Парвандаи раиси "Умед-88" махфӣ шуд

Раҷабалӣ Одинаев

Парвандаи Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед-88", баъд аз чаҳор моҳи боздошташ муҳри махфӣ гирифт. Вакилони дифои ӯ муваззаф шудаанд, ки дар бораи ҷараёни тафтишот бо матбуот суҳбат накунанд. "Вагарна ҳар ҷумлаи гуфтаамон ба унвони халал расондан ба кори муфаттишон эълон хоҳад шуд", - гуфт яке аз адвокатҳо рӯзи 1-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Раҳбари ширкати “Умед 88”, дар маҷмуъ, ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва суистифода аз ваколат муттаҳам шудааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар бораи махфӣ шудани парвандаи Раҷабалӣ Одинаев онҳоро охири моҳи феврал огоҳ кардаанд. Одинаев моҳи октябри соли гузашта, дақиқан пас аз чанд соати интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон боздошт шуда, тафтиши парвандаашро Оҷонси зиддифасод идома медиҳад. Раиси ҷумҳур гуфт, раҳбарияти ширкати “Умед-88” беш аз 170 миллион сомонӣ пули нирӯгоҳи Роғунро тавассути Вазорати молия дастрас карда, аммо барнагардондааст.

  • Раҳбари ширкати “Умед 88”, дар маҷмуъ, ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва суистифода аз ваколат муттаҳам шудааст.

Дар чаҳорчӯби таҳқиқи қазияи ширкати “Умед-88” ҳадди ақал як мақоми Вазорати молияи Тоҷикистон низ аз иҷрои масъулиятҳояш озод шудааст. Аммо мақомоти тоҷик чандон моили баррасии ин мавзӯъ дар матбуот нестанд. Аз ҷумла, дар нишасти матбуотии рӯзи 16-уми феврал вазири молияи Тоҷикистон ҳам гуфт, қазияи "Умед-88"-ро ба ин далел шарҳ намедиҳад, ки мавриди тафтиш қарор дорад.

Файзиддин Қаҳҳорзода дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди аз вазифа сабукдӯш шудани як мақоми Вазорати молия дар робита ба қазияи "Умед - 88" гуфт: “Хидмати давлатӣ аст ва ҳамаи мо кормандон дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ба кор ҷалб мешавем. Роҳбарият вобаста ба иҷроиши сатҳи касбияти кормандон дилхоҳ қарор қабул мекунад. Касе набошад. Набояд аз ин ҳангома сохт”.

Файзиддин Қаҳҳорзода

Айни замон дар ниҳоди таҳқиқкунандаи қазияи "Умед-88" – Оҷонси мубориза бо коррупсия ба хабарнигорон гуфтанд, дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи “Умед-88” “мақомоти баландпояи Вазорати молия ҳам ба пурсиш даъват” мешаванд.

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои чанд моҳи охир аст.

Дар ин бора бештар бихонед: