Украина чиҳил ҳавопаймои бесарнишини Русияро задааст

Херсон, Украина. Акс аз моҳи июли 2024

Нерӯҳои Украина гуфтанд, ки рӯзи 24-уми октябр 40 ҳавопаймои бесарнишини Русияро дар вилоятҳои Одесса, Миколаев, Днепропетровск, Виннитса, Житомир, Хмелнитский, Киев, Полтава ва Черниҳов сарнагун карданд.

Ба иттилои онҳо, Маскав субҳи панҷшанбе дар умум бо 50 ҳавопаймои бесарнишин 11 минтақаи Украинаро нишон гирифта буд.

Ҳафт ҳавопаймо ба далели мушкили фаннӣ роҳро гум карда, нопадид шудаанд.

Ба гуфтаи низомиёни украинӣ, ду мушаки ҳидоятшаванда ва ду мушаки болдори Русия низ натавонистаанд ба ҳадафҳояшон бирасанд.

То ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ бар асари ин ҳамлаҳо иттилоъ дода нашудааст.