Чанд далели иртиботи Русия бо суқути ҳавопаймои Малайзия
Муқоисаи аксҳои моҳвораии пойгоҳи низомии Русия дар наздикии Ростов зоҳиран аз афзоиши фаъолиятҳо аз моҳи июн ба ин сӯ дарак медиҳанд.Ба навиштаи "The Washington Post," мақомҳои иктишофии Амрико бори аввал ин пойгоҳро манбаи асосии таъмини ҷудоиталабон дар шарқи Украина номиданд.
Акси нашршуда дар як шабакаи иҷтимоӣ гӯё ҳаракати мушакандози "Бук" ба самти Русия аз тариқи шаҳри Краснодонро нишон медиҳад. Мақомоти амрикоӣ ин аксро рӯзи 22 июл нашр карданд. "The Washington Post" менависад, ки ин акс даст доштани Русия дар ҳамла ба ҳавопаймои Малайзияро, ки 298 кушта ба ҷо гузошт, нишон медиҳад.
Ин акси нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, нишон медиҳад, ки мушакандози "Бук" баъди задани ҳавопаймо аз наздикии Краснодон ба самти Русия меравад.
Ин акси нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, нишон медиҳад, ки мушакандози "Бук" баъди задани ҳавопаймо аз наздикии Краснодон ба самти Русия меравад.
Харитаи моҳвораие, ки ҳукумати Амрико нашр кард, масири парвози ҳавопаймои Малайзия, хатти эҳтимолии партоби мушакеро, ки ба ин ҳавопаймо расид, нишон медиҳад.