Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар суҳбати 12 ноябраш бо Евгений Бушмин --муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия, ки дар раъси як ҳайат ба Душанбе омадааст, қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро баррасӣ кардааст. Оқои Убайдуллоев аз мақомоти Русия талаб намуда, ки ин қазияро дар чаҳорчӯби қонунҳои ҷориии Русия ва "эҳтиром ба арзишҳои волои умумиинсонӣ воқеъбинона баррасӣ кунанд".
Дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ мегӯяд, мулоқот бо ҳайати Русия дар баробари қазияи Умаралӣ Назаров ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ баррасӣ шудааст.
Талаби раиси Маҷлиси Миллӣ дар ҳолест, ки қаблан раисиҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров низ дар бораи ин қазия изҳори назар карда, баррасии мунсифонаи қазияро хоста буданд. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, ки ду ҳафтаи пеш барои иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе омада буд, дар суҳбат бо оқои Раҳмон ваъда дод, ки тафтиши қазияи марги Умаралӣ зери назари ӯст ва бовар дорад, мунсифона сурат хоҳад гирифт.
Бо ин ҳол, як пурсиши сарироҳии хабарнигори "Настоящее Время" дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки бисёриҳо ба эҳтимоли муҷозоти афсарони пулис ва ФМС барои марги Умаралӣ Назаров бовар надоранд. Ба ақидаи бисёриҳо, ғолибан боз падару модари ин кӯдакро гунаҳкор хоҳанд кард. Назари мардумро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Умаралӣ Назаров тифли панҷмоҳаи тоҷик шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ, баъди боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи маъмурони пулис ва хадамоти федеролии Русия барои нақзи қоидаҳои будубош дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузаштааст. То он вақт чанд соат кӯдакро дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтейск нигоҳ дошта буданд.
Наздикони Умаралӣ Назаров дар марги ин тифли панҷмоҳа асосан маъмурони пулиси Адмералтийскро муттаҳам медонанд, ки ӯро аз модараш ҷудо кардаанд. Аммо маъмурони пулис бо нашри видеои дурбини назоратии дохили идораашон гуфтанд, онҳо баъди ҷудо кардани кӯдак аз модараш аз ӯ ба хубӣ муроқибат кардаанд ва ин иддао асос надорад. Дар видеои нашркардаи онҳо низ дида мешавад, ки як зани пулис дар дасташ кӯдакеро нигоҳ медорад ва ҳангоми гиря карданаш ба ӯ аз шиша шир медиҳад. Вале дурустии ин видео таъйид нашудааст.
Илова бар ин, бар асоси натиҷаи ташхисе, ки ҷониби тафтишот гузарондааст ва ҳафтуми ноябр эълон шуд, Умаралӣ Назаров гӯё аз бемории сармохӯрдагӣ даргузаштааст. Санҷиши тиббӣ-додгоҳии ҷасади Умаралӣ 16 рӯз давом кардааст.
Рӯзи 12 нобяр додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург қарори додгоҳи ноҳияи Октябрро дар бора ихроҷ ё депортатсияи Зарина Юнусова бе тағйир гузошт. Додгоҳи ноҳияи Октябр шаби 13 октябри соли ҷорӣ Юнусоваро барои нақзи қоидаҳои будубош муттаҳам карда, қарри ихроҷашро содир намуд. Ӯ инчунин ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима муваззаф шудааст.
Додгоҳи шҳари Санкт-Петербург мегӯяд, модари Умаралӣ ҳамагӣ панҷ рӯз муҳлат дорад, ки аз қаламрави Русия берун биравад. Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия Михаил Федотов изҳор дошт, ки додгоҳ бояд тасмими депорти Зарина Юнусоваро бетағйир монда, аммо мӯҳлати ихроҷро ба замоне мегузошт, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии фавти Умаралӣ Назаров ба поён расад.
"Нахуст бояд мушаххас кард, зеро таҳқиқи сабабҳои марг ва ёфтани нафарони айбдор дар ин қазия замоне соддатар аст, ки ҷабрдида ҳамин ҷо қарор дошта бошаду ӯро ҳар лаҳза бозпурсӣ кардан мумкин бошад," --изҳор дошт Федотов дар пахши зиндаи барномаи радиои «Эхо Москви» шоми 12 ноябр.
Марги Умаралӣ Назаров тайи як моҳ боз сарусадои зиёдеро дар ҷомеаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ва берун аз он ба по кард. Бисёриҳо амалкарди пулиси Санкт-Петербургро барои ҷудо кардани кӯдаки панҷмоҳа аз модараш шадидан интиқод карда, бархе ҳам онро на “беэҳтиётӣ”, балки “ҷиноят” номиданд. Рӯзи 11 ноябр Павел Астахов, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русия низ аз ҷараёни тафтиши қазияи Умаралӣ Назаров норизоятӣ кард ва талаб намуд, ки тафтишот аз сари нав гузаронда шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад