Насиҳати сафири Амрико ба дипломатҳои Созмони Милал бо даъвати парҳез аз маю шароб ба ҳангоми кор баҳси ахлоқиеро ба миён овард.
Дипломатҳои Созмони Милал ба хушгузаронӣ одат дошта, бисёре аз онҳо ба таври муназзам зиёфату консерт ва ҷашнвораҳои мухталиф ташкил мекунанд, ки зиёдравии онҳо баҳси ҳадди меъёрро ба вуҷуд овардааст.
Рӯзи душанбе сафири ИМА дар масъалаи мудирият ва ислоҳоти СММ, Ҷозеф Торселла, шикоят кард, ки баъзе дипломатҳои масъул дар арзёбии буҷети СММ ба ҷаласа сархуш омадаанд. Сафир пешниҳод намуд, ки Кумитаи панҷуми Маҷмаи кулли Созмони Милал, ки ҳалли масъалаҳои марбут бо буҷети СММ-ро бар дӯш дорад, минтақаи озод аз афроди сархушу маст эълон шавад. Ба қавли Торселла, бигзор қадаҳҳои саршор аз шаробу май замоне нӯшида шаванд, ки кори Кумитаи панҷуми Маҷмаи кулли СММ ба поён расида бошад.
Баррасии тарҳи буҷети Созмони Милал дар моҳи декабри соли гузашта оғоз ёфта, чанд ҳафта боз бидуни таваққуф идома мекунад.
Як дипломати СММ , ки нахост номаш ошкор шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран баъзе дипломатҳо масту сархуш ба музокирот ҳозир шуда, ҳуши инро надоштанд, ки вазифаҳои худро иҷро кунанд. Ин дипломат афзуд, ки ин ҷо сухан аз як қадаҳ шароб ва ё як пиёла арақ нарафта, баъзе аз дипломатҳо ба қадри кофӣ сармаст будаанд.
Афроди огоҳ мегӯянд, дар чунин ҳоли ногувор омадани дипломат метавонад бозии пинҳоние бошад барои бесамар кардани баҳси музокирот ва ислоҳоти Созмони Милал.
Аммо дипломати дигар иброз доштааст, ки одатан музокироти Кумитаи панҷуми СММ то соатҳои дери шаб идома мекунад ва дар охири кор баъзан дипломатҳо ғизо фармоиш дода, гоҳе шишаҳои пинҳонии арақ ва ё шаробро ҳамроҳ бо он рӯи миз мегузоранд. Ба қавли ин дипломат, ҳайати Русия як ё ду шишаи арақи сафед пайдо мекунад. Аммо, афзуд ин дипломат, шаробнӯшӣ дар утоқи музокирот сурат намегирад.
Як дипломати африқоӣ шикоят кардааст, ки пешниҳоди озод аз нӯшокиҳои алкоҳолӣ эълон шудани музокироти СММ ба рӯҳияи коршарикӣ созгор нест.
Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ як масъули намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Милал гуфт, ки пешниҳоди сафири амрикоӣ ба Тоҷикистон дахл надорад, зеро ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳояш аз нӯшобаҳои алкоҳолӣ истифода намекунад.