"Қарор дар маҷмуъ қабул шуд, аммо 9 нафар муқобил овоз доданд. Ман пурсидам, кӣ сухан дорад, ҳеч кас чизе нагуфт. Ё система вайрон аст?"
Ду вакил муваззаф шуд, ки дар вақти овоздиҳӣ дасти бардоштаи тарафдоронро шуморад.
Дар ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 16-уми феврал ғайричашмдошт низоми овоздиҳии электронӣ аз кор монд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ хоҳиш кард, то овоздиҳӣ бори дувум сурат гирад ва ин дафъа дар монитор якбора 31 ҷавоби мусбат пайдо шуд.
"Ё ҳама сад дар сад овоз дод, ё система овоз дод", - пурсид ӯ. Аз толор ҷавоб доданд, ки "система овоз дод".
Навори видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Система ба ҷойи вакилони палатаи болоии порлумон овоз медод ва қарору қонунҳо қабул мешуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ муҳандисони системаи раъйдиҳиро даъват намуд, то камбудро ислоҳ намоянд. Вале система ислоҳ нашуд.
Ба гуфти Убайдуллоев, пеш аз зер кардани тугмача дар тоблу раъйи мусбат нишон дода мешуд. "Дидед домулло кампютерчик, сарфаҳм рафта истодаед-мӣ? Система кор накарда истодааст. Ҳоло одамон овоз надода, ҷамъ 31 нафар дар монитор баромада истодааст", - такрор мекард Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Баъди онки дубора камбуди техникӣ ислоҳ нашуд, бо пешниҳоди раиси Маҷлиси Миллӣ вакилон тариқи дастбардорӣ аз тасвиби қарору қонунҳо ҷонибдорӣ карданд. Ҳамин тавр, ду вакил муваззаф шуд дар вақти овоздиҳӣ дасти бардоштаи тарафдоронро шуморанд.
Дастҳо боло, қарор қабул гардид.