Ҳунарнамоии делфинҳои муҳоҷири украинӣ барои кӯдакони руминӣ

Ева Леонтева, мураббии делфинҳо дар делфинариуми шаҳри Константаи Руминия ҳунарнамоӣ мекунад. 4-уми апрел.  
Делфинҳо Кики, Майя, Маруся ва Ветерок ва ҳам шерҳои баҳрӣ Алекс, Мари ва Зося баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина дар Руминия паноҳ ёфтанд ва ҳамакнун метавонанд ба ҳунарнамоӣ шурӯъ кунанд  
 

Хонаи пешини ин ҷонварони баҳрии ширхор шаҳри шарқии Харков буд. Ним сол баъди оғози ҷанг мураббиҳову табибони делфинариуми Харков маҷбур шуданд ҷои худро тарк кунанд 

Яке аз мураббиҳо мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоти зиёд онҳо тавонистанд бо ҳамкорони руминии худ забон ёбанд, чун, ба қавли ӯ, "ҳама ба як забон сӯҳбат мекунем". 
 

Мураббӣ Соня Чезганова бо ду шогирдаш 

Руминия дар интиқоли ҳадди аксари ҷонварон кӯмак кард. Вале дар боғи Харков ду бошандаи дигари делфинарий - ширхӯрҳо Зевс ва Красавчик боқӣ монданд. Ин акс аз сентябри соли 2022 аст. Ин боғ аз оташи ҷанг осеб дидааст  

Юрий Войтенко, энтомологи 67-сола аз пушти шишаи ҳавз бо Зевс бозӣ мекунад. Оинаи ҳавз бо халтаҳои пур аз хок иҳота шудаанд 

Мураббӣ Владислав Литневский бо шогирдаш - наҳанги белуга Пломбир бозӣ мекунад. Бо сабаби бузург будани ҷуссаи ин наҳангҳо интиқоли онҳо аз боғ имкон надошт 
 

Мураббӣ Виктория Литневская Зевсро мебӯсад  

Делфинбача бо номи Надежда тӯббозӣ мекунад. Мураббиҳо гуфтанд, ба хотири кӯдак будани делфинҳо се ададашонро  аз боғ берун бурда натавонистанд. 
 

Дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳи назди шаҳри Константаи Руминия як гурӯҳи ҳунарии делфинҳову мураббиҳо муҳоҷир шудаанд. Онҳо аз оташи ҷанг фирор карда дар Руминия сарпаноҳ ёфтаанд