Колесниченко: "Тарҳе дорам, ки Тоҷикистонро аз бебарқӣ мераҳонад"

Як мутахассиси нерӯи барқ, ки 54 сол дар Тоҷикистон фаъолият доштааст, тарҳеро пешниҳод дорад, ки ба гуфтаи худаш дар фурсатҳои наздик метавонад ин кишварро аз камбуди нерӯи барқ дар фаслҳои сарди сол бираҳонад.

Анатолий Колесниченко мегӯяд, Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Роғунро идома медиҳад, аммо ин сохтмон метавонад ба дарозо бикашад. Аз ин рӯ, ӯ бо роҳандозии як торнамои вежа бо номи www.winterenergy.info тарҳи раҳоии Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз бӯҳрони энержиро ба ҳар ду ҷониб пешниҳод кардааст.

Оқои Колесниченко дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, мӯҳтавои ин тарҳашро шарҳ дод.

Радиои Озодӣ: Анатолий Иванович, Шумо тарҳеро пешниҳод кардед, ки мегӯед метавонад Тоҷикистонро аз камбуди барқ дар фасли сармо бираҳонад. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад ба ин мақсад бирасад?

Анатолий Колесниченко: Барои он, ки Тоҷикистон аз нерӯи барқ худкифо шавад, нерӯгоҳи Роғунро сохтан зарур аст. Ақалан обанбори он бояд сохта шавад, то оби кофӣ захира шуда, дар фасли сармо барои тавлиди нерӯи барқ сарф шавад. Аммо сохтмони ин иншоот муддати зиёде металабад. Бинобар арзёбии ман, барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони ин нерӯгоҳ 25 соли дигар зарур аст ва Тоҷикистон наметавонад ин муддат дар интизори барқ боқӣ бимонад.

Дар Қирғизистони ҳамсоя нерӯгоҳи Тоқтогул вуҷуд дорад, ки обанбори калоне дорад. Агар системаи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро бо ҳам пайванд кунем, имконе вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон нерӯи зиёдатии барқашро дар баҳору тобистон ба Қирғизистон бидиҳад. Қирғизистон бошад ба навбаи худ метавонад обро дар обанбори нерӯгоҳи Тоқтогул захира карда дар фасли сармо нерӯи кофиро ба Тоҷикистон бидиҳад. Барои ин танҳо системаи барқи ду кишваро пайваст бояд кард.

Радиои Озодӣ: Бубинед, нерӯгоҳи Тоқтогул дар дарёи Норин сохта шудааст. Аз маҷрои ин дарё худи Қирғизистон ва Қазоқистон дар фасли баҳору тобистон барои кишоварзӣ истифода мекунанд. Агар Қирғизистон ин обро дар бобанбори нерӯгоҳаш захира кунад, камбуди об сар намезанад?

Анатолий Колесниченко: Не, дар ин дарё оби кофӣ барои ҳарду мақсад вуҷуд дорад. Дар лоиҳаи таҳиякардаи ман ҳамаи ин ҷузъият дақиқан ҳисоб шудааст, ман ин тарҳро бе ягон асос пешниҳод накардаам. Дар он ҷо, ман ин масъаларо бо ҷузъиёташ ҳисоб кардаам. Дар сомонаи ман лоиҳаи комили ин тарҳ бо ҷузъиёташ ҷой дода шудааст.

Радиои Озодӣ: Оё бо ин тарҳи Шумо вазорату идораҳои марбут ба барқи Тоҷикистону Қирғизистон ошно ҳастанд?

Анатолий Колесниченко: Ман ин тарҳро дар моҳи декабри соли гузашта ба унвонии Шӯрои масъулони нерӯи барқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фиристодам. Дар ин Шӯро тарҳи маро маъқул донистанд. Баъдан ин шӯрои тарҳи маро ба унвонии вазоратҳои обу энержии Тоҷикистону Қирғизистон ирсол намуд. Аммо аз он сана ҳаминак ним сол сипарӣ мешавад, аммо аз ҷониби Тоҷикистон Қирғизистон ман ҳоло ягон посухе нагирифтаанд. Ман бисёр мехостам, ки ба ин тарҳи ман назари худашонро баён кунанд. Аммо намедонам чаро то ба ҳол ба ман дар ин робита посухе нагуфтаанд.

Радиои Озодӣ: Мешавад, каме дар бораи худ ва таҷрибаи коратон дар Тоҷикистон қисса кунед?

Анатолий Колесниченко: Ман баъди хатми Донишкадаи гидротехникии шаҳри Одесса барои кор ба Тоҷикистон фиристода шудам. Нахуст сохтмони нерӯгоҳои хурди он замон ноҳияи Ҷирғатол, Комсомолобод ва Варзобро анҷом додам. Баъдан дар сохтмони нерӯгоҳи Норак ширкат доштам. Дар сохтмони ҳамаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш, нерӯгоҳи Головйной, Бойғозӣ, Шаршар ва Сангтӯда-1 ширкат кардаам. То соли 2012 дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба ҳайси муовини сармуҳандиси сохтмон ширкат доштам. Аммо соли 2012 бо талаби Бонки ҷаҳони сохтмони нерӯгоҳи Роғун қатъ шуд ва аксраи кормандонро ихтисор карданд. Маро низ ба рухсатии бемузд фиристоданд. Ман баъди чанд соли бекорӣ ба Днепропетровск омадам. Сохтмони дубора шурӯъ шуду аммо маро дубора ба кор даъват накардаанд, ҳарчанд расман ман ҳоло ҳам дар рухсатии бемуздам... Ҳамин гуна ман 54 соли умрамро дар Тоҷикистон гузаронидам.

Радиои Озодӣ: Анатолий Иванович, шояд шумо ҳам огоҳед, ки дар Тоҷикистон сохтмони тарҳи CASA-1000 шурӯъ шуд ва кишвар ният дорад барқи изофиашро ба Афғонистону Покистон фурӯшад. Ин тарҳи шумо ба CASA-1000 магар мухолифат намекунад?

Анатолий Колесниченко: Не, баракс ин тарҳро комилтар мекунад. Бубинед, дар доираи CASA-1000 системаи энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон пайваст мешавад. Аммо барқ асосан дар фасли тобистон тариқи он мегузарад. Дар фасли зимистон бошад ду кишвар аз ин хат метавонанд ба фоидаи худ истифода кунанд. Аз ин ҷиҳат тарҳе, ки ман пешниҳод дорам, сармоягузории зиёд талаб намекунад. Ин тарҳро мешавад дар ду соли наздик амалӣ кард ва Тоҷикистонро аз камбуди нерӯи барқ дар зимистон наҷот дод.Танҳо иродаи сиёсии ду роҳбари аввал- Тоҷикистону Қирғизистон барои амалӣ шудани он зарур аст.

Радиои Озодӣ:Ташаккур барои суҳбат!