Пас аз як баҳс бо имомхатиби масҷиди деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ, ду тан аз сокинони ин минтақа бо гумони пайравӣ ба равияи Салафия боздошт шудаанд.
Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шарофов, сокинони деҳаи Гулисойи ҷамоати Абди Авазови ноҳияи Восеъ, ду ҳафта пеш дар пайи он ки бо имомхатиби масҷид сари тарзи намозгузорӣ баҳс карданд, бегоҳи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб боздошт шудаанд.
Мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Озодӣ боздошти ин ду нафарро бо гумони узвият дар равияи Салафия ва ҳам баҳси онҳо бо имомхатибро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, то поёни таҳқиқ ҷузъиёти қазияро ошкор намекунанд.
Маъмурон ба наздикони ин ду боздоштшуда низ гуфтаанд, ки Шералӣ ва Ҷӯрахон дар тарғиби ақоиди Салафия, як равияи мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон, дар миёни омма гумонбар дониста мешаванд.
Ҷонибек Холов, бародари Шералӣ Холов рӯзи 13-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баҳси бародараш бо имомхатиб, ки аз хешони наздики онҳо низ будааст, як баҳси маъмулӣ буд, аммо ғайринтизор бо боздошти бародараш анҷом ёфт. Ӯ гуфт, «баъди намоз бародарам дар чанд масъалаи оддӣ бо имомхатиб, ки тағоям мешавад, баҳс кард. Имомхатиб тағои мост, ҳар чӣ гӯяд, ҳақ дорад. Баъди ин касе хабар додааст ва омада, бародарамро бурданд. Хонаашро низ бе ягон асос ду бор кофтанд, вале ҳеҷ чиз наёфтанд. Бовар кунед, ин ҳама дар ҳаққи бародарам тӯҳмат аст ва касе қасд дошт ва қасос гирифтан хост. Ҳоло нисбат ба ӯ ҳеҷ факту далел надоранд. Мо 15 рӯз шуд, меравем, меоем, вале бароямон нишонаш ҳам намедиҳанд.»
Бисёре аз ҳамсояҳои Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шарофов ҳам мегӯянд, ба пайрави Салафия ё дигар равияҳои тундрав будани ин ду ҳамгузарашон бовар надоранд. Султонмурод Мирзоев, вакили деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ мегӯяд, пас аз боздошти он ду тан кормандони милиса аз Султонмурод хостаанд, то дар робита ба ҳодиса баёнот диҳад, аммо ӯ аз ин кор худдорӣ кардааст.
Ӯ гуфт, «Гуфтам, ки он рӯз дар баҳси ӯ бо имомхатиб иштирок надоштам ва бинобар ин чизе гуфта наметавонам. Аммо гуфтам, ки ӯ як марди оромтабиат буд ва ҳеҷ нишонаҳои ифротгароӣ дар ӯ дида намешуд. Ҳатто ба қарибӣ ду писарашро ба хизмати Модар- Ватан равон кард. Ӯ агар ягон андешаи дигар медошт, намегузошт, ки писаронаш ба хидмати артиш раванд.»
Дар ҳамин ҳол Саидмуртазо Раҷабов, имомхатиби масҷиди деҳаи Гулисой мегӯяд, ҳама аз ӯ гумонбаранд, ки ин ду нафарро ӯ ба мақомот «фурӯхтааст». Ӯ мегӯяд, агар ин ду нафар воқеан зидди сиёсат ва ё мазҳаби имоми Аъзам ҳарф мезаданд, худи ӯ ба мақомот хабар медод, вале баҳси онҳо ҷиддӣ набуд. Раҷабов мегӯяд, танҳо хоҳарзодааш Холов ҳангоми «Ат-Таҳиёт» ё дуои ташаҳҳуд ангушташро боло мекард, ки пас аз яке намозҳо атрофи ин баҳси хурде рух дод, "лекин ин баҳс зидди мазҳаб ва сиёсат набуд. Агар касе нисбат ба мазҳаб ё Ҷаноби олӣ ягон гап мегӯяд, ман худам ҳатман ба мақомот хабар медиҳам, аммо ин ду нафар чунин гап назада буданд. Агар гап мезаданду ман хабар намедодам, нони ҳукумат кӯрам мекард. Фикр мекунам, ки кадом бадхоҳе ин корро кардааст ва ин ду нафар гуноҳ надоранд.»
Ҳоло имомхатиби деҳаи Гулисой мегӯяд, аз мақомот хоҳиш дорад, то афроде, ки баҳси онҳоро ба мақомот хабар додаст, ба мардум ошкор кунанд, вагарна аксарият аз имомхатиб гумонбар буда, ӯро барои «ба мақомот додани ду нафари бегуноҳ» чашми дидан надоранд. Чанде аз сокинони деҳа гуфтанд, ҳеч кадоми онҳо ҳозир нашудааст, гувоҳӣ диҳад, ки боздоштшудагон пайрави салафиянд.
Боздошти ин ду сокини ноҳияи Восеъ, пас аз баҳс бо имомхатиб дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш низ Шариф Миров, капитани милиса ва корманди шӯъбаи корҳои дохилии истгоҳи роҳи оҳани Айнӣ дар канори Душанберо бо гумони таблиғи ақидаҳои салафӣ аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт карда буданд.
Салафия як ҷараёни мазҳабии нав дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш бо шеваи намозгузорӣ, яъне рафъи ядайну бо садои баланд омин гуфтан бо пайравони чор мазҳаби Ислом, аз ҷумла ҳанафиҳо ихтилофи назар доранд. Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс сар карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости додситони кул дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ фаъолияти салафиҳоро мамнӯъ эълон кард.