СММ мехоҳад, ки Тоҷикистон масъулони шиканҷаро афв накунад

Шаҳноза Нодирова мегӯяд, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки муҷозоти афроди муттаҳам бо шиканҷаро шадидтар ва муҷримонро аз ҳақи афв маҳрум кунад.
Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Шаҳноза Нодирова мегӯяд, ин дархост дар ҳоле ворид шудааст, ки соли гузашта Тоҷикистон як банди дигар ( модаи 143 прим. ё худ ташреҳи 1) ба ба қонуни ҷиноӣ ворид кард, ки муҷозоти шиканҷаро дар назар дорад.

Аз сӯи дигар, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ба ин дархост, ки масъулони шиканҷа аз ҳақи афв маҳрум шаванд, мувофиқ нест ва мегӯяд, дар ҳоле, ки афроди дастдошта дар ҷиноятҳои мисли куштор ба афв ҳақ доранд, оё маҳрум кардани масъулоне, ки дар шиканҷа даст доштаанд, поймол шудани ҳуқуқи онҳо нест? Ба қавли мансабдори тоҷик дар масъалаи афв набояд ба меъёрҳои дугона роҳ дод.

Аммо нигаронии СММ ва эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз он аст, ки масъулони шиканҷа дар кишвар бо муҷозоти сабук аз масъулият раҳо мешаванд ва сипас мавриди афв низ қарор мегиранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷазои шиканҷа шадидтар мешавад


5-уми марти соли 2011 сокини шаҳри Душанбе, Сафаралӣ Сангов дар боздошгоҳи идораи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Бино бар маълумоти наздиконаш Сангов аснои боздошт ва дертар дар шӯъбаи милиса мавриди лату кӯб қарор гирифт. Ду корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои Душанбе танҳо ба "хунукназарӣ дар иҷрои вазифа" айбдор шуданд. Вакили Сангов бар ин аст, ки тафтиши қазия дуруст анҷом нашудааст. Бар илова баъди ин қазия раҳбари идораи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт Раҳмонқул Давлатов ба вазифаи баландтар пешбарӣ шуд ва ин қазияи яогна нест.

Моҳи октябри соли 2011-ум вақте Шӯрои ҳуқуқи башари СММ арзёбии гузориши вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистонро оғоз намуд, СММ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ба Тоҷикистон беш аз 130 машварату пешниҳод матраҳ намуданд. Муовини вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар давраи навбатии арзёбии вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки ибтидои моҳи март оғоз ёфта, то охири баҳори соли равон идома хоҳад кард, ҳайати Тоҷикистон таваҷҷӯҳро ба лағви ҳукми эъдом дар кишвар ҷалб хоҳад кард.


“Шояд шумо хабар дошта бошед, ки Тоҷикистон пешниҳоди лағви ҳукми эъдомро пазируфтааст. Иродаи сиёсии лавғи ҳукми эъдом вуҷуд дорад ва ҳоло механизми иҷрои амалии он дар қонунгузории ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад. Мо аз соли 2004-ум ба ин тараф мораторияи ҳукми эъдомро ҷорӣ кардаем ва ҳукмҳои эъдом иҷро намешаванд. Ҳоло фақат бар пояи 5 модаи қонуни ҷиноӣ ҳукми олӣ, яъне эъдом содир мешавад, вале ба ҷои он маҳкумшудагон ҳабси абадӣ мегиранд. Масъала ин ҷост, ки агар мо ҳукми эъдомро лағв мекунем, мо бояд зиндонҳои ҷавобгуи ҳабси абадӣ дошта бошем. Бунёди чунин маҳбас харҷи калон дорад ва ҳоло касе аз кумакрасонаҳо ҳозир нашудааст, ки дар ин масъала ёрӣ расонад. Он чизе, ки мо ҳозир метавонем дар амал иҷро кунем, ин кӯчонидани афроди маҳкум ба ҳабси абадӣ аз зиндони рақами яки маркази шаҳри Душанбе ба маҳбаси навест, ки дар роҳ миёни шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат сохта мешавад.”

Ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон хотирнишон намуд, ки бо кумаки барномаи рушди СММ дар ноҳияи Ваҳдат як бемористон барои маҳбусон сохта мешавад.