"Марҳилаи дигар"-и ҳамлаи Русия. Дар Украина чӣ саҳнаҳоро диданд?
Харков, 19-уми апрели 2022. Як зан дар паҳлӯи ҷасади марде, ки ҳангоми тирборон дар маҳаллаи истиқоматӣ кушта шудааст.
Фирори сокинони Миколаев ба Одесса. 20-уми апрели 2022. Як аксбардори "Рейтерс" мегӯяд, "шаҳр ҳар рӯз тирборон мешавад".
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский рӯзи 19-уми апрел гуфт, ки ҳамлаи Русия ба минтақаи шарқии Донбасс оғоз шудааст.
Сарбозони украинӣ дар як макони номаълум дар шарқи Украина. Акс 19-уми апрел паҳн шуд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 19-уми апрел гуфт, "марҳилаи дигари амалиёт оғоз мешавад". Кремл ҳамла ба Украинаро "амалиёти махсус" номидааст.
Маросими дафни як сокини Мариупол. Рӯзи 19-уми апрели 2022
Инҳоро аз бадани сарбозони захмии украинӣ гирифтаанд. Бемористони ҳарбии Запорожйе. Аксро 20-уми апрел намоиш доданд.
Як хона дар деҳаи Мала Томачка, ҷануби Запорожйе. Рӯзи 19-уми апрел
Сокинони Мариупол ба воситаи генератори сайёр телефону таҷҳизоти дигари электронии худро нерӯ медиҳанд. Рӯзи 19-уми апрели 2022
Пойи хукро дар кӯчаи Орихов ба фурӯш гузоштаанд. 19-уми апрел
Ҷангҷӯёни ҷудоихоҳ дар вилояти Луҳанск ҳангоми маросими дафни як фармондеҳ. Рӯзи 19-уми апрел
Марди маҷруҳ дар шифохонаи Краматорск, 19-уми апрел
Ҷасади зане, ки 19-уми апрел дар пайи ҳамла ба Харков кушта шуд.