Талоши қудратҳои ҷаҳон барои ҳифзи созиши ҳастаӣ бо Эрон

Раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер

Камтар аз як ҳафта то мӯҳлати таъйиншуда аз сӯи раиси ҷумҳури Амрико барои "ислоҳ ё тарк"-и созиши ҳастаӣ бо Эрон, мақомҳои баландпояи Олмон ва Бритониё талошҳои худро барои ҳифзи ин тавофуқ, бештар кардаанд.

Сафири Бритониё дар СММ рӯзи якшанбеи 6-уми май гуфтааст, аз нигоҳи Лондон ҳанӯз ин имкон вуҷуд дорад, ки бо бартараф кардани нигарониҳои Доналд Трамп дар бораи созиши ҳастаӣ, раиси ҷумҳури Амрикоро ба ҳифзи ин созиш қонеъ кард. Сафири Бритониё ба шабакаи хабарии CBS гуфтааст, "мо фикр мекунем, ки мешавад корҳоеро анҷом дод, ки ба таври умум, нигарониҳои раиси ҷумҳури Амрико бартараф шаванд."

Рӯзи 6-уми май Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба хуруҷи эҳтимолии Амрико аз ин созиш гуфт, ки кишвараш барои ҳама иқдомоти Доналд Трамп барнома дорад.

Доналд Трамп ҳамеша аз мухолифони тавофуқи ҳастаӣ буд ва аз музокираҳои баргузоршуда дар замони раҳбарии Барак Обама интиқод кардааст. Ҳукумати Барак Обама тавофуқи ҳастаиро "созиши таърихӣ" номид, ки монеи дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ шудааст. Аммо раиси ҷумҳури феълии Амрико то 12-уми май мӯҳлат додааст, то муттаҳидони аврупоиаш дар ин созиш ислоҳоте ворид кунанд ва дар ғайри он кишвараш аз ин созиш берун хоҳад шуд.

Доналд Трамп чаҳор шарт барои идомаи ҳамроҳии Амрико бо ин созишнома таъйин кардааст, ки иборатанд аз "дастрасии фаврӣ"-и бозрасони байналмилалӣ ба ҳама маконҳо ва пойгоҳҳои ҳастаии Эрон, доимӣ шудани маҳдудиятҳо барои барномаи ҳастаии Эрон, замонати дигар наздик нашудани Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ ва маҳдуд кардани барномаи мушакҳои дурпарвози Эрон.

Бритониё, Олмон, Фаронса, Иттиҳодияи Аврупо, Чин ва Русия -- тарафҳои дигари музокирот бо Эрон, хостори ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ ҳастанд. Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё аз ҷумлаи мақомҳои баландопяи аврупоӣ аст, ки ба ҳифзи ин тавофуқ таъкид кардааст. Ӯ ки ба Амрико сафар кардааст, қарор аст бо оқои Трамп мулоқот кунад.

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё рӯзи якшанбеи 6-уми май гуфтаааст, "Бритониё, Амрико ва дигар шарикони аврупоиашон хостори муқобила бо он рафторҳое Эрон ҳастанд, ки амнияти Ховари Миёнаро ба ҳам задааст, мисли пуштибонӣ аз гурӯҳҳое мисли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва барномаи хатарноки мушакӣ, ки Ҳусиҳоро дар Яман низ мусаллаҳ мекунад."

Ӯ айни ҳол дар мақолае дар рӯзномаи Ню-Йорк Таймз навиштааст, тавофуқи атомӣ, "заъфҳое дорад, вале ман бовар дорам, ки ин заъфҳоро мешавад бартараф кард". Вазири умури хориҷии Бритониё мегӯяд, "гузинаҳои дигаре ба ҷуз созиши феълӣ, гузинаҳои бадтаре ҳастанд."

Франк-Валтер Штайнмайер, раиси ҷумҳури Олмон.

Раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар мусоҳибае бо расонаҳои он кишвар дар маврид паёмадҳои ҷиддии тарки созиши ҳастаӣ бо Эрон, ҳушдор додааст. Раиси ҷумҳури Олмон суханони Ҷон Керри, вазири хориҷаи пешини Амрикоро нақл кардааст, ки дар вақти имзои тавофуқи атомӣ гуфта буд, "ҷилави як ҷанг гирифта шуд."

Раиси ҷумҳури Олмон мегӯяд, "ин нақли қавли муҳиме аст, бояд мутаваҷҷеҳи ин масъала буд, ки агар тавофуқ аз байн бурда шавад, Ховари Миёна ба сӯи мусаллаҳ шудан пеш меравад. Ҳар ҳодисае мумкин аст рух диҳад."

Рӯзи якшанбе Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба хуруҷи эҳтимолии Амрико аз ин созиш гуфт, ки кишвараш барои ҳама иқдомоти Доналд Трамп барнома дорад. Илова бар Трамп, ҳукумати Исроил низ аз мухолифони ин созиш ҳаст. Арабистони Саудӣ низ хостори ислоҳи он шудаанд.