Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, музокирот роҷеъ ба роҳҳои хатми низоъи мусаллаҳона дар шарқи Украина бояд баҳси масъалаи сарнавишти давлатдорӣ дар ин минтақаро низ фаро бигирад. Путин дар мусоҳибааш бо Шабакаи аввали телевизиони Русия, ки рӯзи 31 август нашр шуд, гуфт: "Мо ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии мардуме ки дар ин ҷо ба сар мебаранд, ба оғози билофосилаи музокироти фарогир... роҷеъ ба масоили сохтори сиёсии ҷомиа ва давлатдорӣ дар ҷанубшарқи Украина ниёз дорем."
Дмитрий Песков, сухангӯи Путин баъдан шарҳ дод, ки манзури ӯ таъйиди истиқлоли ду вилояти ошӯбзадаи Донетску Луҳанск, ки худро "Новороссия" муаррифӣ мекунанд, нест. Ба гуфтаи Песков, ин минтақа бояд дар ҳайати Украина боқӣ бимонад.
Мақомоти Украина ва кишварҳои ғарбӣ Русияро ба ҳимоят аз ҷудоиталабони рӯ ба Маскав, ки алайҳи нирӯҳои давлатии Украина меҷанганд, айбдор мекунанд.
Табодули асирон байни Украина ва Русия
Матбуоти Русия мегӯяд, ки Украина сарбозони асири нирӯҳои десантии Русияро пас дода, Русия ба навбаи худ 63 сарбози украиниро, ки ҳафтаи гузашта вориди хокаш шуданд, низ раҳо кардааст. Табодули маҳбусон субҳи 31 август сурат гирифтааст.
Генерал Алексей Рагозин, муовини фармондеҳи нирӯҳои десантии Русия гуфт, сарбозони рус дар пайи музокироти “хеле мушкил” ба озодӣ расиданд. Телевизиони русии НТВ хабар дод, ки сарбозони нирӯҳои десантии Русия дар гузаргоҳи марзии Нехотеевка ба мақомоти рус супурда шуда, онҳоро барои табобати тиббиву равонӣ ба Маскав фиристодаанд.
Украина рӯзи 25 август хабар дод, ки 10 сарбози нирӯҳои десантии Русияро асир гирифтааст. Онҳоро баъдан дар як нишасти хабарӣ ҳамчун шаҳодати аз тарафи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина ҷангидани нирӯҳои Маскав намоиш доданд. Русия мегӯяд, сарбозонаш “нодониста” дар як минтақаи аломатгузорӣ нашудаи марз вориди қаламрави Украина шудаанд.
Бино ба хабари дигари марбут ба Украина, президенти Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй рӯзи 31 август дар пайи нишасти сарони 28 кишвари узви ин созмон дар Брюссел гуфт, дар ин нишаст тавофуқ шуда, ки Иттиҳодияи Аврупо то як ҳафтаи дигар тарҳи нави таҳримот алайҳи Русия ба далели дахолатҳояш дар Украинаро омода мекунад.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба хабарнигорон гуфт, агар вазъ дар Украина тағйир накунад ваё гузашта аз он, бадтар шавад, Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳримоти нав ҷорӣ мекунад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин таҳримот кай ҷорӣ хоҳад шуд.
Русия сеюмин шарики тиҷории Иттиҳодияи Аврупо ва бузургтарин таъминкунандаи нафту гази кишварҳои узви он ба шумор меравад.
Амрико аз қарори Иттиҳодияи Аврупо истиқбол кард ва гуфт, ки ин иқдом пуштибонии қавӣ аз истиқлол ва якпорчагии Украинаро намоиш медиҳад. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико Кейтлин Ҳейден гуфт, Амрико бо Иттиҳодияи Аврупо ва шарикони дигараш роҳҳои ба масъулият кашондани Русия барои аъмолаш дар Украинаро баррасӣ мекунад.
Ба ҳисоби СММ, аз оғози даргириҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар вилоятҳои умдатан русзабони Луҳанску Донетск то 2600 нафар кушта шудаанд. НАТО мегӯяд, дастикам 1000 сарбози Русия дар хоки Украина қарор доранд. Маскав инро башиддат рад мекунад.
Вошингтону Брюссел то кунун ҳам алайҳи як идда аз мансабдорон ва ширкатҳои Русия ба далели дахолати Маскав дар бӯҳрони Украина таҳримот ҷорӣ кардаанд. Маскав дар посух воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз кишварҳои ғарбиро маҳдуд кардааст.
Ангела Меркел гуфт, таҳримоти ҷадид ҳамон соҳоти то кунун таҳримшударо дар бар хоҳад гирифт. Таҳримоти қаблӣ аз ҷумла фарогири содироти бархе анвоъи фанновариҳои навин ва таҷҳизоти лозим барои иктишофи конҳои нафт буд.
Қаблан раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар Брюссел гуфт, “таҷовузи низомӣ ва террор”-е, ки кишвари ӯ дар рӯбарӯяш қарор гирифтааст, ба як посухи қавӣ ниёз дорад.
Раисиҷумҳури Литва Далия Грибаускайте гуфт, дахолати Русия дар Украина ба маъноест, ки “Русия амалан вориди ҷанг алайҳи Аврупо шудааст.”
Сарвазири Бритониё Девид Камерон бо интиқод аз Русия гуфт: “Онҳо набояд аз ин роҳ мерафтанд. Мо аз таърихи Аврупо хатари таҳдид ва поймол шудани якпорчагии давлатҳоро медонем ва мо бояд ба Русия паёми ҳаддалимкон равшантар бифиристем.”
Дар айни замон, низомиҳои Украина мегӯянд, ки таҳти фишори ҳамлаҳои ҷавобии ҷудоиталабон маҷбур шудаанд, то нирӯҳои худро аз 3 шаҳри дигар берун бикашанд. Полковник Андрий Лисенко, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина гуфт, нирӯҳои давлатӣ аз ҷумлаи шаҳри Иловайск дар 20-километрии шарқи шаҳри Донетскро баъди чанд рӯзи муҳосира тарк кардаанд. Лисенко афзуд, нирӯҳои давлатӣ ҳамчунин барои ақибнишинӣ аз Новосвитливка ва Хряшувате – ду шаҳри воқеъ дар шоҳроҳи байни Луҳанск ва марзи Русия фармон гирифтаанд. Шаҳрҳои Донетск ва Луҳанск ду шаҳри бузургтарини таҳти назорати ҷудоиталабони рӯ ба Маскав ба шумор мераванд.
Ин дар ҳолест, ки Маскав зоҳиран ба ирсоли корвони дуюми, ба гуфтааш, ёриҳои башарӣ ба шарқи Украина омодагӣ мегирад. Телевизиони давлатии Россия 24 рӯзи 30 август аз марзи Русияву Украина навори мошинҳоеро намоиш дод, ки ба онҳо борҳои расида бо қатори роҳи оҳанро бор мекарданд.
Ин видеоро хабарнигори Озодӣ Андрей Бабитский рӯзи 30 август аз шаҳраки Ясинуватаи вилояти Донетск, ки таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, фиристодааст:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад