Ҷасадҳо, вайронӣ ва нигаронӣ. Ҳамлаи Русия ба хонаҳои мардум дар Украина

Наҷотбахшони украинӣ ҷустуҷӯро дар вайронаҳои як бинои панҷтабақаи истиқоматӣ дар шаҳраки Часов Яри вилояти Донетск идома медиҳанд. Бино дар натиҷаи зарбаи мушакии Русия фурӯ рафт. Дар ин ҳамла, ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ, 18 нафар кушта шудаанд. Шаш нафарро аз зери вайронаҳо дар хонае дар шаҳраки Часов Яр зинда берун оварданд.

Часов Яр шаҳраке бо 12 ҳазор аҳолӣ дар 20-километрии шаҳри Краматорск қарор дорад, ки чанд рӯз пеш ҳадафи нерӯҳои Русия буд

Сокинони ваҳмзада мунтазири хабар дар бораи наздиконашон ҳастанд, ки дар зери вайронаҳо мондаанд

Наҷотбахшон як ҷасадро аз зери харобаҳо берун меоранд

Шаҳраки Часов Яр 

Дохили хонае, ки мушак ба он задааст

Як сокини Часов Яр ашёи худро ҷамъ мекунад. Рӯзи 10-уми июл

Бозичаи кӯдакон дар зери вайронаҳо, Часов Яр

Зане ҷасади хушдоманашро, ки рӯзи 9-уми июл дар ҳамлаи низомиёни Русия ба Костянтиновка кушта шудааст, месанҷад

Ин зан барои сагаш мегиряд. Ҳера рӯзи 9-уми июл ва дар ҳамлаи Русия ба Костянтиновка сахт маҷруҳ шудааст

Зарбаи мушакии Русия рӯзи 10-уми июл як мактабро вайрон кард

Нерӯҳои Русия пас аз ишғоли вилояти Луганск дар шарқи Украина, ҳамлаҳоро ба вилояти Донетск сахттар кардаанд

Бар асари зарбаи мушакии Русия як бинои истиқоматӣ дар Харков вайрон шуд

Маъмурони наҷот ҷасадеро аз як бинои истиқоматии харобшуда дар Харков берун меоранд. Мушакҳои Русия рӯзи 11-уми июл ба он бархӯрд.

Маскав ҳамла ба ғайринизомиёнро рад мекунад, вале мушакпарониҳояш то кунун чандин шаҳру шаҳрак ва рустоҳои аҳолинишинро дар Украина вайрону валангор кардааст.