Путин: Ғарб аз бӯҳрони Украина сӯиистифода мекунад

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Ғарбро айбдор кард, ки аз бӯҳрони Украина бо ҳадафи бесубот кардани тамоми минтақа сӯиистифода мекунад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 1 июл дар Маскав дар мулоқот бо сафирони Русия, ки ҳар ду сол доир мешавад, гуфт, “рӯйдодҳое, ки Ғарб дар Украина таҳрик дод, намоиши мунсаҷими сиёсати пешгирӣ алайҳи Русия мебошад.” Путин бори дигар таҳримоти Ғарб алайҳи Русияро “фишанги сиёсӣ" номид ва Ғарбро айбдор кард, ки аз бӯҳрони Украина бо ҳадафи бесубот кардани тамоми минтақа сӯиистифода мекунад.

Ӯ афзуд, Маскав барои муколама бо Вошингтон омода аст, вале танҳо дар “заминаи баробарӣ”. Путин гуфт, “ҳама дар Аврупо” бояд дарк кунанд, ки сенарияҳои Сурия, Либия, Ироқ ва Украина ба тамоми минтақа “сироят нахоҳад кард.” Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки кишвараш “ҳимоят аз р усҳои бурунмарзиро аз ҷумла бо истифода аз васоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарӣ идома хоҳад дод.”

Путин дар идомаи сӯҳбатҳояш дар мавриди ҳамтои украинии худ Петро Порошенко гуфт, Русияву шарикони аврупоияш “шояд натавонанд, ки ӯро барои бозгашт аз роҳи хушунат мутақоид кунанд.” Ӯ афзуд, Порошенко бо онки шаби 30 июн аз тамдиди оташбас бо ҷудоиталабон даст кашид, дигар “масъулияти тавсиаи ҷангҳо дар Украинаро ба дӯши худ мегирад.”

Анатолий Клян

Путин Киевро ҳамчунин ба пешбурди барномаи ҳадафмандонаи “аз байн бурдан”-и намояндагшони расонаҳои Русия дар манотиқи ҷангзадаи шарқи Украина айбдор кард. Ӯ гуфт, “куштори журналистон комилан ғайри қобили қабул аст ва ман инро дирӯз бори дигар ба раисиҷумҳури Украина такрор кардам.”

Ин сӯҳбатҳои Путин дар пайи кушта шудани наворбардори телевизиони ОРТ-и Русия Анатолий Клян дар наздикии як пойгоҳи низомии тарафдори Киев дар вилояти Донетск дар таърихи 30 июн садо медиҳанд. Клян сеюмин журналисти Русия аст, ки дар шарқи Украина ба ҳалокат мерасанд. Ҷамъи журналистони дар Донетску Луҳанск то имрӯз ба 5 нафар расидааст.

Путин ҳамин тавр, Киевро ба он айбдор кард, ки дар музокироти нархи газ аз “шантаж” кор мегирад ва барои гази Русия як нархи “комилан беасос”-ро талаб дорад. Русия дар ҳоли ҳозир барои ҳар 100 метри мукааби газаш аз Украина 385 доллар мехоҳад, вале Украина мегӯяд, ин нарх беш аз ҳад болост.

Суханронии Владимир Путин дар баробари корпуси дипломатии Русия дар рӯзе доир шуд, ки нирӯҳои Украина баъди 10 рӯзи оташбас амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоиталабонро аз сар гирифтанд.

Оташбас тамом шуд

Ҳукумати Украина гуфт, баъди 10 рӯзи оташбасе, ки натавонист ба ҳалли бӯҳрон ноил шавад, нирӯҳояш “амалиёти зиддитеррор” алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украинаро аз сар гирифтаанд.

Раиси порлумон Олександр Турчинов рӯзи 1 июл ба вакилони Верховни Рада гуфт, “субҳи имрӯз, марҳалаи фаъоли амалиёти зиддитеррор аз сар гирифта шуд. Нирӯҳои мусаллаҳи мо пойгоҳҳову сангарҳои террористонро мавриди ҳамла қарор додаанд.”

Петро Порошенко

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 30 июн гуфт, оташбасеро, ки шаби душанбе ба поён расид, дигар тамдид намекунад ва нирӯҳои Украина ба амалиёташон идома хоҳанд дод. Оташбасе ки рӯзи 20 июн аз тарафи Порошенко эълон шуда буд, бахше аз нақшаи сулҳи ӯ ба хотири поён додани ба исёни тарафдорони Русия дар вилоятҳои шарқӣ ва умдатан русзабони Донетску Луҳанск буд. Ин оташбас ибтидо барои як ҳафта эълон шуд, вале Порошенко рӯзи 27 июн онро 3 рӯзи дигар тамдид кард.

Порошенко баъд аз мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои амниятиву низомиаш дар як баёнияи видеоӣ дар сомонаи интернетиаш гуфт, “мо ҳамла мекунем ва сарзаминамонро озод мекунем.” Петро Порошенко қаблан гуфта буд, ки ҳадаф аз ин оташбас додани имкон ва фурсат барои он силоҳбадастонест, ки дар қатлу куштор даст надоранд. Вале зоҳиран ин ҳадаф иҷро нашуд. Ҳарду ҷониб якдигарро дар нақзи оташбас айбдор мекунанд.

Вазорати хориҷаи Украина гуфт, тайи 10 рӯзи оташбас 27 сарбози украинӣ кушта шгуданд. Хабаргузории Интерфакс – Украина аз қавли силоҳбадастони тарафдори Русия хабар дод, ки нирӯҳои Украина тӯпборони шаҳри Краматорск дар вилояти Донетскро, ки таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, дубора шурӯъ кардаанд.

Тасмими Порошенко ба дунболи муозокироти чоргона бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд эълон шуд. Музокирот дар ин чорчӯб дар рӯзҳои охир дастикам ду дафъа ва бори охир рӯзи 30 июн сурат гирифт.

Раисиҷумҳури собиқи Украина Леонид Кучма барои музокирот бо ҷудоиталабон ба Донетск рафта буд

Порошенко гуфт, агар рӯшан шавад, ки тамоми ҷонибҳо барои иҷрои тамоми нуқоти нақшаи сулҳи ӯ, бо шумули раҳоии гаравгонҳо ва ташкили назорати муассири марз бо Русия омодаанд, ӯ “дар ҳар вақт” дубора ба масъалаи оташбас бар хоҳад гашт. Порошенко гуфт, оташбас бахше аз нақшаи сулҳ буд ва бояд дар паяш афви ҷангиёне, ки дар ҷиноятҳои ҷиддӣ даст надоранд, ва ҳам гузаштҳои сиёсие, чун интихоботи пеш аз мӯҳлати маҷлисҳои маҳаллӣ ва чораҳое ба манзури ҳимоят аз ҳуқуқи русзабонҳо дар Украиина, анҷом мешуд. Дар дарозмуддат ин нақшаи сулҳ ислоҳи Қонуни асосии Украина ва ироаи салоҳиятҳои бештар ба вилоятҳоро дар назар дошт.

Дар ҳамин ҳол, як вакили аршади порлумони Олмон аз ҳизби демократҳои масеҳии садри аъзам Ангела Меркел ба Радиои Олмон гуфт, Иттиҳодияи Аврупо(ИА) рӯзи 1 июл мавзӯи тавсиаи таҳримот алайҳи Русияро баррасӣ мекунад. Норберт Роеттген, раиси кумитаи равобити хориҷии Бундестаг - маҷлиси поёнии порлумони Олмон гуфт, ИА дар пеши раисиҷумҳури Владимир Путин як силсила талабҳои “мушаххас ва иҷрошаванда” гузошта буд, ки аксаран иҷро нашуданд.

Украина баъди суқути ҳукумати раисиҷумҳури рӯ ба Маскаваш Виктор Янукович дар поёни моҳи феврал ба вартаи бӯҳрони амиқи сиёсие фурӯ рафт, ки дар шарқи ин кишвар ба низои мусаллаҳона печидааст. Баъди дар Украина ба қудрат расидани нирӯҳои ғарбгаро Русия дар моҳи март нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, бо баргузории як райъпурсӣ ин вилоятро бо шаҳри Севастопол ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Ба дунбол аз моҳи апрел, нирӯҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия дар вилоятҳои Луҳанску Донестк сар бароварда, чандин шаҳр дар ин ду вилояти умдатан русзабон, бо шумули марказҳои маъмурии ҳарду вилоятро тасарруф карданд. Ҳукумати Украина аз 15 апрел алайҳи ҷудоиталабон дар ин ду вилоят “амалиёти зиддитеррор”-и густардаеро ба роҳ андохтааст, вале ин амалиёт то кунун чандон комёб нашудааст.

Ҷудоиталаби тарафдори Русия дар Краматорск

Ҷудоиталабон рӯзи 11 май бо баргузории райъпурсиҳо дар ин ду вилоят ҳатто аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд ва ҳоло талош доранд, ҳарду минтақаи ҷудоиталабро дар як даавлати худхондае бо номи “Новороссия” муттаҳид кунанд. Дар Донетску Луҳанск тақрибан 6,5 миллион нафар, ё тақрибан 15 дарсади аҳолии Украина ба сар мебарад. Қариб нисфи онҳо русзабонанд.

Дар Киев ва дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталаби русзабонҳо дар шарқи Украина аз сӯи Русия таъмини молӣ ва раҳнамоӣ мешаванд. Маскав инро рад мекунад, вале мегӯяд, аз ҳуқуқи русзабонҳо дар Украина ҳамчунон ҳимоят хоҳад кард. Амрикову Аврупо ба далели дахолатҳояш дар умури Украина аз моҳи март ба ин тараф алайҳи Русия як силсила таҳримот ҷорӣ карда ва ҳушдор додаанд, ки дар сурати идомаи низоъи мусаллаҳона дар шарқи Украина ҳалқаи ин таҳримотро боз ҳам тангтар хоҳанд кард.