Гандумзори Украина месӯзад
Сарбози украинӣ аз назди гандумзоре мегузарад, ки оташ гирифтааст. Ин замин дар шарқи Украина ва наздик ба хатти ҷабҳаи ҷанги Русия ҷойгир аст.
Алангаи оташ рӯзи 17-уми май майдони кишти гандумро дар вилояти Николаев ба коми худ кашид. Гармои шадид ва ҳамлаву даргириҳо сӯхтани гандумзорҳои Украинаро бештар кардааст.
Дар тасвирҳои моҳвораӣ, ки 8-уми июл бардошта шудаанд, заминҳои харобу хокистаршудаи гандум дар наздикии вилояти Сиверск ва Донетски Украина дида мешаванд. Эҳтимол сӯхтор дар ин гандумзорҳо бар асари таркиш ё афтидани мушакпораҳо ба амал омадааст.
Низомиёни Русияро ба ҳамлаи барқасдона ба анборҳои маводи ғизоӣ гумонбар медонанд. Рӯзи 31-уми май хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳиди сар задани сӯхтор дар анбори офтобпараст шуданд. Низомиёни украинӣ эълон карданд, ки анбор дар пайи зарбаи тӯпхона сӯхтааст.
Маъмури оташнишонӣ рӯзи 18-уми июл сӯхтор дар замини кишти вилояти Херсонро хомӯш мекунад. Сӯхторҳои пайиҳам ва нобудшавии гандумзорҳо дар ин кишвар бӯҳрони озуқавориро, ки дар пайи ҷанг ба амал омад, сахттар мекунад.
Қисмати дигари мушак дар майдони кишти гандум дар як макони номаълуми Украина дармондааст. Ба далели муҳосираи бандарҳои Украина дар Баҳри Сиёҳ, интиқоли ғалла аз ин кишвар ба давлатҳои дигар, аз ҷумла ба чанд кишвари африқоӣ, ки аз гандуми Украина сахт вобастаанд, номумкин шудааст.
Гандумзоре дар Украина баъд аз сӯхтор. Ин акс 17-уми июл дар марзи байни вилояти Запорожйе ва Донетск гирифта шудааст. Дар ин минтақа ҷанг ҷараён дорад. Айни ҳол барои баровардани гандум аз бандарҳои Украина гуфтушунид музокирот доранд.
Деҳқони украинӣ дар вилояти Днепропетровск ба заминҳои оташгирифтаи кишти гандумаш нигоҳ дорад. Ин гандумзор рӯзи 4-уми июл дар пайи даргириҳо оташ гирифт.
Сӯхтор дар гандумзоре дар шарқи Украина, ки рӯзи 17-уми июл сар зад. Иттиҳоди Аврупо имкони бекор кардани бахше аз таҳримҳоро алайҳи Русия баррасӣ мекунад. Махсусан таҳримҳое, ки содироти хӯроквориро аз ин кишвар маҳдуд карда, имкони таъмини аҳолиро бо маводи зарурӣ ва дастрас бештар мекунад.