Мақомот мегӯянд, яке аз ду қаторе, ки шомгоҳи шанбе дар шимоли Тоҷикистон ба садама дучор шуданд, ба Узбакистон тааллуқ доштааст.
Саидамин Исомаддинов, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, қаторе, ки бегоҳи рӯзи 30 апрел дар роҳи оҳани ҳудуди ин ноҳия қаторакаш (тепловозаш) вайрон шуда бозистодааст, аз Тоҷикистон буда ва қаторае, ки баъди тахминан баъди 15 дақиқа аз пас, аз самти Спитамен расида ба он бархӯрд, ба Узбакистон тааллуқ дорад. Ба гуфтаи вай, қатораи Узбакистон ангишт ва тахта мебурд. Дар ин садама касе зарари ҷисмонӣ набардоштааст.
Тоҷикистон дар ҳудуди худ, аз Спитамен то Конибодом ва баръакс қатораҳои Узбакистон ва кишварҳои дигарро бо қаторакаш (тепловоз) – ҳои худ то сарҳад мебарад. Яке аз фарзияҳои дар байни роҳ бозистодани қатори аввал, вайрон шудани қаторакаш гуфта мешавад, вале то ҳол аз ҷониби мақомот расман тасдиқ ё радд нашудааст.
Дар ҳамин ҳол навбатдори идораи роҳи оҳани Хуҷанд дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, он қисмати роҳи оҳан, ки дар садама хароб гашта буд, пурра барқарор шуда, қатораҳо тибқи нақша ҳаракат доранд. Ин манбаъ афзуд, соати 17 қатори мусофирбари Конибодом – Душанбе роҳ сӯи пойтахт пеш гирифт.
Дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ду қатори боркаш ба ҳам бархӯрдаанд ва дар натиҷа чандин вагон чаппа шудаанд. Садама ба гуфтаи шоҳидон, бегоҳи 30 апрел, соатҳои 17 рӯй додааст. Як қатор, ки аз ҷониби Спитамен ба сӯи Хуҷанд мерафт, дар байни роҳ, дар тахминан 25-километрии Хуҷанд, дар ҷудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов вайрон шуда дар роҳ дармондааст.
Баъд аз 15 дақика қатори дигар боз хам аз сӯи Спитамен ба роҳ баромада, ба қатори аввали дар рох монда бархӯрдааст. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ронанда эҳтимол маҷрӯҳ гашта бошад, вале зинда аст.
Соати 20. 30, ки ба ҷои ҳодиса рафтам, онҷо ду вагон ҳанӯз бероҳа буду тепловози садамадида дар роҳ буд. Даҳҳо коргарон вагонро бо кран канор кашида, роҳи харобгаштаро таъҷилан дуруст мекарданд.
Оё ин қаторхо аз куҷо меомаданд, ба эҳтимоли зиёд, аз Русия, чунки яке пури тахта буд ва канори роҳ ангишти вагонҳо холӣ шуда буд. Кормандони пулису амният ҳам онҷо ба чашм мерасиданд ва таҳқиқ мекарданд.
Шоми 30 апрел як намояндаи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса шоми 30 апрел дар тақрибан 25-километрии маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, яке аз қаторҳо, ки ангишт мекашонд, дар роҳ хароб шуда, ҳаракаташро идома дода натавонистаанд. Дар ҳамин ҳол, қатори дувум, бехабар аз дармондани қатори аввал ба ин минтақа мерасад ва дар натиҷаи бархӯрд чанд вагони қатори аввал, ки ҳама пур аз ангишт будаанд, чаппа шудаанд.
Қаблан як сокини Хуҷанд, ки шоми 30 апрел иттифоқан дар як мошин аз ноҳияи Ҷаббор Расулов мегузашт, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ӯву мусофирони дигар дар тақрибан 100-метрии пули роҳи оҳани ин ноҳия чандин вагони чаппашуда ва таҷаммӯъи маъмурони милиса дар ин маҳалро ба чашми худ дидаанд. Ин шоҳид ҳам гуфт, зоҳиран вагонҳои боркаш чаппа шудаанд.
Ин нахустин мавриди тасодуми қаторҳо дар минтақа нест. Субҳи 10 октябри соли 2013 қатори Душанбе-Конибодом бо 267 сарнишин, ки ҳудуди 200 нафараш наваскарон буданд, дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Узбакистон дучори садама шуд. Бар асари ин садама 8 вагони ин қатор тахриб шуда, ҳудуди 45 мусофир, аз ҷумла 33 наваскари вазорати дифоъи Тоҷикистон маҷрӯҳ шуданд. Аксари мусофирон наваскароне будаанд, ки барои адои хидмат ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд эъзом мешуданд.