Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 16 феврал аз сарвазири ин кишвар Арсений Ятсенюк ва додситони кулл Виктор Шокин хост, ки аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд. Порошенко “эҳёи эътимод ба ҳукумат”-ро далели ин қарори худ ном бурдааст.
Дар баёнияи раисиҷумҳур гуфта мешавад, ки ҳукумати Ятсенюк пуштибонии эътилофи ҳокимро, ки ҳизби худи ӯ, мавсум ба Блоки Порошенкоро низ дар бар мегирад, гум кардааст.
Дархости истеъфои сарвазири Украина ҳамагӣ чанд лаҳза қабл аз паёми ӯ ба парлумон нашр шуд. Ятсенюк дар Верховни Рада низ ба таҳдиди раъйи нобоварӣ рӯбарӯст.
Блоки Порошенко чанд соат пеш аз изҳороти раисиҷумҳур эълон кард, ки дар парлумон ба кори ҳукумати Ятсенюк баҳои “ғайриқаноатбахш” хоҳад дод. Ин тасмими ҳизби президент эҳтимоли эълони нобоварии вакилони парлумон ба Ятсенюк ва фурӯ пошидани ҳукумати ӯро бештар кардааст. Парлумони Украина барои интихоби ҳукумати нав маҷбур мешавад, вориди музокироти ҷадид барои ташкили эътилофи ҳоким шавад. Дар сурати нокомии ин музокирот, Украина ночор роҳии интихоботи нави парлумонӣ хоҳад шуд. Ин сенарияест, ки худи Порошенко ҳам ҳушдор дода, ки “боиси танҳо амиқтар шудани бӯҳрони сиёсӣ мешавад.”
Анна Райская, шореҳи масоили сиёсии Украина дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ӯ фикр намекунад, ки талаби истеъфои сарвазир мунҷар ба бӯҳрони амиқи сиёсӣ дар Украина шавад: "Дар ҷомиа интиқод хеле зиёд буд аз ҳукумати Ятсенюк. Ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ки дар ивази кумакҳои иқтисодиашон ба Украина, аз ҳукуматаш талаби ислоҳот доштанд, низ аз рафтани Ятсенюк зиёд нороҳат намешаванд. Порошенко дар асл ба ниёзҳо ва хостҳои ҷомиа посух дод. Ва ҳатто агар аҳзоби сиёсӣ бар сари ташкили эътилофи нави ҳоким ба тавофуқ нарасанд ва зарурати интихоботи нав пеш биояд, боз ҳам паҳлууҳои мусбати истеъфои сарвазир назар ба паҳлуҳои манфиаш хеле бештар аст."
Порошенко ҳамчунин хостори истеъфои Виктор Шокин аз мақоми додситони кулл шудааст. Шокин дар ҳукуматҳои қаблии Украина низ хидмат кардааст ва интисоби ӯ ба симати додситони кулл дар соли 2014 як тасмими зиддунақиз арзёбӣ мешуд.
Вазири литвонитабори иқтисоди Украина Айвирас Абромавичиюс дар ибтидои моҳи феврал бо эълони истеъфояш ба далели “афзоиши талошҳои гирифтани пеши роҳи ислоҳоти муҳим” шахсан аз Шокин ном бурда буд.
Дар ҳоли ҳозир, Блоки Порошенко дар Верховни Рада 136 вакил, Фронти халқии Ятсенюк 81 вакил, эътилофи “Худдифоъ”-и шаҳрдори собиқи Лвов Андрий Садовий 26 вакил, ҳизби "Баткившина"-и сарвазири собиқ Юлия Тимошенко ва ҳизби радикалӣ 19-вакилӣ доранд. 28 курсии дигари парлумони Украина ба далели тасарруфи Ҷумҳурии Қрим аз сӯи Русия ва баргузор нашудани интихобот дар бархе ҳавзаҳои таҳти тасарруфи ҷудоиталабон дар вилоятҳои Донетску Луҳанск ҳамчунон холӣ боқӣ мемонанд.
Ҳамаи он аҳзоби сиёсие, ки якҷо бо ҳизби Ятсенюк эътилофи ҳокими Украинаро сохта буданд, аз ҳаракати Украина ба сӯи ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунанд ва талош доштанд, то равобити иқтисодиву сиёсии Украина бо Русия коҳиш ёбад. Ду узви дигари эътилофи ҳокими Ятсенюк – “Баткившина” ва “Худдифоъ” низ аломат додаанд, ки метавонанд зидди Ятсенюк ва кобинаи ӯ овоз диҳанд. Ба ин тартиб, зоҳиран 226 раъйи лозим барои эълони нобоварӣ ба ҳукумати кунунии Украина дар Верховни Рада зоҳиран ба даст хоҳад омад.
Ҳизби ростгарои радикалии Олеҳ Ляшко ҳанӯз моҳи сентябр тарки эътилофи ҳоким карда буд. Ва алакай дар моҳи декабр ин иқдом ба баҳсҳои сиёсӣ дар бораи ояндаи кобинаи Арсений Ятсентюк оғоз гузошт.
Гузашта аз ин, ҳизби Фронти халқии Ятсенюк бо гурӯҳҳои содиқ ба раисиҷумҳур Порошенко дар пайи норозигиҳои ҷомаи бар сари фасоди густарда дар Украина мушкил дошт.
Дар ҷараёни баҳсҳои моҳи декабр, ки Ятсенюк аз кори ҳукуматаш дифоъ мекард, муовини раисии Блоки Порошенко Олег Барна ибтидо ба сарвазир гулдаста тақдим кард, вале сипас ӯро аз минбар ба поён кашид, ки боиси гиребонгирии аъзои эътилофи ҳоким дар толори парлумон шуд.
Бо ин вуҷуд, Блоки Порошенко иттиҳоди ларзонакаш бо ҳизби Ятсенюкро то оғози соли 2016 идома дод. Раҳбари ин ҳизб Юрий Лутсенко ҳатто аз Ятсенюк узр хост, вале баъдан гуфт, ки ӯ шахсан аз истеъфои Ятсенюк пуштибонӣ мекунад.
Тайи ду моҳи охир се тан аз аъзои кобинаи Ятсенюк, бо шумули Абромивачиюс, аз қасди истеъфои худ хабар доданд.
Дар ҳоли ҳозир, дастикам се номзади эҳтимолӣ ба раҳбарии ҳукумати ояндаи ҳукумати Украина матраҳ аст: Яке раиси Верховни Рада Владимир Гройсман аз Блоки Порошенко, дувумӣ вазири молия Наталя Яреско ва сониян Олександр Турчинов, раҳбари Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ, аз сиёсатмадорони дар гузашта ба Ятсенюк хеле наздик.
Анна Райская, шореҳи сиёсии Украина мегӯяд, аз шахси сарвазири оянда хеле бастагӣ дорад, ки Украина аз кадом масир пеш хоҳад рафт: "Тақрибан ду соли охир бо ислоҳотҳои нима ва нотамом пушти сар шуд. Ва ҳоло интизори аксар ин аст, ки ҳукумати нав билохира як ислоҳоти фарогиреро оғоз мекунад ва бо фасоди идорӣ - як дарди сари сахти Украина имрӯза қотеона дастбагиребон мешавад."
Арсений Ятсенюки 42-сола, ки дар гузашта аз ёрони наздики сарвазири собиқ Юлия Тимошенко буд, аз 27 феврали соли 2014 раҳбарии ҳукумати Украинаро бар ӯҳда дорад. Волии вилояти Одесса Михаил Саакашвили чанде пеш Ятсенюк ва яке аз ёрони наздики ӯ вазири умури дохила Арсен Аваковро дар ҷаласаи ҳукумат ба фасод айбдор кард, ки сабаби радубадали хеле тунди онҳо дар ин ҷаласа шуд.