Акс аз ҳамлаи Русия ба беморхонаи кӯдаконаи Киев

Зане дар беруни беморхонаи кӯдаконаи Киев наврасеро тасаллӣ медиҳад. Ҳанӯз маълум нест, ки дар инҷо ҳалокшудагон ҳастанд ё не.

 

Ихтиёриён, табибон ва наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои Беморхонаи кӯдаконаи Оҳматдит одамонро ҷустуҷӯ доранд. Ин беморхона 8-уми июл ҳадафи мушакҳои артиши Русия қарор гирифт. 
Мақомоти Украина гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Русия ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина дастикам 38 кас кушта шуданд, ки чор нафарашон кӯдакон ҳастанд. Ҳамчунин 190 кас дар ин ҳамлаҳо захмӣ шуданд. 

Мушакҳои русӣ субҳи 8-уми июл ҳамчунин ба чанд бинои истиқоматӣ ва иншоотҳо дар атрофи Киев низ зарба заданд. 

"Зиёда аз 40 мушаки навъҳои гуногун ба биноҳои истиқоматӣ, иншоотҳо ва беморхонаи кӯдакон партоб шуданд,"-навишт Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ин нафарон аз зери харобаҳои бемористон одамонро ҷустуҷӯ доранд. Виталий Кличко, шаҳрдори Киев ба хабаргузории "Ройтерс" гуфт, ҳамла ба бемористони кӯдакона "яке аз бадтарин ҳамлаҳо" дар 28 моҳи ҷанг ба Киев буд. 

Наврасе мошини харобшударо назорат дорад. 

"Мо садоҳо мешунавем, одамон дар зери харобаҳо ҳастанд,"-гуфтааст Виталий Кличко. 
 

Кормандони беморхона дар дохили бино беморонро назорат доранд. 

Зане як навраси захмиро тасаллӣ медиҳад.  

Наҷотдиҳандагон зани захмиро аз зери харобаҳо берун мебароранд. 

Занон кӯдакони беморро дар беруни бемористон нигоҳбин мекунанд. 

Як наҷотдиҳанда дар назди хароба нишастааст. 

Беморхонаи Оҳматдит соли 1984 ифтитоҳ шуда, калонтарин беморхонаи кӯдакона дар Украина мебошад. 

Мушакҳои Русия ба ҷуз бемористони кӯдакона, ба чанд хонаи истиқоматӣ дар Киев бархӯрданд. Чанд хона ва мошин ҳам дар пайи ин ҳамлаҳо хароб шуданд. 
 

Аввалин наҷотдиҳандагон ба маҳаллаи ҳодиса расидаанд. 

Вазорати дифои Русия гуфт, иддаои Киев дар бораи қасдан ҳадаф қарор додани иншооти низомӣ дар ин ҳамла "комилан дуруғ" аст. 
 

Зане дар назди ҷасади хешовандан нишастааст, дар пайи ҳамлаҳои мушакии Русия кушта шуд. 

Аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, артиши Русия борҳо шаҳри Киевро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Охирон бор моҳи июн артиши Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушак ба пойтахти Украина ҳамлаи густурдае анҷом дода буд. 


 

Артиши Русия рӯзи 8-уми июл ба чанд шаҳри Украина даҳҳо мушак партоб кард. Тибқи охирин хабарҳо дар ин ҳамлаҳо 38 кас кушта шуда, чандин хонаҳои сокинон, аз ҷумла калонтарин беморхонаи кӯдаконаи Укрина осеб дид.