ, ки Кумитаи динро ба сонсур айбдор мекунанд, то куҷо воқеъият дорад? Ӯ ҳамин тавр пурсид, оё давлати Тоҷикистон ба онҳое ки ба далели ақидаи диниашре дар артиш хидмат кардан намехоҳанд, чунин ҳаққро хоҳад дод ё на?
Намояндаи Гурҷистон дар ин Кумитаи СММ Константин Вадзелашвилӣ аз ҳазфи бандҳои таҳқиру туҳмат аз Қонуни ҷиноии Тоҷикистон истиқбол кард, вале гуфт, озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳдуд боқӣ мондаанд. Вадзелашвилӣ аз ҳайъати Тоҷикистон пиромуни ба фоидаи як нафаре ки дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд, 10 000 доллар ҷарима бастани нашрияи Имрӯз Нюс", даъвои додгоҳии раиси Иттиҳодияи адибон алайҳи хабарнигори "Азия Плюс" Олга Тутубалина ва қазияи Зайд Саидов ташреҳ хост. Дар мавриди Зайд Саидов ӯ пурсид, ки чаро журналистон ба додгоҳҳое ки парвандаҳои афроди сиёсиро муҳокима мекунанд, роҳ дода намешаванд?
Масъалаи дигаре ки намояндаи Гурҷистон бардошт, масдуд шудани дастрасӣ ба бархе сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ аз номаҳои мақомоти расмии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки бастани ин ё он сомонаро аз провайдерҳо тақозо мекунанд.
Дар бахши дувуми ҷаласаи рӯзи 10 июл раҳбари ҳайъати Тоҷикистон ба суолҳои матраҳкардаи аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ посух дод. Рустам Менглиев, вазири адлия аз ҷумла дар посух ба суоли Амин Фатҳуллоҳ гуфт, ки ҳизби Тоҷикистони нави Зайд Саидов то ҳол барои сабти ном ба вазорати ӯ муроҷиат накардааст. Аммо оқои Менглиев қисмати дигари ин суолро, ки дар соли интихобот ва он ҳам бо иттиҳоми ҷиноятҳои иқтисодии дастикам 6 соли пеш боздошт шудани Зайд Саидовро ба чолиш мекашид, сарфи назар кард.
Менглиев гуфт, аз соли 2009 ба ин тараф дар Тоҷикистон 31 созмони ғайридавлатиро барҳам додаанд. Ӯ афзуд, мақомоти Тоҷикистон танҳо он созмонҳоеро манъи фаъолият мекунанд, ки ё ба аъмоли ифротгароёна даст мезананд ва ё қонунҳои кишварро поймол мекунанд. Вазири адлия, ҳамин тавр, гуфт, мизони дахолати мақомот ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ "хеле минималӣ"-ст. Дар мавриди "Ампаро" Рустам Менглиев гуфт, тайи 8 соли фаъолияташ ин созмонро ҳамагӣ як дафъа тафтиш кардаанд ва дар кораш ба ҷуз аз нишонии нодуруст мавридҳои дигари нақзи қонун низ ошкор шудааст.
Рустам Менглиев интиқодҳо дар бораи маҳдуд кардани ҳаққи мардум ба гирдиҳамоиро ҳам рад кард. Оқои Менглиев гуфт, тибқи қонун, масъулияти таъмини амният дар гирдиҳамоиҳо бар ӯҳдаи ташкилкунандагонаш аст.
"Вале ман мутаассифона, аз таҷриба мисоли мушаххас оварда наметавонам, чунки мо бо чунин мавридҳо дар амал рӯбарӯ нашудаем то ҳол," - гуфт вазири адлияи Тоҷикистон. Ин як навъ эътирофи воқеъияти Тоҷикистон аст, ки мақомоташ тайи ду даҳсолаи охир ба баргузории ягон тазоҳуроту раҳпаймоё ё ҳатто пикети эътирозие иҷозат надодаанд.
Дар мавриди даъвои Рустам Ҳукумов алайҳи нашрияи "Имрӯз Нюс" вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки Ҳукумов бо даъвои инфиродӣ ба додгоҳ рафта буд. Дар мавриди даъвои зидди Олга Тутубалина Рустам Менглиев гуфт, Иттиҳодияи адибон як созмони ғайридавлатист ва ҳоло навбат аз "Азия Плюс" аст, ки оё бо даъвои ҷавобӣ ба додгоҳ хоҳанд рафт ё чӣ?
Рустам Менглиев дар мавриди бастани сомонаҳо гуфт, қонун ба мақомот бастани бархе сомонаҳоро дар сурати зарурат иҷозат медиҳад.
Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов иддаои аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар мавриди мустақил набудани додгоҳҳои Тоҷикистонро радд кард ва гуфт, аз 5 то 10 сол боло бурдани сензи фаъолияти як нафар дар мақоми додрас ва пешниҳоди курсии умрбоди додрасӣ ба онҳое ки тайи 10 сол вазифаи худро бекамукост иҷро кардаанд, ба хотири таъмини мустақилияти додгоҳҳо буд.
Зафар Азизов пушти дарҳои баста доир шудани бархе мурофиаҳоро мутобиқ ба қонунҳои Тоҷикистон номид ва ҳамчуниин гуфт, тартиби муҳокимаи парвандаҳо чӣ дар додгоҳҳои низомӣ ва чӣ дар додгоҳҳои мулкӣ як аст.
Намояндаи Кумитаи дин Н.Додихудоева гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон барои ҳар 1800 мусалмон як масҷид рост меояд. Ӯ ҳамин гуфт, дар кишвар 45 созмони динии ғайриисломӣ низ расман сабти ном шудаанд.
Хонум Додихудоева ҳамин тавр, аз манъи ҳузури ноболиғон дар масоҷид пуштибонӣ кард ва гуфт, ин "на маҳдуд кардани ҳуқуқи мазҳабии онҳо, балки як амали лозими оқилона дар шароити вижаи пешомада аст." Хонум Додихудоева дар мавриди манъи ҳиҷоб гуфт, то ҳол касеро дар Тоҷикистон ба далели пӯшидани ҳиҷоб муҷозот накардаанд ва он либоси махсусе ки дар мактабҳо тавсия медиҳанд, табиати тавсиявӣ дорад. Ӯ афзуд, мардум бояд пеш аз интихоби мактаб бо тартиботи он ошно шаванд.
Намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯров аз қарори аз мадрасаҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргардондани толибилмони тоҷик ҳимоят кард ва гуфт, ин тасмим дар пайи ошӯбҳои Рашту ҳамлаи интиҳорӣ дар Хуҷанд гирифта шуд. Оқои Ашӯров гуфт, онҳое ки ба ҳаракатҳои маргталабона гароиданд, натиҷаи ғайриқонунӣ барои таҳсил ба мадрасаҳои хориҷӣ рафтани атбоъи Тоҷикистон буд ва давлат ба ҳамин хотир барои пас овардани шаҳрвандонаш иқдом кард.
Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини додситони кулли Тоҷикистон дар посух ба суолҳои марбут ба боздошти Зайд Саидов гуфт, далели боздошти Саидов баъди чандин сол ин буд, ки Низомхон Ҷӯраев, мудири корхонаи кимиёвии Исфара ҳамин ахиран ба мақомот муроҷиат кард. Муҳаммадиев гуфт, Зайд Саидов аз Низомхон Ҷӯраев 100 000 доллар, аз соҳибкори қазоқ Окушев 1,5 миллион доллар ва аз як шаҳрванди Украина бо роҳи қаллобӣ низ маблағи бузургеро ба даст овардааст. Муовини додситони кулл гуфт, имсол боздошт шудани Зайд Саидов фақат як далел дошт, ки алайҳи ӯ нав шикоят карданд.
Нишасти навбатии Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар рӯзи 8 июл ифтитоҳ шуд ва қарор аст, ки дар он ҳамчунин гузоришҳои ҳукуматҳои Албания, Ҷумҳурии Чех, Финляндия, Индонезия, Украина ва дигар кишварҳо оид ба вазъи ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар ин кишварҳо баррасӣ шавад.
Таҳмина Ҷӯраева, муовини раиси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи ноябри соли гузашта ба хотири таҳияи гузориши алтернативӣ Эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматӣ таъсис гардид, ки ба он 14 созмон, аз ҷумла, Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Коллегияи вакилони мудофеи вилояти Суғд, Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон, Бунёди “Нотабене”, Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар ва Бунёди “Панорама” шомил шуданд. Ҳамоҳангсозии масоили марбут ба таҳияи гузориши алтернативӣ бар ӯҳдаи Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон гузошта шудааст. Таҳмина Ҷӯраева афзуд, онҳо гузориши алтернативӣ дар бораи муроотии ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро моҳи июн дар ихтиёри Кумитаи ҳуқуқи башари СММ гузоштанд. Қарор аст, ки онро дар нишасти Женева ҳомиёни ҳуқуқи башар Наргис Зокирова, Нигина Баҳриева, Фавзия Назарова, Назира Абдуллоева ва Наҷиба Ширинбекова муаррифӣ кунанд.
Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз сӯи Маҷмаъи умумии СММ соли 1966 пазируфта шуда, аммо иҷрои он фақат баъд аз даҳ сол шурӯъ шуд. Дар ин ҳуҷҷат аз ҷумла гуфта шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи зиндагӣ, ибрози озоди андеша, виҷдон ва динро дорад.
Таҳмина Ҷӯраева дар робита ба гузориши алтернативии ҳомиёни ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, гузориши алтернативӣ ин ба гунае илова ба гузориши миллист, яъне дар он иттилоъе ҷой дорад, ки дар гузориши миллӣ мавҷуд нест. Дар он асосан дар бораи риояи ҳуқуқҳои маҳбусон, вазъи озодии матбуот, озодии гирдиҳамоиҳо, вазъи озодиҳои атфол, ҳуқуқи занон ва амсоли ин иттилоъ дода мешавад, яъне дар бораи он ҳуқуқе, ки дар Паймони ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ нишон дода шудаанд.
Ба гуфтаи Таҳмина Ҷӯраева, дар гузориш гуфта шудааст, ҳарчанд солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои Паймон корҳоеро анҷом додааст, вале вазъи баъзе ҳуқуқҳо бадтар шуд, қонунҳое қабул шуданд, ки ҳуқуқи мардумро маҳдуд месозанд, сохторҳои миллие, ки ба хотири таъмин ва ҳимояти ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис шудаанд, аз мустақилият ва нерӯи зарурӣ бархӯрдор нестанд. Аз ҷумла, ниҳоди Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки соли 2008-ум таъсис шуд, иродаи сиёсӣ ва кафолати мустақилияти фаъолият оид ба дифоъ аз ҳуқуқҳои инсонро надорад.
Дарёфти иттилоъ дар бораи ин ниҳод саҳл нест, ҳарчанд худи омбудсмен пайваста мониторинги риояи ҳуқуқҳо дар маҳбасу боздоштгоҳҳо ва хонаҳои кӯдаконро доир мекунад, иттилоъ дар бораи натоиҷи ин мониторингу диданҳо аз маҳбасҳо ва чораҳои андешидашуда нашр намешавад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, мақомот аз додани иттилоъи расмӣ дар бораи шумораи афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда ҳам сарпечӣ мекунанд, ҳарчанд, ба иттилоъи Шӯрои адлияи Тоҷикистон, фақат соли 2011 додгоҳҳо 17 нафарро ба ҳабси якумрӣ маҳкум намудаанд. Дар робита ба сиёсати ҳукумат дар қиболи диндорон, муаллифони гузориши алтернативӣ навиштаанд, ки он баёнгари нигарониҳо аз афзоиши ифротгароии исломист.
Аммо ба иддаои онҳо, аз ин иттиҳом дар баробари онҳое низ кор гирифта мешавад, ки узви ин ё созмони исломиянд. Дар Тоҷикистон фаъолияти Ҷунбиши исломии Туркистон, “Ҷамоати Таблиғ”, Салафия, Ҳизбуттаҳрир мамнӯъ шудааст. 3 майи соли 2012 Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро низ ба феҳристи созмонҳои ифротгарову террористӣ шомил кард. Муаллифони гузориш бо такя ба иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон навиштаанд, ки соли гузашта бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ 144 нафар боздошт шудаанд. Бештари онҳо – 76 нафар аъзои Ҷунбиши исломии Туркистон ва 36 нафар аъзои Ҳизбуттаҳриранд.
Интизор меравад, ки гузориши алтернативӣ дар нишасти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар баъд аз ироаи гузориши миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ҷараёни ин баҳс дар Душанбе низ дар ҳамоише дар толори маҷлисҳои меҳмонхонаи "Гулистон-Тур" мустақиман намоиш дода шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад