Сафири Украина аз мавқеи дӯстонаи Тоҷикистон ситоиш кард (ВИДЕО)

Аз чап ба рост. Виктор Никитюк.

Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк рӯзи 29 май дар нишасти хабариаш аз шеваи инъикоси масоили кишвараш дар матбуоти Тоҷикистон ва ҳам аз мавқеи, ба гуфтаи ӯ, "бисёр дӯстона"-и ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи бӯҳрони Украина ситоиш кард.
Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон, ки рӯзи 29-уми май дар шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ сухан мекард, аз мавқеи, ба гуфтаи ӯ, "бисёр дӯстона"-и ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи бӯҳрони Украина тавсиф кард.

Виктор Никитюк аз ҷумла гуфт: "Мо мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи кишварамон қадр мекунем. Мо ба изҳороти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро низ, ки рӯзи 8 май дар Маскав дар нишасти ғайрирасмиии сарони 5 кишвари пасошӯравӣ баён дошт, қадр мекунем. Даъвати президент дар мавриди барқарор кардани суббот дар Украина бо роҳи мусуолиҳатомез бисёр дӯстона ва дилсӯзона буд нисбат ба кишвари мо. Ҳамчунин бархӯрди муносиб ва пӯшиши мутавозини ҳаводиси Украина аз сӯи матбуоти Тоҷикистонро бисёр арҷ мегузорем."
Сафири Украина гуфт, ҳукумати ин кишвар нимҷазираи Қримро, ки Маскав моҳи март ба қаламрави худ ҳамроҳ каррд, аз тарафи Русия "тасарруфшуда" медонад ва талош хоҳад кард,ки онро дубора ба қаламраваш баргардонад: «Мавқеи давлати Украина ин аст ки Қрим аз сӯи Русия аннексия шудааст. Мо талош мекунем, ки Қримро боз гардонем. Президенти тозаинтихоби Украина дар муносибатҳояш бо Русия ин масъаларо матраҳ хоҳад кард."

Украина аз узвияти ИДМ даст мекашад

Виктор Никитюк ҳамчунин гуфт, ки мардуми Украина роҳи ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупоро интихоб кард. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки ин кишвар барои аз узвияти Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ хориҷ шудан омодагӣ дорад.

"Дар Украина ҳоло ҳуҷҷатҳо барои хориҷ шудани кишвар аз ИДМ омода шуда ба парлумон фиристода шудаанд. Аммо тасмим ҳамоно аз парлумони Украина аст, ки чӣ тасмим мегирад,» - гуфт Никитюк. Сафири Украина афзуд: «Аммо муносибатҳои Украина бо кишварҳои узви ИДМ вайрон наҳохад шуд ва робитаҳои он бо кишварҳои узви ИДМ хуб боқӣ хоҳанд монд».

Сафири Украина дар Тоҷикистон дар мавриди вуҷуди эҳтимолии ҷангиёни тоҷик дар рӯйдодҳои манотиқи шарқии Украина гуфт, дар ин бора иттиллое надорад.
Виктор Никитюк аз матбуоти Тоҷикистон барои бозтоби беғаразонаи ҳаводиси Украина изҳори миннатдорӣ кард.

Виктор Никитюк вобаста ба интихоботи ахири раиси ҷумҳури ин кишвар, ки рӯзи 25-уми май баргузор шуд гуфт, аз 35 миллион интихобкунанда 60 дарсад дар маъракаи интихобот ширкат кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Виктор Никитюк , сафири Украина дар Тоҷикистон


Сафири Украина дар Тоҷикистон гуфт, ки дар интихоботи раиси ҷумҳури Украина 2784 нозири байналмилалӣ рафти интихоботро назорат кардаанд, ки аз он 2482 нафар аз созмонҳои байналмилалӣ ва 302 нафари дигар аз 19 кишвари хориҷӣ будаанд. «Нозирон изҳор доштанд, ки интихоботи президентии Украина дар фазои озод, демократӣ ва арҷгузорӣ ба қавонини ин кишвар баргузор шуд,» - таъкид кард Виктор Никитюк.

Дар ду моҳи ахир Коммиссияи марказии интихоботи Украина 47 арзу шикоят ба додситони кулл пешниҳод кардааст, ки дар муқоиса бо 839 шикояти расида дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2010-и Украина 20 маротиба камтар аст.

Виктор Никитюк гуфт, алакай қабл аз раъйдиҳӣ чандин назарсанҷӣ пешбинӣ мекард, ки беш аз 54 дарсади раъйро дар интихобот Петр Порошенко, соҳибкори украинӣ ба даст меорад ва дар ҷои дувум бо 13 дарсади раъйи мардум Юлия Тимошенко, сарвазири собиқи ин кишвар қарор мегирад. Сафири Украина гуфт, натоиҷи муқаддамотии интихоботи Украина тақрибан айни ҳамин натиҷаҳоро додааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР ХОҲАД ШУД.