Тошканд танҳо монд? Истиқболи СММ аз ташхиси тарҳи Роғун

Бан Ки Мун дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, 5 апрели соли 2010

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз нашри натоиҷи муқаддамотии ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон истиқбол кардааст.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун бо истиқбол аз нашри натоиҷи муқаддамотии ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон гуфтааст, ин санади Бонки ҷаҳонӣ як роҳнамои муҳим барои кишварҳои минтақа дар роҳи музокироти масоили марбут ба истифодаи захираҳои обу энержии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Дар изҳороти сухангӯи дабири кулли СММ, ки рӯзи 19 июн дар сомонаи расмии Милали Муттаҳид нашр шудааст, ҳамчунин гуфта мешавад, ки ”дабири кулл аз мониаҳое, ки дар пеши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи таъмини ниёзмандиҳои энержии онҳо истодааст, хабар дорад ва аз талошҳои Бонки ҷаҳонӣ барои анҷоми ташхис ё экспертизаи мустақили тарҳи нирӯгоҳи Роғун қадрдонӣ мекунад.” Бан Ки Мун аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, "вориди баҳси созанда дар масоили захираҳои обии фаромарзӣ шуда, аз иқдомҳои якҷониба дар ин масоил худдорӣ кунанд."

Ба эътиқоди раҳбари СММ, танҳо “бо роҳи музокирот метавон ба як роҳи ҳалли умумӣ ва мутавозине, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро дар назар бигирад, даст ёфт.” Бан Ки Мун гуфт, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ ва раҳбараш Мирослав Йенча омодаанд, дар роҳи ташкил ва баргузории чунин музокираҳо ба тарафҳои зидахл дар минтақа кумак кунанд.

Бан Ки Мун дар соҳили хушкидаи Арал. 4 апрели соли 2010

Мақомоти Тоҷикистон дар апрели соли 2010 зимни боздиди дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз ин кишвар талош карда буданд, то ӯро ба зарурати бунёди нирӯгоҳи Роғун мутақоид кунанд. Вале Бан Ки Мун қабл аз Тоҷикистон аз Узбакистон дидан карда буд ва мақомоти узбак ӯро ба ҳавзаи баҳри хушкидаи Арал бурданд, ки ба ақидаи онҳо, оқибати нирӯгоҳсозиҳои кишварҳои болообро ба чашми худ бубинад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истиқболи дабири кулли СММ аз арзёбии Роғун


Аз ин рӯ, баъди чунин "экскурсия" Бан Ки Мун майли чандоне ба шунидани далелҳои тарафи дигари баҳс нишон надода буд. Вале даъвати ахири ӯ ба ин ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ "вориди баҳси созанда дар масоили захираҳои обии фаромарзӣ шуда, аз иқдомҳои якҷониба худдорӣ кунанд," нишон медиҳад, ки арзёбиҳои бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ анҷомшудаи тарҳи Роғун фикри раҳбари СММ-ро ба масъала дигар кардааст.

Арзёбиҳо чӣ мегӯянд?


Арзёбии байналмилалии таъсироти зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун, ки дар ин ҳафта нашр шуд, мегӯяд, ки ин тарҳ барои муҳити зист дар Тоҷикистон ва минтақа зиёновар нест ва камбудиҳои онро метавон ба осонӣ рафъ кард. Дар ин арзёбӣ аз ҷумла гуфта мешавад, “аксари паёмадҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун бисёр хурд ва ба осонӣ рафъшаванда ҳастанд, ба шарте ки зарурати рафъи онҳо вуҷуд дошта бошад.”

Аммо дар маҷмӯъ бино бар ин арзёбӣ, ҳеҷ гуна паёмади эҳтимолии ҷиддии иҷтимоӣ ва экологие вуҷуд надорад, ки бо назардошти он аз бунёди нерӯгоҳи Роғун “даст кашида” шавад. Вале муаллифони арзёбӣ ду ҷанба ва паёмадҳои муҳимеро зикр кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, “бояд ин ҷанбаҳо бодиққат баррасӣ шаванд ва барои коҳиши он паёмадҳо чораҳои лозим андешида шавад.” Аввал паёмадҳо барои мардуме, ки аз маҳалли нерӯгоҳ кӯчонда мешаванд, ва сипас эҳтимоли таъсири нерӯгоҳ ба маҷрои обе, ки рӯдхонаи Вахш аз қаламрави онҳои низ мегузарад, ки манзур аз ин кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ аст.

Бар асоси ин арзёбӣ бунёди нерӯгоҳи Роғун бо обанбори бузург, таъсири чандоне ба олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон надорад ва сабаби маҳви кадом навъи ҷонвар ва ё рустанӣ дар кишвар намешавад.

Тибқи санади дигар, яъне “Арзёбии фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун”, ки ширкатҳои “Койне энд Беллер”, “Электроконсалт” ва “Energy+Water Economics” нашр кардаанд, ҳарчанд маҳалли нерӯгоҳи Роғун маҳалли печидаи сейсмологист, вале бо вуҷуди ин барои сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ аст. Дар ин арзёбӣ омадааст, беҳтарин гузинаи аз назари иқтисодӣ муфид, сохтмони садди баландтарин, 330-метрӣ аст, ки ба Роғун имкон медиҳад, то 3200 мегаватт-соат нерӯи барқ тавлид ва 115 сол ба Тоҷикистон хидмат кунад. Аммо муаллифони арзёбӣ гуфтаанд, ки сохтмони нерӯгоҳ бояд бо назардошти имконот сурат бигирад ва барои кишвар ”бори гарон” нашавад.

Ҳарду арзёбии байналмилаалии Роғун бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шудааст, вале худи бонк мегӯяд, ҳатто дар сурати мусбат будани хулосаҳо ҳам набояд чунин пиндошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар сармоягузории ин тарҳ саҳм мегирад. Ин арзёбиҳо бо дархости кишварҳои поёноб, бахусус давлати Узбакистон анҷом шуданд, ки иддао кардааст, нерӯгоҳи Роғун сабаби фалокати экологӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад ва кишварҳои поёнобро беоб мегузорад.

Амрико арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз Роғунро “бо диққат баррасӣ мекунад”

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, арзёбиҳои фарогири Бонки Ҷаҳонӣ ва гузоришҳои машваратӣ бар сари сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистонро “эҳтиёткорона” баррасӣ мекунад. Ба хотири кумак ба ин раванд, Ийолоти Муттаҳида аз ҳама тарафҳои манфиатдор даъват кардааст, ки дар машварат ва баррасиҳои таҳти назари Бонки Ҷаҳонӣ иштирок кунанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ҷен Псаки рӯзи 18 июн дар як изҳорот гуфт, ки Ийолоти Муттаҳида чолишҳои пешорӯи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ниёз ба обу энержиро эътироф мекунад ва аз онҳо мехоҳад, ки масоили худро дар чаҳорчӯби минтақа ҳал кунанд.

Таърихчаи Роғун

Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Роғунро масъалаи “маргу зиндагӣ” барои кишвар хонда ва мегӯяд, ки танҳо баъди такмили нерӯгоҳ, кишвар метавонад аз бӯҳрони нафасгиркунандаи энержӣ дар фасли сармо халос шавад. Ҳоло аксари манотиқи Тоҷикистон дар фасли сармо – маъмулан аз моҳи октябр то поёни апрел – ба лимити шадиди нирӯи барқ дучор мешаванд ва аксари қаламрави кишвар дар ин мавсим дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд. Бунёди даҳҳо нирӯгоҳи хурд ва ду нирӯгоҳи миёнаи Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 бори ин лимити барқро сабук карда натавонист. Дар Душанбе мӯътақиданд, ки танҳо дар сурати сохта шудани нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар Тоҷикистон ба афсона табдил хоҳад ёфт.

Аммо кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва бахусус давлати Узбакистон шадидан мухолифи сохтани Роғунанд ва мегӯянд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар саргаҳи рӯди Вахш, маҷрои об ба кишварҳои поёноб кам мешавад ва киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонанд. Душанбе мегӯяд, ки ин иддаои кишварҳои поёноб асосе надорад.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.

Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.

Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Вале ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишномаи байнидавлатӣ сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин тавофуқ низ дар рӯи қоғаз монд. Маскав бори дигар дар соли 2004 ба Роғун чашм дӯхт ва ширкати ба Кремл наздики РусАл бо ваъдаи 600 миллион доллар сармоягузорӣ дар Роғун як муддат дастбакор шуд. Вале баҳси РусАл бо мақомоти тоҷик бар сари баландии сарбанд (РусАл тарафдори 280 метр буду Душанбе ба ҳамон 335 метри қаблӣ пойфишорӣ мекард) ва таркиби маҳсулоте ки барои сохтанаш истифода шавад, боис шуд, ки РусАл аз сохтани Роғун ва ҳамин тавр аз ваъдаи бунёди ду коргоҳи нав дар корхонаи алюминсозии Турсунзода ва як корхонаи нави алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон даст кашид.

Саҳмияҳои Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон баъди ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилонаи ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

Ба дунбол анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурданд. Ин ниҳод мебоист хулосаҳояшро дар бораи ин тарҳ ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2012 ироа мекард, вале ин кор чанд бор ба таъхир уфтод.