Дар Тоҷикистон 2,6 миллион нафар ҳанӯз ҳам аз камбуди дастрасӣ ба ғизои солим азият мекашад. СММ бар асоси як пажӯҳиш дар Тоҷикистон гуфтааст, ки бо далели адами дастрасӣ ба ғизои солим ҳар тифли чорум ваё 26 дар сади кӯдакон дар ин кишвар қадпастанд.
Муҳаққиқон бар ин боваранд, дар бартараф кардани гуруснагӣ ва поин бурдани сатҳи фақр нақши муҳоҷирон дар ҷомеаҳояшон метавонад бузург бошад. Маҳз ба ин далел ҳам рӯзи ҷаҳонии озуқа имсол ба муҳоҷирон бахшида шуд. Ин сана дар Тоҷикистон таҳти шиори “Ояндаи муҳоҷиратро тағйир медиҳем” таҷлил гашт.
Паоло Маттей, раҳбари барномаи озуқаи СММ, рӯзи 17-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик, аз кишварҳои қабулкунанда бо идеяву донишҳои нав бармегарданд. “Бовар дорем, баъди бозгашт метавонанд ин ҳама таҷрибаҳои гирифтаро дар ватан амалӣ кунанд. Ҳадаф ин аст, ки ин муҳоҷирони бозгашта дастгирӣ шаванд”, гуфт Маттеи.
Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, тавассути мудирияти дуруст ҳам кишвари қабулкунанда ва ҳам содиркунандаи нирӯи корӣ манфиат мебинад.
Кӯмак ба муҳоҷирон дар дохили Тоҷикистон ба рафъи фақр мусоидат мекунад
Ин созмон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар ду соли ахир ба муҳоҷирони бозгашта ва оилаҳои онҳо 375 гранти хурд ё кӯмаки билоиваз барои роҳандозӣ ва рушди соҳибкорӣ, пешниҳод кардааст. Драген Алексоски, раҳбари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон, бо ёдоварӣ аз мушкилоти фаровони қисме аз муҳоҷирон дар Русия гуфт, бо вуҷуди ин ҳама онҳо аз муҳоҷират бо идея ва як миқдори сармоя бармегарданд ва дар таъмини рушди ҷомеаҳои худ саҳм мегиранд.
“Мо медонем, ки аллакай қисмате ин ҷо соҳибкории хурди худро ба роҳ мемонанд, дар оғоз онҳо наздикони худро бо ҷои кор таъмин мекунанд ва баъдтар вақте тиҷорат рушд кард, метавонанд ҳамсояву ҳамдеҳаҳои худро ҷалб карда дар рушди ҷомеаҳои худ саҳм гузоранд. Барои ин боло бурдани огаҳиву маърифати ҳуқуқии онҳо зарур аст”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Даромади муҳоҷирон се баробар кам шуд
Истифодаи дуруст аз нирӯи муҳоҷирон дар ҳолест, ки солҳои ахир мизони муҳоҷират ба Русия аз Тоҷикистон ва даромади муҳоҷирон коҳиш ёфтааст. Моёншоҳ Маҳмадбеков, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғл аҳолӣ рӯзи 17 уми октябр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Омили аслӣ ҳам ба поин рафтани даромади онҳо дар кишвари муҳоҷират аст. Барои мисол шаҳрванди мо то соли 2014 дар Русия 30 ҳазор рубли русӣ мегирифт ва ин тахминан ба 1000 доллар баробар буд. Имрӯз ҳамин 30 ҳазор рубл ба 300 доллар баробар шудааст. Агар шахс тахассусе дошта бошад, имкон дорад, ки бо ҳамин пул кори пайдо кунад”.
Аз соли 2014 ба ин сӯ ҳудуди 300 ҳазор муҳоҷирони тоҷик аз Русия ихроҷ шуданд, баъдан як қисми онҳо дубора ҳаққи вурудро пайдо карда ва қисме ҳам бо роҳҳои дигар ба кишвари муҳоҷират бозгашт. Аммо ба ҳар сурат як гурӯҳи зиёди дигарро бӯҳрони иқтисодӣ ва депортатсия водор кард дар ҷустуҷӯи роҳҳои пешбурди зиндагӣ дар дохил шавад. Агарчи, ба гуфтаи онҳо, пайдо кардани манбаи даромад ба осонӣ даст намедиҳад.
Аз муҳоҷират ба кишоварзӣ
Қадим Сабур, як сокини ноҳияи Вахши Хатлон, ки беш аз 10 соли умри худро дар муҳоҷирати Русия сипарӣ кардааст, соли 2014 баъди сар задани бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ба Тоҷикистон баргашт. Қадим мегӯяд, аз бонк қарз гирифт ва дар ду гектар замин ҳар сол пахтаву гандум мекорад. Дар хоҷагии деҳқонии ӯ ҳоло 5 нафар аз ҷумлаи наздиконаш кор мекунанд.
Аммо ба гуфтаи ин мусоҳиби мо кори замин таваккал аст ва сармояву нерӯи зиёд мехоҳад. “Моҳи март кори замин шурӯъ мешавад то моҳи сентябр меҳнат мекунад. Моҳи сентябр вақте ҳосил ва даромадро мегирад, маҷбур ҳастӣ қарзи банк, андоз ва харҷи сӯзишвориро диҳӣ. Махсусан фоизи банк дар давраи бӯҳрон барои деҳқон баръакс аз 22 то 30-32 фоиз шудааст”.
Қадим мегӯяд, дар Русия то соли 2014 моҳона то 500 доллар даромад дошт, вале дар ин ҷо агарчи зиндагиаш пеш меравад, даромади хеле камтар дорад.