Қрим Русия нест! Эътирози Украина ба китобҳои дарсии Қазоқистон

Ҳамчун бахши қаламрави Русия дарҷ шудани нимҷазираи Қрим дар китобҳои дарсии мактабҳои Қазоқистон мояи таниши дипломатӣ байни Киеву Остона шудааст.

Сафорати Украина дар Қазоқистон рӯзи 25 сентябр ба вазорати хориҷаи Қазоқистон дар робита ба китобҳои дарсие, ки нимҷазираи Қрими Украинаро ҳамчун як бахши қаламрави Русия дарҷ кардаанд, расман нотаи эътирозӣ супурдааст.

Дар изҳороти кордори сафорати Украина аз ҷумла гуфта мешавад, ки Қрим як бахши Украина буду ҳаст ва боқӣ мемонад ва ҳамчун қаламрави Русия мунъакис шудани ин вилояти аз сӯи Маскав тасарруфшуда мухолифи дидгоҳи расмии раҳбарияти Қазоқистон ҳам ҳаст, ки “батакрор пуштибониаш аз якпорчагии Украинаро изҳор доштааст.”

Дар вазорати маориф ва илми Қазоқистон мегӯянд, нотаи сафорати Украинаро субҳи 25 сентябр дастрас кардаанд ва он дар ҳоли ҳозир дар дасти омӯзиш қарор дорад.

Нашриёти “Мектеп” (“Мактаб”), ки ба нашри китобҳои дарсӣ барои макотиби Қазоқистон машғул аст, имсол дар дастикам се китоби дарсии чопкардааш Қримро ҳамчун як бахши Русия нишон додааст. Аз ҷумла дар китоби “Ҷуғрофиё” барои синфи 10 ва “Ҷуғрофиёи ҷаҳони муосир” барои синфи 11 ва китоби “Таърихи ҷаҳон” барои синфи 11-уми мактабҳои қазоқӣ навишта шудааст, ки Қрим ва шаҳри Севастопол моҳи марти соли 2014 бар асоси раъйпурсии саросарӣ ҳамчун ду субъекти нав ба ҳайъати Русия пайвастанд.

Масъулони нашриёти “Мектеп” қаблан гуфта буданд, ки иттилои омада дар ин китобҳо воқеъияти имрӯзаро нишон медиҳад ва “ягон ангезаи сиёсӣ надорад.”

Вале Ирина Блашук, намояндаи расмии сафорати Украина дар Қазоқистон рӯзи 25 сентябр дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедворанд, ки ҷониби Қазоқистон ин кӯтоҳиро ислоҳ хоҳад кард ва Қримро дар китобҳои дарсиаш ба Украина “бармегардонад.”

Порае аз китоби баҳсбарангези "Таърихи ҷаҳон"

Блашук: Бале, мо, яъне сафорати Украина дар Қазоқистон ба вазорати хориҷаи ин кишвар нота супурдем. Ин нота дар робита ба он аст, ки дар китобҳои дарсии аз сӯи нашрияти “Мектеп” барои мактабҳои миёнаи Қазоқистон чопшуда Ҷумҳурии мухтори Қрим ҳамчун субъекти Федеросиюни Русия нишон дода шудааст. Маълумоти овардашуда дар ин китобҳои дарсӣ муғойир бо мавқеи ҳам ҷомиаи байналмилалист ва ҳам бо мавқеи раҳбарияти худи Қазоқистон. Чунки раҳбарияти Қазоқистон чандин бор пуштибониаш аз тамомияти арзӣ ва якпорчагии Украинаро изҳор доштааст.

Радиои Озодӣ: Интизори шумо чӣ аст? Оё ҷониби Қазоқистон чӣ вокуниш хоҳад кард?

Блашук: Албатта, мо вокуниши расмии вазорати хориҷа ва вазорати маорифу илми Қазоқистон ба нотаамонро интизор дорем ва умедворем, ки ин китобҳои баҳсбарангез аз мактабҳои миёнаи Қазоқистон барчида хоҳанд шуд.

Радиои Озодӣ: Чӣ фикр мекунед, оё ҳамчун бахши Русия мунъакис шудани Қрим дар ин китобҳои дарсӣ ягон ба истилоҳ худсарӣ буд ё кадом сиёсати барномарезишуда?

Блашук: Мо инро намедонем. Барои ҳамин, ба вазорати хориҷаи Қазоқистон муроҷиат кардем, то бар сари ин вазъияти пешомада кор бикунанд.

Ҷумҳурии мухтори Қрими Украина моҳи марти соли 2014 дар пайи тасарруфи ин минтақа аз сӯи нирӯҳои мусаллаҳи Русия ва баргузории як райъпурсӣ ба ҳайъати Русия ҳамроҳ карда шуд. Аммо тасарруфи Қрим аз сӯи Русия дар сатҳи байналмилалӣ маҳкум шуда, кишварҳои Ғарб ба далели тасарруфи ин минтақа ва таҳрики ҷудоиталабон дар ду вилояти дигари шарқи Украина алайҳи Русия як силсила таҳримот ҷорӣ кардаанд.