Ҳамлаи Русия ба Украина. Иддае меҷанганд, гуруҳе паноҳ меҷӯянд

Ҷасади низомиёни рус, ки либоси украинӣ ба бар доштанд. Дар дарун ва паҳлӯи мошин. Онҳо 25-уми феврал дар як задухӯрд дар Киев, пойтахти Украина, кушта шудаанд


Медика, Лаҳистон. Рӯзи 25-уми феврал. Як оилаи украинӣ аз сарҳад мегузарад
 

Зане дар назди бинои вайроншуда дар Киев

Сарбозони украинӣ дар майдони “Истиқлол”. Киев. Маҳалли тазоҳуроти густурдаи соли 2014, ки боиси барканории раисиҷумҳури ҷонибдори Русия Виктор Янукович шуда буд.
 

Як сарбози украинӣ пораҳои ҳавопаймои сарнагуншударо дар Киев тафтиш мекунад. 25-уми феврал
 

Сарбозони украинӣ ба як зану кӯдаконаш барои гузаштан аз сарҳади Руминия мадад мекунанд. Рӯзи 26-уми феврал
 

Одамон дар як паноҳгоҳ дар Киев. Рӯзи 25-уми феврал

Рафҳои холӣ дар фурӯшгоҳи Киев

Фирори одамон аз Украина ба Словакия. Рӯзи 25-уми феврал
 

Рӯзи 26-уми феврал. Киев. Пас аз даргириҳо, маъмурони наҷот ва низомиёни украинӣ дар назди мошини харобшуда истодаанд
 

Сарбозони украинӣ. Субҳи 26-уми феврал

Як бинои истиқоматӣ бар асари зарбаи мушакӣ дар Киев осеб дид. Рӯзи 26-уми феврал
 

Кормандони тиб як зани захмиро ба мошини Ёрии таъҷилӣ интиқол медиҳанд.
 

Оташнишонҳо сӯхтор дар як бинои истиқоматиро дар Киев хомӯш мекунанд
 

Имдодгарон дар Киев
 

Пас аз тирборон шудани як бинои истиқоматӣ дар Киев
​​